• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Осудагии ватан осудагии мост

Ватан барои соҳибватан азиз, дар дилу дида ҷову зебою бузург ва якто мебошад. Ватан замини зархез, боду ҳавои рӯҳнавоз, обҳои софу зулол ва кӯҳҳои сарбафалаккашида дорад, ки ин ҳама ганҷинаи ифтихорианд. Ватан ба мо болу пари маънавӣ мебахшад, то дар самояш озодона болу пар зада, барои шукуфоии он саҳми арзанда гузорем. Раҳгумзадагоне, ки амалашон зидди Ватану миллат аст, ҳеҷ гоҳ ба ҷое намерасанд ва сияҳном мемонанд.

Бояд мо дар роҳи рост бошем, ростқавливу ростандешӣ нишонаи ватандӯстии мост. Ҳар шахс вазифадор аст, ки барои ватану миллати хеш садоқатмандона хизмат намояд. Мо вазифадорем, ки пояи давлати навбунёди худро устувор сохта, барои сулҳу субот ва оромии Ватан бикӯшем. Чун модаре, ки тифли хешро бо меҳру муҳаббат ба воя мерасонад, Ватан инсонро дар оғӯшаш мепарварад.

Ватан вожаи зебо ва хуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меоянд. Педагоги машҳур В. А. Сухомлинский мазмуну мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои инсон, маънои зиндагӣ, меҳнат, қарз, оила, забони модарӣ, муҳити табиат, садоқат алоқаманд мекунад.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангинамон оғӯш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели ин гуфтаҳоянд. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Оромию шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда бошад, дар сартосари он сулҳу субот ҳукмрон мешавад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Ватан, бар ман азизӣ ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.

Муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ватандӯстӣ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори ғояи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт.

Абдулҳафиз Расулов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj