• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Дини ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад.

Ҳизби Назҳати Ислом дар Тоҷикистон барҳам дода шуд, чунки роҳбарони ин ҳизб  Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш дини исломро ниқоби худ карда, бо шарикони хориҷиашон мехостанд, Тоҷикистони ободро ба вартаи ҳалокат,  биёбони беоб  табдил диҳанд. Ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки баъд аз пошхўрии  Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва мо 25-солагии Истиқлолиятро 9-уми сентябри соли 2016 дар сатҳи баланди миллӣ ҷашн гирифтем. Аз соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд  ва оқибатҳои ин ҷанг ба куштани одамони бегуноҳ, бародаркушӣ, ва Тоҷикистон ба муҳосираи иқтисодӣ дучор гардид. Саркардагони  ин ҷанги бародаркуш асосан одамоне буданд, ки худро пешвои дини ислом муаррифӣ намуда , дар амал дигар корҳоро ба анҷом мерасониданд. Дар майдонҳо бо овози баланд аз номи Худованд, пайѓамбарон сухан мекарданд ва мардумро ба гумроҳӣ мебурданд. Мардум суханони онҳоро бовар карда, муқобили бародар, падар ва фарзандони худ ҷанг эълон карданд. Як тоифа одамон бо хоҷагони хориҷӣ муросо карда, дар Тоҷикистон Ҳизби Назҳати Исломӣ ташкил намуданд ва одамони гумроҳро ба аъзогии ин ҳизб даъват намуданд. Хол он қи дини  ислом дар ягон давра  ба ягон хел ҳизб эҳтиёҷ надошт. Худованди таборак ва таъоло дар сураи «Тавба» ояти 71 мефармояд: «Мардони боимон ва занони боимон миёни ҳам дўст мебошанд. Онҳо ҳамдигарро бо корҳои нек кардан амр мекунанд ва аз корҳои бад  маън мекунанд». Ташкил намудани ҳизби Назҳати ислом  дар Тоҷикистон, ин фақат барои одамоне даркор буд,  ки дар ҳориҷа пуштибон доштанд ва аз онҳо як маблаѓи муайян маош мегирифтанд. Дар Тоҷикистон аъзоёни ҳизби назҳати ислом одамоне буданд, ки саводи дини надоштанд, ба даст силоҳ гирифта муқобили бародари худ меҷангиданд, молу мулки мардумро тороҷ мекарданд ва мардумро ба ҷиҳод даъват менамуданд. Чи хеле ки аз воситаҳои ахбор, тариқи шабакаҳои телевизонӣ ҳар рўзу шаб тамошо мекунем иддае аз ҷавонони гумроҳ  ба Сурияю Ироқ, гўё ба ҷиҳод мераванд. Онҳо бо кӣ ҷиҳод мекунанд?  Ба ҳаммазҳабони худ , ин номаълум мебошад. Агар ин ҷавонон ҳақиқати ислом  ва маънои «Қуръон»-ро медонистанд ба ин роҳ намерафтанд ва дини исломро дар байни ҷаҳониён бадном намекарданд ва мардуми мусулмони давлатҳои Араб сарсону  саргардон дар давлатҳои Европа  намешуднд. Ё дар баҳру уқёнусҳо муҳоҷирон, занону кўдакон  ѓарқ намешуданд, ё фарзанд модари худашро намекушт. Аз Ҳазрати Абдулло ибни Умар нақл аст, ки шахсе назди Расули Худо (с) омада, арз намуд:  Ё  Расулоллоҳ (с) ман иродаи ҷиҳод дорам .

Он ҳазрат (с) пурсиданд:  Падару модарат зиндаанд?

Ў ҷавоб дод:  - Бале, зиндаанд.

Расулоллоҳ (с) фармуданд:  Дар риояи ҳаққи онҳо ҷиҳод кун. «Аз ин ҳадиси пайѓамбар  маълум мешавад, ки хизмати падару модар аз ҷиҳод кардан афзалтар мебошад, зеро Расули  Худо (с) барояш ҳукм дод, ки ҷиҳодро тарк кунад ва хизмати падару модаррро адо намояд».

Борҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда қайд намуданд, ки террорист ва одамкуш дину мазҳаб надорад, барои ҳамин ба гуфтаҳои онҳо фирефта нашавед, ки наслҳои ояндаи мо ҳеҷ гоҳ моро намебахшанд. Ҳамаи мардуми Тоҷикистон ҲНИТ–ро  маҳкум намуданд, чунки вақтҳои охир роҳбарони ин ҳизб мехостанд, мардумро муқобили давлат бархезонанд ва чунин  давлати ободу осударо ноором созанд, вале мардуми шарифи Тоҷикистон, ки лаззати гушнагӣ, бародаркуши сарсону саргардониҳоро дар ҷумҳурии Афѓонистони ҳамсоя  чашида буд ва дигар вокеаҳои солҳои 1992-1996-ро пеши назар оварда, ба воситаи матбуот ва  воситаҳои ахбор  баромад намуда, кирдорҳои ѓаразноку нопоки ин гуна миллатбезоронро маҳкум намуданд, нолозим будани ин ҳизбро баён намуданд, чунки дар Тоҷикистон ҳамаи мардум, мусулмон мебошанд, озодона ба масҷидҳо рафта 5-вақт намози худашонро  мехонанд. Масҷидҳои ҷомеъ барои ҳамаи мардуми мусулмони Тоҷикистон кушода мебошад. Донишгоҳи исломӣ фаъолият дорад, ҳар сол зиёда аз 5000  нафар мусулмонони Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо  мераванд,  пас  барои дини ислом ҳизб чӣ даркор аст?

Барои  ҳамин мо калонсолон, Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ карда , ҷавононро  дар рўхияи ватандустӣ,  меҳанпарастӣ,  худогоҳии  миллӣ , обод кардани  ватани азизамон Тоҷикистон, муаррифӣ  намудани миллати куҳанбунёди худ  дар сатҳи байналмиллалӣ тарбия намоем.

Чи хеле, ки  шоир гуфтааст:

Ниҳоли дустӣ биншон , ки коми дил ба бор орад,

Дарахти душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои

ѓайридинӣ ва терроризму экстремизм

Имрўзҳо дар ҷаҳон гурўҳҳо, ҳаракатҳо ва равандҳои гуногун пайдо шудаанд, ки худро ҳимоятгари дини мубини ислом муаррифӣ менамоянд, вале дар асл зери ниқоби дин амалҳои зишту зиддиисломӣ  ва зиддиинсони худро амалӣ месозанд. Гурўҳи бо ном «Давлати ислмии Ироқу Шом» аз қабили чунин гурўҳҳои тундраву ифротгаро буда, бо истифода аз муқаддасоти Ислом ва эҳсосоти мусулмонони дунё нақшаҳои шуми худро мехоҳанд амалӣ намоянд. Гурўҳҳои террористӣ ва экстреместие, ки дар дунё фаъолият доранд  ба онҳо бештар ҷавонон шомил карда шудаанд.. Ин аз он сабаб аст, ки ҷавонони  дунё бинобар сабаби пурра набудан, дониши  дунявиашон ба ҳар гуна ҳаракатҳо  ва моҷароҳои сиёсӣ дода мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баргардонидани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ чораҳои ниҳоят зарур андешида мешаванд. Махсусан дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми декабри соли 2016 оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ- экстремистӣ баён карда шудааст. Бо мақсади оне, ки ҷавонони тоҷикро дар руҳияи ватандўстӣ , меҳанпарастӣ тарбия намоянд, соли -2017 –ро « Соли ҷавонон» эълон карда шуд. Мақсади асоси он аз он иборат  аст, ки он ҷавонеро ,ки ба модар-ватан хиёнат намуда, роҳҳои нодурустро пеша намудаанд фаҳмонанд, ки онҳо ба модари худ ба ватани худ хиёнат намуда истодаанд. Мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҷавонон аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, Муқадассоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд.Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодиии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда , ҷавононро аз ҳар ҷиҳат рўҳбалнд намуд.Ба ҳамаи ҳамин нигоҳ накарда ҷавонне ҳастанд, ки ба гурўҳҳои ифротгаро шомил шудаанд. Сабаби шомил шудани ҷавонон пеш аз ҳама саводи кофӣ надоштани онҳо, дуруст сарфаҳм нарафтани моҳияти қарору қонуниятҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони мо қабул карда мешаванд ба ѓайр аз ин ҷавононе, ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани маблаѓи бедарди миён ба овозаҳои бардуруѓ  фирефта шуда ба ин роҳ мераванд. Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама тарбияи дурусти ҷавонон, бо роҳи ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маърифатӣ тарбияи дурусти наврасон дар муассисаҳои таълимӣ , ҷалб намудани ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, таҳлил намудани ҳамаи ҳуқуқҳое,  ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, иборат мебошад. Аз ҳамин лиҳоз  эълон шудани  соли ҷавонон  аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавононро вазифадор  менамояд,  ки  дар ҳама  ҳолат бояд ҳисси миллӣ дошта бошанд, бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол,  пешвои худ  ва забону фарҳанги миллиашон ифтихор дошта бошанд. Бояд қайд кард,  ки терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки  ба одамон хатари маргро ба миён меоваранд ва ва истифодаи он мақсади ҷисман бартараф  намудани рақиби сиёсӣ , вайрон кардани бехатарии ҷамъият ва бесарусомон гардонидани аҳолӣ мебошад.Бисёр  ҷавононе ҳастанд, ки моҳияти калимаи терроризм ва экстремизмро дуруст сарфаҳм нарафта ба чунин гурўҳҳо аъзо мешаванд. Дар баробари терроризм ва экстремизм , ифротгароӣ низ  ба чунин амалҳо даст мезананд. Ифротгарон гурўҳҳои мебошад, ки амалҳои воқеан ҷангиро истифода мебаранд, ки ба бенизомӣ, таѓири сохти конститутсионӣ дар мамлакат , ѓасби ҳокимият ва аз  они худ кардани ваколатҳои он , ба барангхетани низои нажодӣ , миллӣ,  иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд.Ифротгарон асосан дар зери зуҳуроти дини ислом амал намуда, аз номи дини мубини ислом баромад намуда,    пайдоиши онҳо ба солҳои 70-80-уми асри XX рост меояд. Ин ифротгароёнро мо бо номи ҳаракати «Толибон», «Ал-Қоида» медонем. Аз сабаби  он, ки ҷумҳурии мо  бо ҷумҳурии Афѓонистон ҳаммарз мебошад, бештари ҷавонон фирефтаи онҳо мебошанд. Ҷавонони Тоҷикистон  хуб дарк менамоянд, ки масъалаи ҷавонон дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Мувофиқи суханронии  Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  , ҷавонон ояндасози миллат мебошанд

Нисбати он ҷавонони сустиродае, ки фирефтаи ваъдаҳои бардуруѓи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои мушаххас ва чораҳои қатъӣ меандешад.

Ба  мақсади пешгирӣ намудани  ҷавонон аз амалҳои номатлуб, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ тамоми афкори ҷомеа сафарбар карда шудааст. Ба ҳамаи ҳамин нигоҳ накарда тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ ҷавонони Тоҷикистон дар набардҳои Ироқу Сурияву дигар мамолики Шарқ Наздик ширкат доранд. Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давраи бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ ѓутидааства ҳар яки моро мебояд , ки дар атрофии сарвари хирадманди худ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳид шуда,  ормонҳои ҳазорсолаи мардуми азияткашидаи тоҷикро, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, амалӣ созем.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj