• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

«Ҷараёни салафия» ва хатари он ба давлату миллати тоҷикон

Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ «салафия» мебошад, ки таҳдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад.

Имрӯз ҷараёни «салафия» ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳои ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Аз таҳлилу баррасиҳои шабакаҳои телевизонии хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ маълум аст, ки қисми зиёде аз сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарӣ, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон чавони мусулмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломӣ мебошанд заҳролуд сохта, ононро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва экстремистон тарбия намудаанд ва тарбия менамоянд. Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористй, аз тарафи гурӯҳҳои ба ном салафия кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Бо дарки хавфи воқеии ин зуҳуроти барои миллати тоҷик аслан бегона, давлат ва ҳукумати кишвар амалҳои зиёдеро пиёда намуда истодаанд.

Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти ташкилотхои террористӣ ва экстремистии «Ал- Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тоиба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-Таблиғ», Ташкилоти динии миссионерии «Созмони Таблиғот» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, созмони ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияти он пештар манъ гардида буд, ба ҳайси ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид. Бояд қайд кард, ки моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ низ ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шуд. Хамчунин, бо дарназардошти хусусияти чудоихоҳӣ доштани равияи динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии.

Прокурори генералии ҷумхурӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2009 сол ин равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, ки ин ҳама амалҳои онҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон мегардид.

Мусаллам аст ки салафия дар ҳама гӯшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, ба амалиётҳои террориста гузашта ва хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, амният ва суботи давлатдории миллӣ эҷод карда мекунад. Пайравони гурӯҳи мазкур, асосан дар урдугоҳ ва таълимотгоҳҳои мухталиф сабақ омӯхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд. Дар ҳолати пурқуват гардиданашон хатари ҷиддӣ дар ҷомеа ба миён хоҳанд овард. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят бизананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои террористии дар зоҳир исломӣ барои мубориза бо куфр ва созмон додани ҷумҳуриҳои исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ, ки ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷоди чангҳои мазҳаби комёб гарданд.

Ҳамчун манбаи хушунат ва қатлу куштор муааррифӣ намудани дини ислом аз ҷониби аъзоёни мутаассиб ва хурофотандешаи ҷараёни Салафия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик аксарияти ҷавононе, ки вориди ин ҷараёни тахрибкор, тундхӯ ва ситезаҷӯ гаштаанду мегарданд хатари азиме ба давлату миллати тоҷикон оварда, хиёнати бузургеро бе ягон дудилагӣ ба чо меоранд ва он ҳам бошад вахшонияту дахшати асримиёнагӣ, адовату носипосӣ ва ғайра аст, ки инкори ақли солим ва дастёбӣ аз дастовардхои илму фан мебошад!

Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбини пуросеб ва заҳрогини ифротгароёни салафия ва ансоруллоҳ паёмадҳои бисёр ҷонсӯзу ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, барои ҳанафимазҳабон ва рушди иқтисоди миллии диёрамон дорад!

Маълум аст, ки салафия бо воизони бемазҳарашон ҷангҳои мазҳабиро байни сокинони Тоҷикистон рӯи об оварда ба он тақвият бахшиданианд. Мо ва махсусан ҷавонону наврасони тоҷик набояд ба дассисаҳои ин ифротгароёни ситезахӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон бовар намоем ва ба ин васила амният ва суботи миллиро аз даст диҳем, зеро ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд асту танхо истиклолияти миллӣ омили рушду нуму ва умеди фардои бехтару боз хам шоистатарро дорад

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj