• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ҲНИТ ИФШО ШУД!

Пушти по зан тахти Кайковусро,

Сар бидеҳ, аз тан мадеҳ номусро!

Ифшо шудани ҷиноятҳои нав ба нави ҳизби экстремистию террористии ҲНИТ аз ҷониби мақомотҳои қудратии Тоҷикистон шахсро ба тааҷҷуб меорад.  Зеро ба гузаштаи таърихи миллати тоҷик назар андозем, аҷдодони мо баҳри ин марзу бум танҳо ҷони худро нисор карда, садҳо маротиба пешмарги ин сарзамин гардиданд. Таърих исбот кард, ки ҲНИТ ва роҳбаронаш ба гузаштагони бузургвори худ хиёнат карда, мехостанд ин марзу бумро қурбони нафси кучак ва хоҷагони хориҷии худ кунанд. Чанде пеш тариқи расонаҳои хабарии Тоҷикистон боз як амали нанговари

аъзоёни ҲНИТ пешкаши мардум гардид, ки дар он кирдорҳои зишти хоинони Ватан намоиш дода шуд, ки даҳҳо шахсиятҳои маъруфи моро бегуноҳ ба қатл расонида, танҳо бо амали зишташон мехостанд оромии кишварро халалдор созанд. Ба бахти миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати тозаистиқлол пайдо гашт. Ин неъмати бебаҳои таърих, яъне истиқлолият на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд шукрона аз он кунад, ки новобаста аз мураккабии вазъи сиёсии олам ва рақобати давлатҳои абарқудрат барои тақсими ҷаҳон ба мо – тоҷикистониён муяссар гардид, ки давлати миллии худро баъди ҳазор соли суқути аввалин давлати тоҷикон – Сомониён бунёд намоем. Лекин аз рўзҳои аввали соҳибихтиёрӣ душманони дохиливу берунии мо намехостанд Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил рушд кунад. Ба неруҳои хориҷӣ муяссар гардид, ки аз маърифати пасти баъзе гуруҳҳои сиёсӣ ва ба ном «ватандўст» истифода кунанд ва Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Дар тўли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд рў ба рў шуда, хисороти бузурги моддиву маънавӣ дид. Хушбахтона зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба Ваҳдати миллӣ расиданд ва тайи 20 сол мешавад, ки тоҷикистониён дар ваҳдати комил умр ба сар мебаранд. Ҳама бад он боварем, ки ҳар як сокини Тоҷикистон ва ҳамаи неруҳои сиёсӣ аз Ваҳдати миллӣ хушбахтанд ва онро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ медоранд. Мутаассифона дар баробари ҳизбу ҳаракатҳои созандаву ватандўст дар Тоҷикистони мо гуруҳҳо ва ҳизбҳои алоҳидае низ будаанд, ки оромиву суботи ин мулкро дидан наметавонанд. Яке аз чунин гуруҳҳо ҳизби экстремистию террористии ҲНИТ аст, ки новобаста аз иштирокаш дар амалиётҳои ҷангӣ бар зидди сохтори конститутсионӣ дар солҳои 1992-1997 давлату ҳукумати Тоҷикистон онҳоро бахшид ва барои иштироки минбаъдаашон дар ҳаёти сиёсии кишвар иҷозат дода, тамоми шароитро барои рушди онҳо фароҳам овард. Дар фазои пасошўравӣ Тоҷикистон ягона давлати дунявие буд, ки дар он ҳизби хусусияти динидошта фаъолият мекард ва ҳатто дар парлумон ҷой дошт. Дар тўли фаъолияти худ ин ҳизб тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро дар ҳамаи самтҳо нодида гирифта, дар чорабиниҳои гуногуни байналмиллаливу минтақавӣ низоми конститутсионии давлатро зери танқид қарор медод. ҲНИТ ба ин васила, ин ҳам бошад аз номи дини ислом сафи аъзоёни худро зиёд намуда, мардумро ба он фирефта карда буд, ки «ислом ин ҲНИТ аст» ва аъзоёни ҳизб, ки ба тамоми расму оини мусалмонӣ пойбанданд, фирефтаи ин шиори ѓалат гардида, тамоми хизматҳое, ки давлату ҳукумат баҳри густариши ислом дар Тоҷикистон ба амал омад, ба ҲНИТ рабт доданд. Ин буд, ки то замони эълон гаштани ҳизби экстремистию террористӣ мардум ба ин ҳизб ва роҳбаронаш бовар доштанд. Гарчанде зоҳиран ин ҳизб ваҳдати миллиро пазируфта бошад ҳам, лекин дар ниҳодаш доимо нақшаи барҳам додани онро мекашид. Онҳо ба қадри тинҷиву оромӣ ва шароитҳои муҳайёшуда нарасида, симои ҳақиқии худро нишон дода, хостанд ваҳдати миллиро тариқи кўшиши гузаронидани амалиётҳои зиддиконститутсионӣ моҳи сентябри соли 2015 аз байн баранд. Бо ин кор онҳо нафрати мардумро нисбати худ боз ҳам зиёд карданд. Агарчанде ҲНИТ бо тамоми тавонаш аз хориҷ ба сўи кишвари мо сангандозӣ ҳам кунад, аллакай дар байни мардум бадному расво шуда, бо он андешаҳое, ки ҳанўз бовар дорад мардумро бовар мекунонад, ба чизе муваффақ шуда наметавонад.Зеро аллакай мардум шаҳди сулҳу ваҳдатро чашида, даврони вазниниҳоро паси сар намуд. Имрўз дар кишвари азизамон мардум танҳо дар фикри ободиву пешрафт андеша намуда, аллакай мавқеи худро оид ба сиёсати давлат муйян намуданд. Рўз то рўз мардум ба зиндагии шоиста умеди худро бештар намуда, танҳо дар фикри расидан ба зиндагии боз ҳам хуб мебошанд. Ҳар як ҳадафе, ки аз ҷониби давлату ҳукумат пешбинӣ мешавад, дар муддати кўтоҳ пиёда гардида, усулҳои тараққиётро ба мо наздиктар менамояд. Се ҳадафи стратегии кишварамон, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ирсол гардид, имрўз тамоми аҳолиро масъул гардонидааст, ки ҳарчи зудтар ин ҳадафҳо пиёда гашта, вазъи иқтисодӣ боз ҳам беҳтар шавад. Махсусан тамоми ҳаракати давлату миллат барои сохтмони НБО Роѓун нигаронида шуда, тамоми мардум чашм ба сўи ба истифода дода шудани ин иншооти аср доранд. Инҷо метавон дар ҳар қадам аз дастовард ва кўшишҳои кишвари азизамон садҳо мисол овард. Аммо мо ба ин қаноат карда, ба мардум мерасонем, ки душманони миллат ягон зарра дар фикри ободиву осоиштагии мардум набуда, танҳо ѓаразҳои ѓайриинсонии худро мехоҳанд бар сари миллати азияткашидаи тоҷик бор кунанд. Набояд фаромўш сохт, ки як бор мо ба доми чунин ифритҳо гирифтор шуда, бехонумон гардидем ва ҳанўз мардум ҷабру зулми 20 соли пешро фаромўш накардааст ва нахоҳад кард. Пас бо тамоми маънӣ имрўз амали зишти ҲНИТ ва хоҷагонашро маҳкум намуда, мардумро барои обод намудани кишвари якпорча даъват менамоем. Ҳеҷ як кишвар ва ҳизбу ҳаракати бегона дар фикри ободии Тоҷикистон набуда, пешравии онро низ намехоҳанд. Қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар аст, ки дар баробари душманони дохиливу берунӣ муқовимати шадид нишон дода, саҳми худро дар таъмини сулҳу ваҳдат ва амнияту якпорчагии Тоҷикистон гузорад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj