• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Зинда бош, эй Ватан!

Давлатдории тоҷикон аз давраҳои хеле қадим оғоз ёфта, дар давраи Исмоили Сомонӣ ташаккул ёфтааст. Исмоили Сомонӣ давлати мустақили тоҷиконро ташкил дода буд, ки девони вазирони худро дошт. Баъдан давлати тоҷикон чандин бор рӯ ба таназзул ниҳод ва фақат дар солҳои 20-уми асри ХХ Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ташкил шуд. Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то ҷое тараққӣ кард. Иқтисодиёт, саноат, хоҷагии халқ пеш рафт. Маданият, саноат, некуаҳволии халқ беҳбуд ёфт. Илму техника пеш рафт, бисёр заводу фабрикаҳо, шаҳрҳо, иншооти бузург сохта шуданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба кашокашҳои дохилӣ дучор шуд. Душманони дохилию хориҷӣ Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркушӣ кашиданд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ, маҳалгароӣ, ғорату куштор сар шуд. Мардуми зиёд барои ҷон ба саломат бурдан ба давлатҳои дуру наздик фирор карданд. Соли 1992 (моҳи ноябр) Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид. Дар ин Иҷлосия роҳбарии давлат ба уҳдаи Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Ин абармарди миллат барои пойдор намудани сулҳ ва ба Ватан баргардонидани фирориён корҳои зиёдеро анҷом дод. 27-уми июни 1997 Созишномаи умумии Сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Дар Тоҷикистон пешравиҳо оғоз ёфтанд. Халқ дар гирди Роҳбари маҳбуби худ муттаҳид шуда, ба бунёди давлати соҳибистиқлоли комил шурӯъ кард.

Чун ҷамъ шаванд панҷ ангушт,

Гарданд ба фарқи душманон мушт.

Гар ангуште ҷудо бимонад,

Ҳар тифл шикастанаш тавонад.

Тоҷикистон бо аксар кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ташкил кард. Зиёда аз 50 давлати ҷаҳон сафоратхонаҳои худро дар Тоҷикистон кушоданд. Муносибатҳои тиҷоратӣ пеш рафт, илму техника тараққӣ кард.

Тоҷикистони азизи моро ҳоло ояндаи дурахшон дар пеш аст. Мо, ҷавонон, орзуи онро дорем, ки дар Ватани мо доимо сулҳ бошад ва мо фазои софу беғубор нафас кашему фаъолият намоем. Вазифаи мо, ҷавонон, пос доштани муқаддасоти миллат ва Ваҳдати халқамон мебошад. Мо тарафдори сулҳем. Тоҷикистони азизро ҳамеша шукуфон дидан мехоҳем.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

 

Ҳангома Соҳибқадамова

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru