• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Сулҳ - мароми зиндагии инсоният аст.

Инсоният дар марҳилаҳои тўлонии таърих ба равандҳое дучор гаштааст,  ки ҳаёти минбаъдаи онҳоро ҳамин равандҳо муайян кардаанд. Аз байни чунин равандҳо ба андешаи мо, аз ҳама муҳимтаринашон сулҳ, созгорӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бартарии куллӣ дошта, дар тарзи ташаккули ҷомеа ва ҳаёти инсоният мавқеи беандоза мусбӣ бозидаанд. Асоси ваҳдати миллиро созиши ҷонибҳо ва гуруҳҳои мухталифи бо ҳам омада, яъне ба сулҳу салоҳ омада ташкил додааст. Бесабаб нест, ки қофиласолори назми тоҷик, одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ асоси ба ҳам омаданҳоро дар накўию сулҳ ва сабаби нифоқу низои дохилию беруниро дар нодонӣ ва гумроҳии инсонҳо дониста, фармуда буд:

 

Ҳама наюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,

Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Бале, агар ба таърихи гузашта ва умқи қарнҳои сипаришудаи инсоният назар афканем, бароямон маълум мегардад, ки ҳастии инсоният яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, он хеле маҳдуд мебошад. Сухан дар бораи он меравад, ки инсоният ҳаёт ва мамоти худро имрўз дар чорроҳаи хатари азим қарор додааст. Мутобиқ ба маълумотҳои мавҷуда «дар асри XVII зиёда аз 3,3 млн., дар асри XVIII 5,5млн., дар асри XIX 16 млн. ва дар асри XX зиёда аз 100 миллион одамон» дар натиҷаи ҷангҳои беадолату харобиовар фавтидаанд ва сулҳу суботи ҳаёти инсониятро ин раванди номатлуб халалдор карда, барои рушди ҷомеаи инсонӣ монеаҳои зиёд эҷод намудааст. Андешаҳои мазкурро метавон бо чунин нуктаҳои ибрознамудаи Эмомалӣ Раҳмон - президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд: «…оташи ҷангҳои хурду бузург лаҳзае хомўш нагаштааст. Сару садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам ҳар рўз ба гўш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи замин оғўштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида, садҳо одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд».

Чунон ки маълум мегардад таърихи гузаштаи инсоният то ба имрўз доимо дар кашмокашу талошҳо барои тақсими сарвату муборизаҳои доимӣ будааст. Имрўзҳо зиёда аз 50 низоъҳои хурду бузург дар олами муосир амал мекунанд, ки онҳо бо фарогирии гуруҳҳои хурду бузург ҳудуди оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор мекунанд. Танҳо сулҳи солим  ва гуфтугўйҳои тамаддунҳо метавонанд аз байн бурдани кашмокашҳои мавҷударо барои наслҳои оянда таъмин намояд.

Лозим медонем, ки аз гузаштаи на чандон дури таърихи давлатсозиамон ёдовар шавем, ки он имрўз барои насли наврасу ҷавонон дарси панд ва ибрат мебошад. Истиқлолияти миллӣ ки 22-юмин солгарди он таҷлил шуд, барои мо дар баробари дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шўравӣ насибамон гашт ва дар марҳилаи аввали ташаккулёбии он натавонистем ба як миллати воҳид ва муттаҳид ва кишвари азизамонро ба сифати кишвари бутун нигоҳ дорем.

Маҳз, мо машғули митингу гирдиҳамоиҳо шуда, ба нима кардани ҳуқуқи сиёсиамон, талабҳои бунёд накардани НБО-и Роғун, заводи аккумуляторбарорӣ дар шаҳри Кўлоб, сохтмони навбати дуюми заводи нуриҳои азотии Вахш, баста шудани заводи алюминии тоҷик, зиёновар ва кишт накардани тамокупарварӣ ва пахтакориро талаб кардем. Ба қавли шодравон Лоиқ «соҳиби сарчашма бошему ташна» ва «соҳиби ганҷина будаву абтар» мондем ва дар вақташ ҳаққи ҳалоли худро талаб карда натавониста аз гиребони якдигар гирифтем.

Маҳз аз ноаҳлии баъзе аз ҳамватанон ва ҳизбу ҳарактҳову душманони давлати тозаистиқлол дар Тоҷикистон ҷангӣ таҳмилии дохилӣ сар зад ва барои кишвару миллати тоҷик рўзҳои вазнинро ба бор овард. Шукр аз он мекунем, ки ба бахти миллату мардуми сарзамини мо фиристодагон дар шаҳри Хўҷанди бостонӣ миллатро аз марги маҳвшавӣ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, хиштҳои боэътимоди давлати тозаистиқлолро гузоштанд, ки дар он нақши сарвари давлат кам набуд. Вале ин раванд ҳоло оғози бунёди давлати навин ва марҳилаи аввали ҷонбозиҳо барои сулҳу рифоҳ дар кишвар буд. Изҳороти Сарвари ҷавони тоҷикон «Ман ба Шумо сулҳ меоварам…,» аз қалби пур зи садоқату самимият дар қалби саршор аз умеду орзуи миллионҳо одамони аз ҷанг ба ҷон расида аввалин умедҳои бебозгаштро бедор кард, ки он низ хиштҳои аввалин барои пойдевори устувори СУЛҲ буд.

Воқеан, сари кўи мурод овардани шахсоне, ки дар талоши тақсими  сарват буданд, кори осон набуд ва ҳатто баъзе аз ходимони сиёсӣ аз роҳбарӣ ва идоракунии соҳоти гуногуни системаи ҷомеа даст мекашиданду ба ояндаи ҷомеа чандон бовар надоштанд. Раванди ба ҳам омаданҳо душвор ва бо азобҳову машаққатҳои зиёд ба даст меомад. Давлати соҳибистиқлолу миллати куҳанбунёди парешонгаштаро ба ҳам овардан низ чандон кори осон набуд. Зеро дар мамлакат аз ҳашт як нафар гуреза аз ватани худ шаҳди ғарибӣ мечашид, ки барои муттаҳид сохтани мардуми пароканда ва ба ҳам овардани онҳо заҳматҳои бисёр кашидан лозим буд. Аз ҳама муҳим сазовори боварӣ ва эътиқоди мардумро ба даст овардан ва ҷонибҳои мухолифро сари мизи гуфтушунид ва дастархони сулҳ шинондан мушкилиҳои зиёдеро ба бор меовард.

Билохира 27 июни соли 1997 протоколи Созишномаи умумии  истиқрори  сулҳ ва  ризояти  миллиро имзо карданд. Воқеан ҳам дар он замон аз ҳама муҳим он буд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Ҳашт даври музокирот  ғазабро ба таҳаммул, зўриро ба иродаи нек табдил дод. Ҳама гуна аҳриманро аз вуҷуди фоиристодагон берун кард. Хушбахтона ва боиси ҳама гуна дастгириву фараҳмандӣ буд, ки сулҳу  сафо ба Тоҷикистон омад ва хиради азалии миллати тоҷик сулҳро барои Тоҷикистон армуғон кард.

Сулҳ бо машаққатҳои зиёд армуғон шуд. Сулҳ бо хўрдани хуни дилҳо ба даст омад. Агар шоири зиндаёди мо Мирзо Турсунзода навиштани «суруди сулҳро бо хуни дил» ёдрас карда бошанд, фиристодагонамон ба даст овардани сулҳро бо «тапишҳои беором ва рўзафзуни дил» барои кишварамон армуғону туҳфа оварданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки сулҳи тоҷикон дар асри ХХ дастоварди беназир маҳсуб гашта, барои давлатҳои гуногуни олам дарси ибрату омўзиш ва мавриди истифода ба ҳисоб меравад. Ин санади ҳаётан муҳим роҳи душвор ва ноҳамворро дар муносибатҳои қувваҳои бо ҳам мухолифи байни тоҷикон пушти сар кард. Расидан ба сулҳу сафо ва ваҳдати миллӣ фосилаи тўлонӣ ва пурмашаққат буд ва «муҳимтарин ва асоситарин омил дар имзои Созишнома ин хост ва иродаи миллат буд». Воқеан ҳам тоҷикон сулҳро бо чашми ақл ва заковату хирад нигоҳ карданд ва ба қувваи бадӣ маҳз ҳамин хираду заковати ҳарду ҷониб ғолиб омад.

Сулҳ ва имзои он - оғози бо ҳам омаданҳо, даст кашидан аз ҳама гуна худкушӣ ва худкомагиҳо, рў овардан ба муттаҳадию  ҳамдигарфаҳмӣ дар оғози бунёди давлати навин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Воқеан, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ марҳилаи тўлонӣ буд ва ҳифзу ҳимояи он аз мардуми Тоҷикистон масъулияти баланди ватанхоҳӣ, миллатдўстию худогоҳии миллиро тақозо мекард ва мекунад. Зеро замони муосир бо таҳаввулотҳои бузурге рў ба рў гаштааст ва дар ин марҳилаи таърихӣ давлатҳои пешрафтаю тараққикарда ҷаҳонкушоиро пеш гирифтаанд. Авзои  сиёсии минтақа ва рушду пешравии  ҷаҳони муосир аз ҳар як кишвар, аз ҷумла, мардуми мо тақозо  ба амал меоварад, ки тамоми нерўҳои бунёдкори ҷомеаро ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ,  сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созанд.

Баъд аз парокандагии ҳазорсола тоҷикон давлати воқеан соҳибистиқлоли худро бунёд карданд. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллию  сулҳу  субот арзишҳои муқаддас ва неъматҳои бебаҳоянд. Имрўз мо давлати миллӣ дорем, давлате дорем, ки он бо номи миллатамон ёд мешавад. Давлати тозаистиқлолу озоди демократӣ.  Шароити таърихӣ имконият фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳи халқамонро ба сўи оянда муайян созем. Андешаи озод ва ҷовидонаеро ба вуҷуд оварем, ки бунёди онро адолат ташкил дода, мардумро якрўҳу ягона созад, аз арзишҳои асили фарҳангиву маънавии аҷдодиамон  сарчашма гирад,  гузашта, имрўз ва фардои давлату миллатро бо ҳам пайванд созад. Ягонагии миллӣ ва зистан ба хотири фардои нек, бунёди ҷомеаи озоду демократӣ бояд ба сифати мафкураи миллӣ дар оянда ба сифати таҳкимбахши сулҳу саодати милливу давлатӣ хизмат намояд ва дар зеҳни мардуми кишварамон ҷой гирад.

Сулҳу саодати миллӣ роҳи расидан ба ҳамбастагии миллӣ, оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили калидии рушди ҷомеаи муосири мо мебошад. Имрўз ҳифз, таъмин ва такмили сулҳу рифоҳи миллӣ бояд ба яке аз вазифаҳои умдаи табақаҳои гуногуни ҷомеа табдил ёбад. Зеро мафкураи ҳифзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ба мафкураи ягонагии миллӣ ва рушди миллӣ дар оянда  низ бо ҳам ҳамоҳанг бошанд. Ҳифз ва таъмину такмили сулҳу ваҳдати миллӣ дар шакли як шиори таблиғотию ташвиқотӣ ва ташкилӣ аз имкон берун аст. Он диққату  ғамхорӣ, такмилу тақвияти ҳамешагиро тақозо мекунад.  Лозим ба тазаккур аст, ки таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бояд аз ҳар гуна зарбаҳо ва олоишу ҳуҷумҳои муғризонаи бадхоҳонаш ҳифзу ҳимоя гардад. Ғояи фарҳанги сулҳофарӣ ва ваҳдати миллиро имрўзҳо баъзе аз созмонҳо, ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ҳамчун шиори марҳилавӣ  пиндошта, умри онро ба охиррасида меҳисобанд.

Чӣ тавре, ки маълум аст то имрўз дар васоити ахбори умум баъзе хабарҳои пур аз ғараз ба гўш мерасанд ва дастовардҳои дар даврони Истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ ба даст омадаро баҳоҳои муғризона медиҳанд ва аз сари нав мехоҳанд дар байни мардум ҷудоӣ андозанд ва вазъи сиёсии мамлакатро ноором созанд. Вале мо бо боварии комил мегўйем, ки халқи зираку ҳушёри Точикистон дигар ба чунин дасисаҳо роҳ намедиҳанд ва сулҳи ба даст овардаи мо бебозгашт буда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамойем.

Агар мақсад бунёди ҷомеаи пешрафта бошад, аз ҳамкориҳои судманд ва пешниҳоди барномаи рушд дида чизу василаи беҳтару хубтаре  нест барои ҳама гуна ҳаракату созмонҳо. Ҳамкориҳо ва ҳамоҳангӣ дар пешравию  рушди сулҳу рифоҳи миллӣ арзиши олию воло барои ҳар як ҳизбу созмон ва ҳаракат дар дохил ва хориҷ вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.

Чунин ҳаракатҳо ва гурўҳҳо дар дохили  кишвар ва берун аз он ба маркази хатарзо табдил ёфта, таҳдид ба сулҳу созгорӣ ва ваҳдату суботи кишвар мекунанд. Мутаассифона дар гирдоби таблиғу ташвиқи чунин гурўҳҳо наврасон ва ҷавонон меафтанд. Онҳо наврасону ҷавононро барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки хеш бештар истифода мекунанд. Мо ҳамагон ба чунин амалҳо  роҳ надиҳем ва бетарафиро набояд ихтиёр кунем ва чунин бетарафӣ ба андешаи мо бешарафист!

Сулҳи ба дастомада имконият дод, ки мо аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёбем ва ҳамчун миллат ояндаи худро бо ақлу заковати хеш муайян созем. Баъдан дар баробари таъмини сулҳу рифоҳи миллӣ ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат нисбати илм, маориф ва фарҳанг доимо эҳсос карда мешавад ва мо инро дар давра ба давра дар боло рафтани сатҳи зиндагии зиёиёни кишвар мебинем. Умед дорем, ки ин ғамхориҳои ҳамешагӣ нисбати на танҳо зиёиён, балки табақаҳои дигари осебпазири ҷомеа боз ҳам зиёдтар мегардад. Чунин ғамхорӣ буд, ҳаст ва дар оянда он идома хоҳад ёфт.

Итминони комил аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонони донишҷў ва кадрҳои ҷавон аз тамоми неру, заковат ва имкониятҳоямон истифода мебарем то онҳо созандагони ватани маҳбубашон, муҳофизон ва ватандўстони содиқ ба камол расанд, дастовардҳои Истиқлолият ва сулҳи доимиро таъмин кунанд, дастаҷамъона дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаҳои сиёсӣ саҳми арзанда гузорем ва ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳо иштирокчии фаъол бошем.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj