• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Чараёни ифротӣ ва террористӣ-экстремистии САЛАФИЯ

Имруз ба хамагон ба пурраги маълум аст ки дар як қатор кишварҳо пайдо шудани  ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷараёну равияҳои моҷароҷӯю тафриқаандоз, назири «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати толибон» боиси нигаронии  аҳли ҷомеа гардидааст. Аз таҳлилу баррасии барномаҳои алоҳидаи телевизионии баъзе кишварҳои хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ бармеояд, ки масъулони бархе аз сомонаҳои ба ном динӣ, бо шеваҳои ба худ хос, наврасону ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ афканда, онҳоро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва ифротгароён тарбия менамоянд.

Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла «ал - Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-таблиғ», ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот» дар мамлакат мамнӯъ эълон гардиданд. Ҳамчунин, бо назардошти хусусияти ҷудоихоҳӣ доштани равияи динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии Прокурори генералӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 январи соли 2009, ин равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд. Моҳи сентябри соли 2015 бошад, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гашт.

Пайравони равияи «Салафия» соли 2000 дар Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори кӯтоҳ ва  баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Чунин амалҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон гардид. Мусаллам аст, ки «Салафия» дар ҳама гӯшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, бо амалиёти террористӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, амният ва суботи давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Салафиҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят зананд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои террористию ифротгаро барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷоди ҷангҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз шеваҳои гуногун кор мегиранд.

Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқод ва ҷаҳонбинии заҳрогини ифротгароёни «Салафия» пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Мо, махсусан ҷавонону наврасон, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шавем. Барои мо ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳид гаштан дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама муҳим аст. Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ буда, танҳо  бо ҳамин роҳ метавонем Ватанамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj