• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Аз шинохти худ то худшиносии миллӣ

Пеш аз он ки инсон ба худшиносии миллӣ бирасад, бояд сараввал худро шиносад ва ҳадафи ба дунё омаданашро бидонад. Шинохти шахс дар олам танҳо ба воситаи аз худ намудани илму дониш муяссар мегардад ва инсон ба ин восита дар ҷомеа мавқеи шоиста касб карда метавонад. Пеш аз ҳама, бояд худро шинохт ва сипас шинохти олами иҳотакарда барои мо осон мегардад. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ доир ба худшиносӣ гуфта буд: «Худшиносӣ роҳи асосии ба маънавият расидани инсон ва ҷомеа мебошад».

Инсон танҳо ба воситаи омӯзиши илм ба худшиносӣ расида метавонад. Омӯзиш инсонро ба он водор месозад, ки аз таърихи тамаддуни ниёгони худ воқиф гардида, пояи маънавияти худро мустаҳкам гардонад. Карл Маркс доир ба худшиносӣ чунин менависад: «Худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист». Инсон дар оғоз, аз замони чашм ба олам кушоданаш ҳама ашёи дар табиат ва атроф бударо дар як сатҳ мебинад ва доир ба олами кабир, ки дар он маънавият нуҳуфтааст, тасаввуроте надорад, зеро худ дар олами сағир қарор дорад. Бо гузашти замон ва тарбияю омӯзиши пай дар пай ба илм мароқ зоҳир намуда, ба олами маънавият мепайвандад ва оламро бо чашми заррабин наззора мекунад. Барои расидан ба худшиносӣ дар бештар маврид заминаҳои асосӣ бояд мавҷуд бошанд, то ки ҷавонон битавонанд худшиносу худогоҳ бошанд. Барои расидан ба худшиносӣ таҳрики волидайн ҳамчун қувваи дуюмдараҷа лозим аст. Тарбияи фарогир, одобу ахлоқи ҳамида, рафтори хуби инсонӣ аз волидайн ба мерос гирифта заминаҳои хубе барои расидан ба худшиносӣ аст. Оне, ки худро шинохтааст, инсони комил аст. Инсон, пеш аз ҳама, дар ҷомеа ба воситаи дониш мавқеи шоиста касб мекунад. Ҳар инсон ҳадафи омадани худро ба олам бояд бидонад ва аз худ номи нек ба ёдгор гузошта, ҳамчун як узви ҷомеа ба халқу миллати худ нафъ расонда тавонад. Омӯзиши илм, варақгардон кардани саҳифаҳои таърих, пос доштани арзишҳои илмию фарҳангии гузаштагон барои расидан ба худшиносӣ заминаи боэътимод шуда метавонанд. Баҳраманд гардидан аз умри гузарон ва олами пурҳаводис дар як байти устод Рӯдакӣ хеле барҷаста тавзеҳ гардидааст:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Аз умри гузарон ва олами пурҳаводис инсони бедордил чизе омӯхта метавонад, агар чашми заррабину гӯши ҳикматшунав дошта бошад ва агар не, ҳатто аз омӯзгор чизе бардошт карда наметавонад. Дарвоқеъ, вақте ки инсон ба худшиносӣ мерасад, заминаи хубе муҳайё мегардад барои расидан ба худшиносии миллӣ. Дар зери мафҳуми худшиносии миллӣ мафҳумҳои забон, асолати миллӣ, фарҳанги ниёгон ва миллат дар назар дошта мешаванд. Ин вожаҳои калидӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи равшанфикрон қарор мегиранд. Зиёиён ҳамчун инсонҳои солимфикр роҳҳои рушду тараққиёти илму техника ва омӯзиши пайвастаро дар байни насли нав ҳамеша таблиғ менамоянд ва худ дар саргаҳи асосии омӯзиш ва амал намудан қарор мегиранд. Худшиносии миллӣ қаблан асосан дар шаҳрҳо реша давонида, рушд мекард ва решаҳои он ба музофотҳои дурдаст мерасиданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ савияи дониш ва худшиносии маънавӣ ва миллии мо, тоҷикон, хеле боло рафт. Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бо такя ба зиёиёни кишвар дубора ба фарҳанги пурғановати гузаштагон рӯй оварда, заминаҳои худшиносии миллиро аз худшиносии маънавии насли ҷавони мамлакат дониста, пайваста эшонро барои омӯзиши илмҳои дархӯри замон таблиғ менамоянд ва барои мукаммал гардидани худшиносии миллии ҷавонон чораю тадбирҳои судман меандешанд.

Маъдӣ Абдураҳмонов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj