• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Тақдири забони  форсӣ (дарӣ – тоҷикӣ) дар шароити ҷаҳонишавӣ

Забон нишонаи асосии фарқкунандаи миллӣ буда он барои инсон асосан ҳамчун воситаи гуфтугўи байни одамон, баҳри ифода кардани мақсаду мароми онҳо хизмат мекунад. Забони ноби форсӣ, ки таърихи хело ҳам кўҳан дорад, яке аз забонҳои пурқувваттарин, бойтарин ва хушсадотарин ба ҳисоб меравад. Он барои зиёда аз 100 млн аҳолии рўи замин – асосан мардуми  кўҳанбунёди Эрону Афғонистону Тоҷикистон забони модарист ва нишонаи миллии мардумони бо ин забон ҳарфзананда мебошад. Бо ин забон тўли ҳазорсолаҳо ҳазорҳо асарҳои илмии

оламшумул, назму насри ҷонгўдозтарини олам офарида шудаанд. Ба бузургию шаҳомоти ин забон бузургони олам баҳои баландтаринро додаанд. Ин забонро халқҳои олам одилона дар дунё  чун забони шеъру адаб, забони мисли мусиқии хуб фораму дилкушо эҳтирому эътироф намудаанд. Ин забон натанҳо  барои мардуми форсизабон, балки барои мардумони тамоми олам тўли таърих хизмати бузурге дар пайванди  миллатҳою халқиятҳо ва тамаддунҳо кардааст. Ин забон дар тули таърих бо забонҳои лотинию мақдунӣ, арабию туркӣ, руссию байналмиллалӣ омезиш ёфта сертаркибаю пурмазмунтар шудааст ва дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ рўз то рўз аз ҳисоби калимаю забонҳои нави аҳли миллатҳои курраи Замин  бою ғанитар гардида истодааст. Душманонаш дар тўли таърих борҳо кўшиши аз байн бурдани ин забон ва тамаддуни соҳибашро карданд.Арабитаборон дар асрҳои миёна, туркгароён, исломгароёни ифротӣ чӣ кўшишҳое баҳри аз байн бурдани ин забон накардаанд. Вале ў дар ин афтударафтҳо ҳамеша ғолибу дастболо ва пурқувваттару ғанитар мегардид. Ин забон рисолати таърихии худ – ташаккулёбии миллату фарҳанги форсу- дарию – тоҷикро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Ба ҳисоби забоншиносон (лингвистҳо) имрўзҳо дар ҷаҳон 6809 забонҳои «зинда» мавҷуд аст, ки соҳибони аксари онҳо халқиятҳою кавмҳои хурд буда ба 90 % онҳо  аз 100 ҳазор нафар камтар одамон гуфтугў мекунад. 46 забон ҳамаги як намояндагӣ (соҳиб) дораду халос. Бо 357 забон аз 50 нафар камтар одамон гуфтугў менамоянд. Забонҳое, ки ба онҳо аз 1 млн нафар зиёд одамон ҳарф мезананд 200-250- то мебошанд. Ба ҳисоби миёна дар ҳар як даҳсола зиёда аз 20 забонҳои хурд ва як забони миёна аз байн рафта истодааст. Шумораи забонҳои аз байн рафта аз замонҳои қадим то ба имрўз зиёда аз 1000 забонро  ташкил мекунанд. Имрўзҳо ҷаҳонро падидаи нав – глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) фаро гирифтааст. Ин падида натиҷаи раванди мунтазами прогрессии илму техникаи ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он - хусусияти байналмиллалӣ гирифтани иқтисод, истеҳсолот, савдо, илм , маърифат, технологияҳои истеҳсолӣ, маърифат ва омезиши тамаддунҳо мебошад. Имрўзҳо оид ба оқибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва миллии ин падида ақидаю фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Махсусан оқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ ба забонҳои миллӣ мавриди бахсҳои доманадоре гардида имрўзҳо олимонро аслан ба ду гурўҳ ҷудо кардааст. Гуруҳи аввал дар он ақидаанд, ки глобализатсия боиси барҳамхурии забонхои миллӣ ва ба забони ҷаҳонӣ табдил ёфтани забони англисӣ оварда мерасонад. Дигарон дар он ақидаанд, ки дар зери таъсири равандҳои глобализатсионӣ (ҷаҳонишавӣ) баръакс забонҳои миллӣ пурқувват гардида аз ҳисоби калимаю ибораҳои нави байналмиллалӣ ғанитару пуртароваттар мегарданд. Барои ҳар як миллати хурд хатару ваҳшати доимӣ – ба миллатҳои бузург омезиш ёфтан ва  боиси аз байн рафтани забон, миллат, ҳудуд ва сарзамини миллӣ, таъриху фарҳанги миллӣ  таҳдид менамояд. Миллати 8 миллионаи тоҷик низ ин ҳиссиёти пурхатарро дар худ зиёдтар  дорад, зеро хатари аз байн рафтани ў дар тўли таърих борҳо ба миён омада буд. Хатарҳои ба ҷону, ҳолу молу, сарзамину фарҳангу таърихи тоҷик ба амаломада дар тўли таърих аслан аз ҷониби тороҷгарони хориҷӣ - мақдунию арабу турку муғулу узбак сурат гирифтанд. Аммо тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо бо вуҷуди талафотҳои зиёди ҷонию ҳудудӣ, фарҳангию молӣ тавонист забони худро нигаҳ дорад ва ҳамчун миллат аз байн наравад. Зеро ў мубориза мебурд ва як умр дар тўли ҳазорсолаҳо муборизи раҳи наҷоти миллӣ буд ва мондааст. Аз ҷониби дигар худи забони форсӣ хусусияти муҳофизи дорад, зеро аз лиҳози қонуниятҳои таркибии забонӣ яке аз забонҳои пурқуввати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар баромади худ дар назди зиёиёни мамлакат Президент Эмамалии Раҳмон таъқид сохт, ки «Дар қарни ХХI, тибқи тадқиқоти сотсиологӣ беш аз 200 забон аз байн меравад. Шўмо зиёиён коре бикунед, ки забони ширини тоҷикӣ зинда бимонад.» Ҳазорсолаҳо боз инсоният орзўи забони ягонаеро, ки бо воситаи он бо тамоми мардумони олам сухан ронда тавонад мекард. Дар тўли таърих инсоният борҳо кўшиш ба харҷ дода буд, то ин ки ин гуна забонро офарад. Дар ин ҷода сайъу кўшишҳои конструкторони англисро оид ба эъҷоди «забони мантиқӣ»-и барои ҳамаи миллатҳо фаҳмо, ки дар таъсиси он ҳатто Исаак Нютон низ шомил буд ва таҷрибаҳои олимон оид ба созмони  забони байналмилалии сунъӣ – эсперанто ва дигар забонҳои сунъии байналмиллариро қайд кардан бамаврид аст. Дар солҳои 20 –ўми асри ХХ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ   ақидае ба вуҷуд омада буд, ки гўё солҳои наздик инқилоби ҷаҳонии сотсиалистӣ ба вуқуъ пайваста боиси дар як давлати умумӣ зистани одамон мегардад ва дар он забони ягона ҷорӣ карда мешавад. Бо ин мақсад дар  Пажуҳишгохи забон ва тафаккури АУ ИҶСШ соли 1926 бо ташаббуси академик Н.Я.Марр гуруҳеро созмон доданд, ки он бояд «ҷиҳатҳои назариявии таъсиси забони ояндаи ҷаҳониро кор карда мебаромад». И.В.Сталин диди худро оид ба тақдири забонҳо дар аёми сотсиализм дар Анҷумани ХYI ВКП(б) чунин иброз намуда буд: « Дар давраи ғалабаи сотсиализм дар сатҳи ҷаҳонӣ, вақте, ки социализм пурқувват гардида ба ҳаёти маиши ворид мегардад, забонҳои миллӣ ногузир бояд ба як забони умуми омехта шаванд ва ин забон ҳатман на забони бузургируссӣ ва ё немисӣ, балки як навъ забони нав бошад.»[3] Мақсади ниҳоии сохти большевикӣ - забони руссиро ба забони байналмилаллӣ, бо роҳи «инқилобҳои ҷаҳонӣ» табдил додан буд. Орзўи  инсоният - барҳам задании саддҳои забонӣ ва муоширати озодона  дар байни мардумони олам мебошад.Дар ду садсолаи охир дар ҷаҳон се раванд дар тақдири забонҳо мушоҳида шуд: инҳо барҳамхурӣ ва аз байн рафтани забонҳои хурд, пурқувватгардии забонҳои бузург ва бо сабаби пайдоиши давлатҳои нав  ба забонҳои миллию давлатӣ табдил ёфтани забонҳои зиёде мебошанд. Забони ягонаи ҷаҳонӣ дар таърих ҳеҷ вақт набуд, вале дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ забонҳое буданд, ки хусусияти минтақавӣ – тамаддунӣ гирифта барои якчанд миллату халқиятҳо хизмат кардаанд. Инҳо забонҳои  юнонии қадим(койне),лотинӣ, форсӣ, арабӣ, забони қадимаи хитоӣ (вэнян), санскрит, туркӣ, славянии калисоӣ, англисӣ, испанӣ, немисӣ ва французӣ буданд. Ин забонҳо дар асрҳои муайян садсолаҳо ва баъзеашон ҳазорсолаҳо на танҳо ҳамчун забони умумии чандин халқияту давлатҳо хизмат кардаанд, бакли боиси ташаккули тамаддуни ягонаи ин халқиятҳо гардиданд. Хусусияти хоси ду садсолаи охир дар тақдирии забонҳо ин рушду нумўъи забонҳои миллӣ ва соҳиби забони дуввуми муоширати байналмиллалӣ гардидани миллатҳою халқиятҳои ҷаҳон мебошад. Сабаби тамоили аввал он  буд, ки дар омили асосии инкишофи забон – тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва маънавӣ (қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ) талаботи инкишофи мусоидро  маҳз дар доираи миллату давлатҳои миллӣ ва забони ягонаи миллӣ дошта ба вуҷуд оварда метавонист. Дар нимаи дуюми асри ХХ бошад дар дунё мунтазам равандҳое ба вуҷуд омаданд, ки дигар тарзи истеҳсолот аз доираи миллӣ ба доираи трансмиллӣ (байналмиллалӣ) баромад. Интеграцияи босуръати илму техникаи ҷаҳонӣ, таъсиси корпорацияҳои трансмиллӣ, ҷаҳонишавии технологияҳои  истеҳсолии пешқадам, ягонашавии мазмун ва  мўҳтавои истеҳсолоти ҷаҳонӣ зарурияти муоширати одамонро бо забони ҳамафаҳми ягона гузошт. Дар ин давра ду забон - англисӣ ва руссӣ дар рақобати сахти сиёсии дунёи капитализм ва сотсиализм ду раванди рақобатпазири инкишофи забонҳои байналмиллалиро дар дунё таъсис доданд. Дар 15 ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ (ИҶШС) ва 13 давлати дигари  шомили Иттиҳодияи ҷаҳони сотсиалистӣ  забони дуюми муоширати байналмиллалӣ забони руссӣ эълон гардид. Ба ин забон ин солҳо он қадар аҳамият дода шуда, баҳри рушди он он қадар маблағҳо ва кўшишҳо харҷ гардид, ки дар натиҷа хатари қариб, ки аз байн рафтани забонҳои миллӣ дар баъзе аз ҷумҳуриҳои аъзои ин Иттиҳод ба вуҷуд омад. Ин хатар дар охири асри ХХ ба сари забони форсӣ (тоҷикӣ) низ омада буд. Бо барҳамхурии сохти шўравӣ дар ҷаҳон мавқеи забони руссӣ ҳамчун «забони ҷаҳонӣ» аз байн рафт. Баръакс мавқеъ ва нуфузи забони англисӣ боло рафт ва шумораи одамоне, ки ин забонро дар ин 16 соли баъди пошхурии ИҶШС ҳамчун забони муоширати байналмиллалӣ қабул карданд дар ҷаҳон хело ҳам зиёд гардид. Дар таркиби забонҳои миллӣ мавқеи забони англисӣ аз ҳисоби калимаю ибораҳои нави дар сатҳи байналмиллалӣ қабулгардида зиёдтар гардид. Дар забони англисӣ низ калимаю ибораҳои байналмиллалии зиёде ворид гардида онро бою ғанитар гардонида истодааст. Равандҳои глобализатсионии дар боло зикргардида ба ин падида суръати тоза бахшида истодаанд. Дар байни олимон имрўзҳо ақидае ба вуҷуд омадааст, ки забони англисӣ дар оянда забони ҷаҳонӣ мешавад ва забонҳои дигар то як муддати муайяне дар сатҳи маишӣ, муоширати хонагӣ ва гурўҳи монда баъдан аз байн мераванд.[5] Нисбати забони форсӣ(дарӣ – тоҷикӣ) низ чунин тақдири талхро нисбат медиҳанд. Диалектикаи рушд ва заволи забонҳо, ки дар асоси равандҳои интегратсионӣ ва дифферентсионӣ ба амал меояд ба ин ақида мухолиф аст. Омехташавии забонҳо ва дар асоси он ба вуҷуд омадани забони умумиинсонии ҳамафаҳм раванди хело ҳам дурудароз буда, он аз суръати имрўзаи равандҳои глобализатсионӣ, ки дар бораашон дар боло ишора рафтааст, вобаста аст. Тақдири забонҳои миллӣ ё минтақавӣ ба монанди забони форсӣ ( дарӣ – тоҷикӣ) ва дигарон дар шароити глобализатсия аз он вобаста аст, ки соҳибони ин забонҳо дар тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва маънавии умумиинсонӣ чи миқдор саҳм мегузоранд, аниқтараш чи миқдор калимаҳою, номҳою ибораҳои сирф миллии онҳо аз ҷониби дигар миллатҳо қобили қабул мегарданд ва дар забони муоширатӣ ва хаттии онҳо ворид мешаванд. Тамаддун ва иқтисод, илму фарҳанги имрўзаи ҷаҳонӣ, ки дар марҳилаи вусъати нав ба нави инқилоби илмӣ – техникии ҷаҳонӣ ба амал омада истодааст дар самт, мазмун ва мўҳтавои забонҳо равияи техногению технократиро, яъне хело ҳам зиёд шудани калимаю ибораҳо, номҳою мавҳумҳои техникӣ – истеҳсолиро ба вуҷуд овардааст. Яъне, вазни асосии навгониҳои забонӣ аз ҳисоби калимаҳои нави илмӣ, техникӣ, саноатӣ, технологӣ ва коммуникатсионӣ ба вуҷуд омада истодааст. Ҳоло ҳисоб кардани он, ки чӣ миқдор калимаю ибораҳо ва мавҳумҳои ин ё он забон умумиҷаҳонӣ мегарданд мушкил аст. Вале бо нигоҳ ба вазъи имрўзаи забонҳои дунё ба мушоҳида мерасад, ки дар давлатҳое, ки дар он ҷо забони англисӣ барои онҳо модарист ва давлатҳое, ки онро ҳамчун забони дуввум ва муоширати байналмилалӣ  қабул кардаанд хело ҳам зиёд шудаанд ва саҳми онҳо дар равандҳои глобализатсионии ҷаҳонӣ хело ҳам афзудааст. Бинед имрўз забони англисиро ҳамчун забони модарӣ, давлатӣ, миллӣ, дуюм ва муоширати байналмиллалӣ зиёда аз 3 млрд. аҳолии ҷаҳон қабул кардаанд, ки он қариб 46 % аҳолии курраи заминро ташкил мекунанд. Инчунин дар дохили забонҳои миллӣ воридшавии калимаю ибораҳо, мавҳуму номҳои зиёди англисӣ, ки мавқеъи байналмилалиро гирифтаанд ба назар мерасад. Ин раванд рўз то рўз вусъат гирифта истодааст. Ва баръакс имрўз забони сирф тозаи клоссикии англисӣ дар дунё амал наменамояд. Забони имрўзаи англисӣ ин омехтаи садҳо ва ҳазорҳо калимаю ибораҳо ва мавҳумҳою номҳои аз забонҳои дигар гирифта ташкил кардаанд. Имрўз дар сатҳи гуфтугўии ин забон бисьёр қонуну қоидаҳои имло ва грамматикаи классики забони англисӣ аз байн бардошта шуда он ба забони соддаю равону оммафаҳми муоширатӣ табдил ёфта истодааст. Минбаъд ин раванд давом меёбад. Ва баъд аз тахминан 50 -100 соли дигар дар заминаи ин забон, қонуниятҳои интеграционӣ ва дифференсиатсионии раванди инкишофи забонҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, хурд ва калон ба он боис мегарданд, ки омезиши бузурги забонӣ бо саҳмияи 40-50 % забони англисӣ ва 50 -60 % забонҳои дигар, аз он ҷумла забони форсӣ (дарӣ –тоҷикӣ), дар ҷаҳон забони муоширати умумиинсонӣ таъсис меёбад ва инсоният ба орзўи ниҳоии худ – муоширати озодона бо ҳама халқҳою миллатҳои олам мерасад. Ақидаи дигаре, ки дар оянда забони форсӣ ҳамчун забони миллӣ ва забони нави омехташудаи англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмиллалӣ боқӣ мемонад асоси илмӣ дорад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj