• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ҷавоб ба тарғиботҳои ғаразноку зиддидинии хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар дар мавзўи «Тарвиҷи фасод ва рақсу шаҳватронӣ, давоми муборизоти режими раҳмон бар зидди ислом»

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои муаззами мо, Президенти муҳтарами мо, наҷотдиҳандаи давлату миллати мо, пуштибони дину мазҳаби мо аз ҷониби тамоми мусулмонони дунё ва мардуми араб ба ҳайси беҳтарин ва ҷасуртарин пуштибони дини мубини Ислом эътироф гардидаву эҳтиром мешавад. Дар арсаи байналмилалӣ ва аз минбари баланди СММ аввалин шуда бо ҷасорату далелҳои раднашаванда дини мубини Исломро аз терроризму экстремизм ҷудо

буданашро ба ҷаҳониён иброз намуд. Дар ҳоле, ки кули сокинони Сайёра терроризму экстремизмро ба дини мо рабт медиҳанд, Ў бо ғаюрӣ иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон рабт надорад ва аз дину мазҳаби мо ҳимоят карданд. Бо ташаббуси Ў Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва хатти криллӣ баргардонида шуда, дастраси сокинони кишвар карда шуд, шумораи масҷидҳо дар давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз шумораи мактабҳои миёна зиёд гардид, Соли Бузургдошти Абуҳанифа Нўъмон ибни Собит – Пешвои мазҳаби ҳанафӣ таҷлил карда шуд, масҷиди калонтарин дар Осиёи миёна дар Тоҷикистон сохта мешавад, зиёрати чандинкаратаи Эмомалӣ Раҳмон аз хонаи Худо бо аҳли оилаашон ва кули аъзоёни Ҳукумати Тоҷикистон далелҳои имони қавӣ, эҳтироми бузург нисбат ба дини Ислом ва каломи илоҳӣ мебошад.

 

Мо хуб медонем, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ то ба замони муосир гурўҳҳои махсусе мисли шумо Сиддиқи Акбар  ва ҳаммаслаконатон ҳастанд, ки худро соҳиб ва меросбари дин нишон дода, динро ҳамчун воситаи рўзгузаронӣ, ба даст овардани сарвату шуҳрат, қудрат, мансаб, давлат ва таъмини дигар ниёзҳои худ истифода менамоянд. Шумо аз дин сўистифода намуда, талаботи нафси худро қонеъ менамоед. Дин барои халқ офарида шудааст ва моли халқ аст ва соҳиби мутлақи он Ҳақ аст. Ба мо инсонҳо танҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки вобаста ба имон, виҷдон ва рўҳияву иродаи худ ба он пайравӣ намоем. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳаввулотҳои сиёсии замони муосир ин гурўҳ ба сари насли инсон нокомию бадбахтиҳои зиёдеро таҳмил намуда, ҷомеаро ба гумроҳию хурофот ва тарсу ваҳшоният овардааст. Инсонҳои зиёдеро, ки саводу фаҳмиши динии паст доштаанд, ба доми фиреби худ афтонда, онҳоро ба манфиати худ истифода намудаанд. Бо дарназардошти ин мо ҷавонон бояд дар шинохти ин гурўҳ ва дар шинохти дин ҳеҷ гоҳ хато накунем. Мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки дин ҳеҷ вақт набояд воситаи таъмини моддию молиявии зиндагию рўзгордорӣ ва дастгоҳи сиёсӣ бошад. Тобиши сиёсӣ додани дин инсонҳоро гумроҳ месозад, илмро маҳв месозад, пешрафти ҷомеаро боз медорад ва одамонро бадбахт мегардонад.

Имрўз аз ҷўзъиёти оддитарин то ба гурўҳҳои сиёсӣ, экстремистӣ, террористӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, фардҳои алоҳида ва баъзе созмону ташкилотҳо аз дин ва имону эътиқоди инсонҳо сўистифода менамоянд. Махсусан, ҷавонон бештар дар ин роҳ пойбанд ва туъмаи хурофоту тарғиботӣ экстремистӣ мегарданд. Дин ҳеҷ вақт ба пуштибонии ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ, гурўҳи сиёсӣ ва гурўҳҳои экстремистию террористӣ эҳтиёҷ надорад. Инро мо ҷавонон бояд дарк кунем, фирефтаву зудбовар нашавем.

Дин покизагии ҷисму рўҳи инсон аст. Дин ахлоқ ва адаб аст. Дин сиришти моро беолоиш мегардонад ва моро ба накўкорию хайрхоҳӣ, инсондўстию муттаҳидӣ даъват менамояд. Дини мубини ислом муъминро бародари муъмин дониста, инсонҳоро ба ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сабру таҳаммул ҳидоят месозад.

Мушкилоти дигар ва ташвишовар ин низоъҳои байнимазҳабӣ ва ҷудоиандозию ба гурўҳҳои зидди ҳам ҷудо намудани инсонҳо дар дохили як дин мебошад. Низоъҳои байнимазҳабӣ бадтарин раванди сиёсие мебошанд, ки бўи хун мекунанд. Хомўш кардани низоъи байнимазҳабӣ мушкилтар аз ҳама намуди дигари низоъҳо аст. «Имрўз аксари гурўҳу ҳаракатҳои тундрав аз номи дини мубини ислом сўиистифода карда, миёни мазҳабҳои он низоъҳои нангинро ташкил карда истодаанд, ки ин раванд, бешубҳа, сабабгори паст шудани мақому манзалати ин дини муқаддас дар афкори ҷомеаи ҷаҳон мегардад».

Мо ҷавонон набояд фаромўш кунем, ки мо муҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби дигар нестем. Миллати мо дар дини мубини ислом соҳиби мазҳаби худ аст. Мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафия ва пири мазҳабамон Имоми Аъзам ҷавҳари асосии диндориро ба мо таълим дода, тарғиб намудаанд. Имоми Аъзам намунаи беҳтарини диндориро ба ҷаҳониён нишон додаст. Ў нисбат ба ҳамаи мазҳабҳо ва динҳои дигар эҳтироми зиёд дошт. Таълимоти ў таълимоти таҳаммулгароӣ ва эҳтироми ҳамагон аст. Ин аз мо ҷавонон тақозо менамояд, ки ба гумроҳии динӣ гирифтор нашавем, мо дар ин ҷода роҳи дурусту саҳеҳ, равшану рост ва роҳнамою пири худро дорем, ки кайҳо барои мо ҳама дурустиҳоро аз нодурустиҳо ҷудо карда, нишон додаанд. Моро месазад, ки танҳо пайрави мазҳа ва пири мазҳаби худ бошем.

Имрўз низ мардуми шарифи кишвар ва роҳбарияти Ватани мо намунаи беҳтарини диндорӣ ва мусулмониро ба ҷаҳониён нишон дода истодаанд ва ин анъанаро мо ҷавонон низ бояд идома диҳем ва аз бегонапарастии динӣ дурр бошем.

Мо ҷавонони бояд донишҳо ва фаҳмишҳои динии худро дар доираи донишҳои дунявӣ – илмӣ ҷой дода, дар чаҳорчўбаи ахлоқ ва арзишҳои миллӣ ворид намоем ва дар сиришти худ парвариш созем.

Рисолати асосии мо ҷавонон дар ҷодаи диндорӣ ин хато накардан дар моҳияти диндорӣ ва истифода аз дин мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj