• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Хатари терроризм ва экстремизм дар xомеаиимрeза

Олимону муҳаққиқо ннавъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зидди ҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, ки бернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳамабеш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Баақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад,  реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, киифротгароён дар зеришиорҳои динӣбаромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сўистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷрабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амал карди ифротгароён  аз бединию хоиниионҳо дарак медиҳад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллатва дину мазҳабнадорад.

Имрўзҳо, мутаассифона, аксарионҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих,   фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайри таҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро ботамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кормебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайри таҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сўҳбати шорарафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бозўрӣ бор кардан мехоҳанд.

Агар мухолифини сиёсӣ эҳсоси ватандӯстӣ надошта бошанд, агар хоҳиши мадоро (компромисс) надошта бошанд, демократия зери хатар мемонад. Барои сиёсати беҳтар, пешрафти зиёдтар вақт омили муҳимаст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj