• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА ОЗОДИҲОИ ДИННӢ

Барои мо тоҷикон дар замоне, ки кишварро бесарусомониҳои зиёде фаро гирифта буд,соҳибистиқлол шудану роҳбари хирадмандро интихоб кардан бузургтарин неъмат буд. Ҳеҷ неъмате, ҳеҷ арзише дар зиндагии инсон бидуни ҳикмат ва заҳмате муяссар нахоҳад шуд.

Соҳибизтиёрии зери таъсири равандҳои ҷаҳонӣ насибгардида, ки ба андешаи иддае осон ба даст омадааст, дар асл имтиҳонҳои вазнини сохтани низоми иқтисодӣ, бунёди шакли идораи давлатӣ, таъмини амнияти ҷамъиятию давлатӣ ва ҳифзи истиқлолиятро ҳамчун масъалаи муҳими бақо ва фано вазифагузори карда буд. Ҳали чунин вазифаҳои мабдавии ҳастии давлат бидуни роҳбари хирадманд, дурандеш ва адолатпарвару тавоно ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номумкин буд.

Мутаасифона, новобаса аз он, ки кишвари мо чун давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бо роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба сӯи оянда қадам мезанад, ҳанӯз ҳам ҳастанд афроде, ки ояндаи икшвари азизу маҳбубамонро, ки ном Тоҷикистон асту хонаи умед ва орзуҳои мо миллати тоҷик мебошад, бо дилу нияти нопок назар менамоянду дар ҳаққи чунин хирадмандон суханҳои нопок мезананд.

Дар ин дунё ҳар кас бо ҳар роҳ машҳур мегардаду нақше аз худ барои фардоён ба ёдгор мегузорад. Шахсоне, ки дар ҳаққи давлату миллат ҳар гуна суханҳои дуруғ мебофанду бо ин амалии худ миёни мардум фитна меандозанд, яке аз ҳамон ношукрон ва хоинони миллат маҳсуб меёбанд.Ва дар хусуси муносибат ба дин бошад, ҳаминро таъкид бояд кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон озодии виҷдон ба таври воқеъӣ вуҷуд дорад,диндорон соҳиби ҳама ҳуқуқу озодиҳоянд. Ин ба моҳияти давлатдории дунявӣ мувофиқ аст.

Фаромуш набояд кард, ки халқи Тоҷик ҳанӯз аз рузҳои аввали соҳибихтиёрӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба сӯи ояндаи дурахшон бо ҳазорон ниятҳои неку созгор роҳи тараққиётро интихоб карда сарфи назар аз ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолат аз берун бо ин роҳ утуворона ба ҷониби қуллаи мувваффақиятҳо равона аст.

Шукргузориву меҳрубонӣ ба ҳамдигар аз ҷумлаи хислатҳои наҷиби миллатит мо тоҷикон аст. Дар партави хирадмндонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гирифтани дасти бечораву дармондагон, ба андозаи имкон расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбону ятимон, пиронсолону барҷомондагон ва умуман онҳое, ки муҳтоҷи дастгирӣ мебошанд аз тарафи шахсоне, ки имконияти ёрӣ расониданро доранд, ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ибораи дигар, ин ҳама тадбиқи воқеъӣ ва амалии яке аз фармудаҳои бунёдии дини мубии Ислом, яънем “муъмин бародари муъмин” мебошад.

Новобаста аз ин гуфтаҳоиболо зикргардида хоинони миллати тоҷик бо ҳар гуна роҳ ва суханҳою мақолаҳои бофташудаи пур аз фитнаю танқиду дуруғини худ дар ҳаққи ин шахсияти бузург, ки шодии модарону падарон, хоҳарону бародарон, пиру ҷавон ва хурсандии кудакону наврасонро орзумад аст ва дар ҳар як вохурӣ, баромад ва сафарҳои худ ба дилхоҳ мавзеҳои кишвар доимо аз осӯдагию ободӣ, пешрафту тараққиёт ва сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози андеша менамояд, танқид менамоянд.

Фасодтарин ашхос ин хоинони миллат ба ҳисоб мераванд, худи онҳо шайтонанд, ки доимо кушиш менамоянд роҳи пешрафти миллатро таъғир диҳанд.

Яқин аст,ки  кӯшишҳои таъғир додани роҳи пешрафти халқ хавфи аз нав хестани ҷангҳои харобиоварро ба миён меорад.

Ин хоинони ватанфуруш ва зархариду фитнаангези пайдошуда аз ҳеҷ чиз сабақ намегиранд, на аз ҷангҳои харобиовар ва на аз кушта шудани кудакону наврасон, душмании бародарон ва нолаҳои нобаҳангоми модарон, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Доимо амали онҳо танҳо ба як самт, самти иғвоангезӣ, ба по хезондану ба сӯи ҷаҳолат равона сохтани мардуми бечораю бегуноҳ асту халос.

Ҳазорон корвон рафтанду дав-дав,

Ҳанӯз ин сагҳо доранд ав-ав.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj