• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

МАҚОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

ДАР РАВАНДИ  СИЁСАТИ МИЛЛӢ

Масъалаи таълиму тарбияи миллӣ яке аз проблемаҳои муҳиму рўзмарраи замони муосир ба ҳисоб рафта, паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иҷтимиоию сиёсиро дарбар мегирад. Оид ба ин масъала дар сарчашмаҳои илмҳои сиёсию педагогӣ баҳсҳои гуногун мавҷуд аст. Бештар дар фалсафаи сиёсӣ масъалаи фаъолияти инсон ва рафтори сиёсии он мавриди баҳс қарор гирифтааст, ки дар он мақоми таълиму тарбия ҷойгоҳи махсусро иишѓол мекунад. Дар педагогика бошад таълиму тарбия категорияҳои марказӣ ба шумор рафта, асос ва мақсади  ин фанро ташкил медиҳанд. Аммо

дар рафти рушду нумўи ҷомеа масъалаҳое пайдо мегарданд, ки бештар ба сиёсати миллии ин ё он кишвар вобастагӣ доранд ва ояндаи миллату давлат  ҳам ба як сиёсати махсуси давлатӣ ниёз дорад. Махсусан, сиёсати миллӣ, таълиму тарбияи миллӣ ва дигар арзишҳо барои рушди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши муҳим мебозанд.

 

Бояд гуфт, ки тарбияи миллӣ ҳамчун падидаи ичтимоию сиёсӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мақому мартабаи махсусро касб кард.  Дар ин давра олимону мутахассисон бештар кушиш намудаанд, ки дар ин раванд нақши забони давлатӣ ва ҷойгаҳи онро бо такя ба қарору қонунҳои забони давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намуда, дар рафти амалӣ намудани ин масъала  корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.  Маълум аст, ки тарбияи миллӣ сифатхои баланди ахлоқи инсониро ҳамчун  худшиносӣ, хуввияти миллӣ ва ташаббускориро  ташаккул медихад. Чунин шаҳрванд метавонад, ки барои пешрафти миллати хеш дар пояи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Чуноне ки дар боло зикр намудем, максаду вазифахои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил барои пешравии Ватан мебошад. Чуноне ки маълум аст, тарбияи шахси баркамол бе назардошти ҳамаи навъҳои тарбия имконпазир намешавад. Аз ин ру, барои  тарбияи шахси ҳаматарафа инкишофёфта аз тамоми  шаклу усулҳои тарбия ва арзишҳои миллӣ  истифода намоем.

Имрўз дастовардҳои истиклолият моро водор месозанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши наслҳои оянда талош варзида, дар ҳама ҷабхаҳои ҳаёт корҳои  таълимию тарбиявиро  дуруст ба роҳ монда тавонем. Махсусан, сифати таълиму тарбия ва дигар усулҳоеро ба кор барем, ки онҳо на танҳо дар муассисахои таълимӣ ба кор бурда шаванд, балки дар осорхонаю китобхона ва дигар муассисаҳои гуногуни  иҷтимоию маданӣ бояд пайваста ташвиқу тарѓиб ёбанд. Албатта, мактаб дар баланд бардоштани дониши талабагон накши мухим мебозад, аммо боз омилхое мавҷуданд, ки таъсирашон дар ин ҷода хеле баланд аст. Бояд тазаккур дод, ки раванди  донишандузӣ одатан аз чунин омилҳо сарчашма мегирад: а) оила, китобхонаи оилавӣ, вазъи ичтимоии оила ва компютери шахсӣ; б) мактаб, масъалаҳои кадрии мактаб, идоракунии мактаб ва назорати дохилимактабӣ; в) ҷомеа, муҳити гирду атроф, муносибати рафиқон ва талаботи ҷомеа.

Бояд гуфт, ки дар таълим ва тарбияи кудак сатхи дониши волидон нақши муҳим дорад. Дониши хуб ва натиҷаҳои бехтаринро дар раванди таълим талабагоне мегиранд, ки волидони онхо маълумотнок бошанд. Маълум аст, ки чӣ қадар сатҳи дониши падару модар баланд бошад, ҳамон андоза таваҷҷўҳи онҳо ба мактаб ва таълими фарзандонашон зиёд аст.  Волидони дониши баланддошта кўшиш менамоянд, ки фарзандони худро хаматарафа ба мактаб омода созанд ва барои мутобик шудани фарзандонашон ба ҳаёт ва талаботи ҷомеаи имрўза шароити мусоид фароҳам оранд. Дар баробари ин ташкил намудани китобхонаи оилавӣ дар таълиму тарбияи фарзандон нақши зарурӣ мебозад. Барои ба мақсад расидан омўзгорони ихтисосманд, шахсони донишманду дорои маданияти баланд, усулҳои нави таълим, технологияи навин ва албатта, китобҳои баландмазмун заруранд. Дар айни ҳол на Интернет ва на телевизор ҷои китобро иваз карда наметавонанд.

Агар китобхонӣ як қисми муайяни фаъолияти ҳаётии калонсолон бошад, пас кўдак низ ба волидон пайравӣ  намуда, ба китоб рў меорад. Чи қадаре, ки талабаҳо дар хона китоб бисёр дошта бошанду таваҷҷўҳашон ба китоб зиёдтар бошад, ҳамон қадар натиҷаҳои баланд дар раванди таълим дар мактаб ба даст меоранд.  Вазъи иҷтимоӣ ва шароити зисту зиндагонии оила метавонад таъсири худро ба кўдак расонад.  Аммо ба ҳамаи мушкилихо нигоҳ накарда волидон барои фарзанди худ кўшиш менамоянд мактаби бехтаринро интихоб намоянд. Таълими босифат дар мактаб тарбиятгари шахсияти муосир буда, кўдакро ба қуллаҳои муваффақиятҳо мерасонад. Дар натиҷа раванди таълиму тарбия ба ташаккули шахс таъсир расонида, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг, донишманд ва эҷодкор ба воя мерасонад.

Дар омўзандагон бедор намудани талаботи маърифатӣ бо роҳи пешкаши донишҳои тайёр ѓайриимкон аст ва онро танҳо ба воситаи интиқоли чунин донишҳое, ки дар назди онҳо мушкилиҳои зеҳниро ба вуҷуд меоварад, ба амал овардан мумкин аст. Хусусияти мўҳими мушкилоти зеҳнӣ аз он иборат аст, ки инсон онро ба воситаи усулҳои мавҷуда ҳал карда наметавонад ва кўшиш менамояд, ки дар асоси дониш, малака ва қобилиятҳои худ масъалаи гузошташударо бо ёрии ҷустуҷўи усули нав ҳал намояд. Бо чунин роҳ ифода ёфтани мавод бо такрорнамоӣ ва азбаркунӣ мустаҳкам нагардида, балки бо ҳалли масъалаҳои махсус ва маърифатӣ амалӣ мегардад.  Ҳалли масъалаҳои маърифатӣ, ки инсонро ба фаъолияти зеҳнӣ равона месозад, вазъияти проблемавӣ номгузорӣ мешавад. Дар алоқамандии ин, омўзгор бояд донад, ки дар кадом шароитҳо вазъияти проблемавӣ ба вуҷуд меояд.[1]

Зимнан бояд гуфт, ки тарбия аз рўи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим мукаддамтару васеътар аст. Консепсияи миллии  тарбия, ки  тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти рақами 94 тасдиқ шудааст, таҷрибаи нахустин буда, тарбияи миллии тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро дар  бар мегирад.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан рушду инкишофи насли наврасро муайян месозад. Ҳуҷҷати мазкур моҳият, максаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар мархилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш  ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта  муайян мекунад. Мақсади асосии тарбия қисми таркибии максаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ намуда, барои пешрафти кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Пеш аз ҳама дуруст ба роҳ мондани сиёсати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими таълиму тарбияи миллӣ мебошад, ки дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, хуввияти миллӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии чомеа аз лиҳози танқид назар кунад, Ватани хешро дуст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд ва  дар пешрафти чомеа сахмгузор бошад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби нангу номуси миллӣ ва ифодагари симои зехнию маънавӣ, ахлокӣ, фарҳангӣ  ва арзишҳои дигари инсонӣ  бошад.

Унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ чунинанд: тарбияи ѓоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифатӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи зебопарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ,  тарбияи иқтисодӣ, тарбияи экологӣ ва ѓ.

Тарбияи миллӣ ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарханг ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад. Мафҳуми фарҳанг ва ба табъи он тавсияи фарҳангӣ аз як таърифи ҷомеъ ва мақбул бархурдор нашудааст. Шояд як таърифи нисбатан қобили қабулро дар ихтисоси мазоҳири маънавии як тамаддун ва фарҳанг бар он битавон ҷустуҷў кард. Агар фарҳангро маҷмўае аз суннатҳо, одоб ва одатҳо ва маҷмўае аз арзишҳо баррасӣ кунем, ки сохтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бар асоси он устувор шудаанд, метавонем ба ин нигоҳ фарҳангҳоро ба унвони шохаҳои пайвандкунандаи ҷомеа ва кишварҳо қаламдод кунем. Дар солҳои охир талошҳои зиёде барои таърифи фарҳанг сурат гирифтааст. Дар 19-умин иҷлосияи конференсияи ЮНЕСКО, тавсияномае таҳти унвони «Дастрасии умум ба фарҳанг» тасвиб шуда, ки дар он фарҳанг ин гуна таъриф шудааст: «Мафҳуми фарҳанг ҳама шаклҳои халоқият ва баёни фардӣ ва гурўҳиро чӣ дар фаъолиятҳои ҳунарӣ ва чӣ дар фаъолиятҳои илмӣ дарбар мегирад».

Талошҳои илмӣ барои таърифи фарҳанг ҳамчунон идома дорад. Бархе аз мафҳумҳоро метавон чунин пешниҳод намуд: фарҳанги интизомӣ ва фарҳанги оммавӣ, фарҳанги зебошиносӣ, фарҳанги иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дар охир фарҳанги ҷаҳонишавӣ ба ҳама маълум гардидааст, ки таъсири ҳамаи ин ба раванди  тарбияи шаҳрвандон беасар намемонад. Пас, бештар сухан дар бораи тарбияи сиёсӣ таваҷҷўҳи  мардумро ба худ ҷалб мекунад, ки фаҳмиши он ба баъзе мамониятҳо дучор  гардидааст.Тарбияи сиёсии шаҳрвандон пеш аз ҳама  аз хуқуқу озодиҳои сиёсие сарчашма мегиранд, ки онҳо дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд. Мақсади ниҳоии тарбияи сиёсии шаҳрванд аз он иборат аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва майли фаъолияти сиёсии шахсият ташаккул дода шавад.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, қайд намудан зарур аст, ки раванди соҳибистиқлолӣ  дар тарбияи шаҳрвандон нақши муҳиме дошта, мақом ва ҷойгаҳи таълиму тарбияи миллиро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Сиёсати миллӣ дар ин раванд паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро дар бар гирифта, ба бисёр монеаҳои рўзмарра рў ба рў мегардад. Аммо  раванди тарбия оҳиста-оҳиста мавқеи худро ба ҷараёни сиёсати давлат мутобиқ намуда, шаҳрвандонро ба дигаргунсозии  тарзи ҳаёт, баланд бардоштани  ҳисси миллӣ ва пешрафти давлату миллат сафарбар менамояд. Сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусиятҳои хоси худро дошта, бештар амалҳоеро пешбинӣ менамояд, ки новобаста ба миллату халқиятҳои гуногун ба нафъи  кишвар  бошад. Аммо маҳаки асосии таѓйирдиҳандаи ин раванд миллати таҳҷоӣ мебошад. Мавқеъ ва ё ин ки ҷойгаҳи  миллати таҳҷоие, ки кишвар бо номи он муаррифӣ мегардад, новобаста ба ҳама монеъаҳои ҷомеа бояд возеҳу рушан бошад. Дар қиболи ин тарбияи миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дигар анъанаву сунатҳои миллӣ бояд аз ҷониби дигар миллату халқиятҳои Тоҷикистон ба ҳамаи ин  арзишу бузургиҳои миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Миллати таҳҷоӣ дар ҳама ҳолат бояд  роҳбалади ҳақиқии шаҳрвандони кишвар масҳуб ёбад. Маънои асосии  тарбияи миллӣ ин тарбияи шаҳрвандони кишвар аст, ки бевосита ба сиёсати миллӣ вобастагӣ дорад. Сиёсати миллӣ бошад, сиёсати давлату ҳукумат барои  комёб гардидан ба сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти кишвар мебошад, ки мақоми таълиму тарбия ва дурнамои рушди миллатро муайян менамояд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj