• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ намоем

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон китоби муқаддаси Қуръон  ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ройгон ба муассисаҳои давлатӣ ва таълимию фарҳангӣ дастрас гардид. Акнун ҳар кас метавонад бо асли дини мубини ислом шинос ва аз ақидаҳои хурофотие, ки пештар мавҷуд буд, дур гардад.

Мутаасифона бархе аз ҷавонон ба ҷои мутолиаи ин китобҳо рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ оварда, ба ваъдаҳои гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна бовар карда, шомили онҳо мегарданд ва боиси нооромии волидони худ мегарданд. Ин, албатта, сулҳу суботи ҷомеаи кишварамонро халалдор месозад.

Солҳои 90-уми қарни гузашта мо донишҷӯ будем ва аз оқибатҳои фоҷиаовари ҳодисаҳои нангини он солҳо бархурдор ҳастем. Маҳз ҳамон солҳо аввалин маротиба дар ҷумҳуриамон бунёдгарони ба ном исломӣ мамлакати тинҷу ороми моро ба майдони ҷангу набардҳои бемаънӣ табдил додаанд.

Мутаассифона душманони дохилию хориҷии халқи тоҷик бо ҳар гуна роҳ мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон халалдор созанд, барои роҳ надодан ба ин бояд ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандӯст кӯшиш ба харҷ диҳад.

Шомилшавии ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро имрӯз низ ташвишовар аст. Сабабҳои асосии шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо маърифати пасти илмию маънавӣ дуруст сарфаҳм нарафтан ба аҳкоми шариати исломӣ, ҷустуҷӯи роҳи осони маблағи зиёд ба даст овардан, аз тарбияи волидон дур мондани фарзандон, ба ҷои мутолиаи китоб, вақти худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кардани ҷавонон мебошад.

Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон бо роҳи тарғиби дастовардҳои илмию фарҳангӣ, дуруст ба роҳ мондани тарбия бо фаъолияти якҷояи волидону муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, таҳти назорати қатъи гирифтани марказҳои интернетӣ, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҷавонон ва дигар тадбирҳои тарбиявӣ мебошанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj