• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ҷаҳонро ба бадон нахоҳем супурд!

Воқеан, бузургони мо ҳикматҳои зиёдеро ба мерос гузоштаанд, ки аз доираи гуфтаҳо ва навиштаҳои онҳо баромадан ғайриимкон аст.

Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо  – терроризм, коррупсия, масоили экологӣ, қашоққӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо дохил  мешуданд.  Лекин имрӯз бошад, таҳдидҳои навини ба мақсади ифротгароиии динӣ низ хеле хавфнок мебошанд.

Яке аз гурўҳҳои ифродгарон ин шахсоне, ки аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананду аммо дар ботин дигар ният доранд, ки ин ҳам аз байн бурдани ҳамдилию ваҳдати миллат аст. Имрӯзҳо он дар тамоми Осиё Миёна ва дигар манотиқи дунё яке аз муаммоҳои асосиест, ки ба сохтори сиёсии кишварҳо халал расонида метавонад. Худ шоҳиди он ҳастем, ки дар аксар давлатхои исломӣ чӣ ҳодиса рух дода истодааст.

Ҷавонмард ҳамон нафаре аст, ки барои халқу миллати хеш ҳамеша дар хидмат мебошад ва бо рафтору кирдори шоистаи худ ҳамаро тасхир мекунад. Фикру андешаи ӯ танҳо хидмат кардан ба ватан, ба халқ равона гардидааст. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонии мо бо баъзе афродеро дучор мегардем, ки ҷавонмардиро як сӯй гузошта, танҳо бо корҳои ношоиста ва манфур машғуланд. Инҳо аксар аъзоёни ҲНИТ буда, бо мақсади ғаразноки худ, боз бо роҳҳои гуногун барои минбарҳои гӯё  «сатҳи байналмилалӣ» талош варзида, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд сохтанианд. Аммо, ҳамаи ин даъвоҳои наҳзатиҳо пуч, аз санаду далелҳо буда, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.

Ба мо маълум аст, ки аз оқибатҳои даҳшатбори онҳо давлатҳо ва аҳолии ҷаҳон зери хатар, нооромӣ ва мушкилиҳои азим қарор доранд.  Давлатҳои Сурия, Ироқ, Ливия, Афғонистон ва  Эрон  мисоли он шуда метавонанд. Имрӯзҳо халқи бечораи Эрон аз ноҳаққии Ҳукумати худ ба ранҷа гирифтор шудааст. Мо шахсан халқи онро давлатро дастргирӣ мекунем, на ҳукуматашро.   Вобаста ба ин аҳли сайёра ва дар қатори онҳо халқи тоҷикро зарур аст, ки дар муқобили ин таҳдидҳо истодагарӣ карда тавонанд. Вагарна  чунин таҳдидҳо метавонанд то мамлакати орому сулҳдӯсти мо омада расанд.

Пеш аз кори нангинро ба иҷро расонидан барои чӣ ҳукумати ин давлат аз тақдири одамони бегуноҳу бечора, хусусан кӯдакон, фикр намекунанд?  Куҷо шуд ақли инсонӣ?

Мо аҳли зиё, омӯзгорону устодон аз хотир асло намебарорем, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо ин, ҳамеша муҳассилинро аз оинҳои ҷавонмардӣ огоҳ намудан ва истифода аз ҳикматҳои бузургон онҳоро ҳушдор диҳем, ки бо роҳи рост раванд, худро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил насозанд, бо корҳои нек ва зарурӣ машғул бошанд, аз гурӯҳҳои муташаккил дурӣ ҷӯянд. Моро зарур аст, ки барои бурдани ин хатарҳо кӯшиш намоем ва фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, дар зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарҷамъ шуда, барои беҳбудии мамлакатамон таҳсил ва фаъолият барем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj