• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Суботи ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистони муосир бегазанд аст

Ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити муосир дигаргуниҳои густурдаеро дар соҳаҳои гуногун аз сар мегузаронад. Дар заминаи оромии ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳу кушиши одамон низ бештар аз пештар ба баланд бардоштани сатҳи зиндагияшон равона гардида, уммеду эътимодашон ба фаъолияти сохторҳои қудратии мамлакат дар бобати таъмини ҳифзу якпорчагии диёрамон меафзояд. Маҳз дар ҳамин замина вазъу сифати муносибатҳои байниҳамдигарии табақаҳои гуногуни ҷомеа мустаҳкамтар мегардад. Дар заминаи чунин тамоюлот иқтидори

посухгӯии муносиби сохторҳои давлатӣ ба талаботи имрӯзаи инкишофи ҷомеа ба даст меояд ва эҳсоси ҳамшарикии онҳо дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват мегардад.

 

Бинобар ин таъсири нерӯҳои тахрибкори берунӣ ва ҷонибдорони дохилияшон барои ноором кардани вазъи ҳаёти имрӯзаи ҷамъиятии кишвари мо ҳеҷ гоҳ ба нишон намерасад ва хушбахтона саривақт пешгирию безарар гардонида мешавад. Ин ҳолатро мо моҳи сентябри соли 2015 дар пойтахти кишварамон шоҳид гаштем, ки дар як муддати кӯтоҳ табаддулоти давлатии аз ҷониби генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим роҳандозишударо бомуваффақият бартараф намуданд.

Бо мурури ошкор шудани амалҳои пуштибонии ҲНИТ аз ин кӯшиши табаддулот Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ташкилоти террористӣ будани онро ба тасвиб расонид, ки онро мебоист ҳар як фарди қонунписанди диёрамон мепазируфт ва мавқеи худро муайян мекард. Хушбахтона аксари мардуми Тоҷикистон аз худ чунин мавзеъгирии масъулиятшиносонаи шаҳрвандиро нишон доданд ва фирефтаи иғвоҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию берунӣ нашуданд. Вале афроди дар итоати мафкураи бегонапарастона ғутавар имрӯзҳо ҳам дар баъзе ҷойҳо камин гирифтаанду бехабар аз он ки барояшон ҳеҷ гох дигар имконияти халадор сохтани ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон муяссар намегардад. Мисоли барҷастаи ин қазоват наворҳое шуда метавонанд, ки рӯзи 8 август тавассути телевизион аз фаъолияти тахрибкоронаи дастаи мансуб ба генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ пахш гардид. Ҷеҳраи девсириштонаи ин тахрибкорон бо мурури пеши назар овардани нафарони аз дасти онҳо ба қатл расида барои ҳар фарди ватанхоҳ арзиши симои одамӣ доштани худро гум мекунанд. Зеро инҳо муҷиби марги онҳое гардидаанд, ки хизматашон дар пешрафти ҷомеаи мо хеле зиёд аст. Чунин амали нангинро бар ивази суди ночиз аз подоши хоҷагони саховатманди беруна танҳо нафаре иҷро мекунад, ки барояш ин ватану мардум арзише надоранд. Воқеан ҳам ин нафарони гумонбар ба иҷрои чунин амалҳо аз ҳамин тоифаанд.

Бинобар ин, дар қиболи чунин афрод ҳамеша ба сифати як умумияти воҳид баромад кардани сокинони кишварамон, одамони касбу кори мухталиф, минтақаҳои гуногун сади рахнанопазирест барои амалӣ гаштани нақшаҳои бадхоҳони пойдории ин миллат ва рушди ин сарзамин. Ин воқеан ҳам масъалаест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину таҳкими пояи давлатдории миллии худ ба он таваҷҷӯҳи бештар медиҳад. Ғояи ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва дигар мафҳумҳо айни замон дар зершуури мардум ҷой гирифтаю дар ташаккули манзараи ҷаҳонбинияш нақш доранд ва ин гувоҳи тақвият пайдо кардани ҳисси ҳамбастагию ҳамгаройии тоҷикистониён мебошад. Ин омили муҳими таъмини ҳифзи якпорчагию ҳамбастагии мардуми диёри мо аст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj