• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Аз худнашиносон маталаб дидаи ҳақбин

ё худ андешаҳо дар пасманзари фаъолияти зиддимиллии ҲНИТ

Миллати тамаддунофару тамаддунсози тоҷик он қадар бори ғаму ҷабр кашидааст, ки қалам дар баёни он ҳама ноҷуриҳои таърих оҷиз аст. Ва бадбахтона, дар аксари он ҳама мусибатҳои ба сари миллати тоҷик омада дар баробари бегонагон, нақши фарзандони нохалафи миллати тоҷик, бахусус касони дини мубини Исломро ба манфиатҳои гурўҳии худ истифода бурда басо барҷаста ба назар мехўрад. Бо вуҷуди он ки дар таърихи беш аз 14-асра миллати ҷафокашидаи тоҷик ба Ислом пайванди ногусастанӣ дорад, боз ҳам дар ин таърих оташи муборизаҳои диниву мазҳабӣ хомўш нагардида. Ва дар ин муборизаҳо нохалафоне имрўз ҳам даст гарм кардан мехоҳанд. Мурод аз ин ёдкарди таърих амали зиддимилливу зиддидавлатии гурўҳе бо номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки баъди бо роҳи қонунӣ қатъ гардидани фаъолияташ дар Ватан, чанд дастандаркораш амалҳои зиддимилливу зиддиқонунии худро дар хориҷи кишвар идома медиҳанд. Намояндагони ин гурўҳи бо ном наҳзативу дар асл зидди наҳзати милливу фарҳангии миллати тоҷик ба ҷойи назди рўҳи шаҳидони оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба зону задану тавба кардану изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши бахшидани гуноҳҳояшон намудан, доду фарёди беҳуда назди берунаҳо доранд. Мутаассифона, дар ин кирдорҳои ғайриқонунии ин гурўҳ хадамоти ҷосусии кишваре, ки Тоҷикистону тоҷикон ҳамеша ба он назари нек доштанд, Ҷумҳурии исломии Эрон даст дорад. Агар ба таърихи фаъолияти ин гурўҳи ба ном наҳзати исломӣ дидаи таҳқиқ андозем, мебинем, ки ҳамеша пуштибони хориҷие доштааст. Маблағгузори фаъолияташ низ аҷнабиён будаанд. Аммо ин гурўҳ дониста барои пиёда сохтани ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва зиддитоҷикии хориҷиҳо талош доштааст. Шояд баъзе аъзои қатории ин гурўҳи ба ном ҳизби наҳзати исломӣ аз мақсадҳои нопоки хориҷиён дарак надоштанд, аммо саркардагонаш ҳатман бохабар буданд. Ҳамин буд, ки сари чанд вақт сафарҳои ин саркардагон барои ширкат дар маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ, дар асл гирифтани супоришҳои навбатии зиддимилливу зиддимазҳабӣ ташкил мешуду ҳоло ҳам идома дорад. Ва дар ин роҳ маблағҳои калон ҳам мегирифтаанд. Вагарна, ин ҳама кушку қасрҳояшон аз куҷо қомат меафрохт. Мусибати сахти ин гурўҳ дар он буд, ки талоши рахнасозӣ дар имону имондории мардуми ҷомеаи мо, дар рўҳонияти мардум доштанд. Гунаҳкор ҳастанд, ки ба суннати мо, мазҳаби мо – мазҳаби Имоми Аъзам шак овардаву талоши дигар кардани онро карданд. Дар ин роҳ боз ҳам хадамоти махсуси кишваре, ки ба хотири забону фарҳанги муштаракамон хайрхоҳаш будему ҳастем, пуштибонашон, балки супоришгарашон будааст.

Ин гурўҳ худ хуб медонанд, ки имрўз Тоҷикистон дар ибтидои истиқлол нест, ки бо ҳар дасисаву ғаразбозӣ сарнавишти Давлат ва Миллати шарифи Тоҷик ба хатар кашида шавад. Фарҳанги сиёсии ин миллат боло рафтааст, фирефтаи ҳар гурўҳи худхоҳу худпараст нахоҳад шуд. Ҳамин талоше, ки дар тирамоҳи соли 2015 бо дасти дастнишондаи хоинашон Ҳоҷиҳалим Назарзода анҷом доданд, худ гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик дигар фирефта нахоҳанд шуд. Бо вуҷуди ин, наҳзатиҳо – ин гурўҳи акнун бемуттакои дохилӣ оромиву суботи кишвар, фазои ваҳдату якдигарфаҳии ҷомеаи моро намехоҳанд. Бо ин мақсад дар хориҷи кишвар амалҳову ниятҳои нопоки худро идома медиҳанд. Ҳатто дар кишварҳои арабӣ дигар пуштупаноҳе надоранд. Зеро дар он кишварҳо низ ҳадафи аслӣ – террористиву ҷинояткоронаи наҳзатиҳоро дарк кардаанд. Фақат чанд порае аз гуфтори Радиои «Қоҳираи кубра» (Миср) меорем, ки дар моҳи октябри соли 2016 бо забони арабӣ пахш шуда, ин фикри моро тақвият мебахшад:

«Ҳизби Наҳзат - ақидааш аз гурўҳи Ихвонул-муслимин сарчашма мегирад... дурўғ мегўяд, бо дурўғ нафас мегирад.

Баъд аз ҳодисаҳои хунин ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуда роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли он ки сифати “Хоини миллат”-ро гирифта буданд, ба хориҷи кишвар фирор намуданд. Раванди ҳодисаҳо якояк даст доштани ТЭТ (ташкилоти экстремистӣ-террористӣ) ҲНИТ-ро дар нооромиҳои кишвар бори дигар собит сохт. Ҳоло амалҳои террористии худро аз давлатҳои аврупоӣ мехоҳанд пиёда созанд. Аз маблағҳои хоҷагони хориҷии шубҳаангезашон барои ноил гаштан ба охирин умедҳои хомўшгаштаи худ, истифода мебаранд. Пайравони ин ҳизб ба гурўҳҳои террористии ДОИШ пайваст гардидаанд, ки шумораи онҳо ба 600 нафар мерасад …»

Дар идомаи гуфтор ровӣ таъкид месозад, ки «ҲНИТ баъд аз ба сари қудрат омадани «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср мехост мардуми тоҷикро мутмаин созад, ки онҳо то ҳол қувва ва арзи ҳастӣ доранд. Аммо ҳақиқат хилофи онро нишон дода истодааст…

ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост, ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рўйи онҳо афтода, хокаи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.»

Вақте дар ҷомеаи кишварҳои арабӣ дар бораи рабт доштани фаъолияти ҲНИТ бо гурўҳи экстремистию террористии «Ихвон-ул-муслимин» ошкоро гуфта мешавад, чӣ расад ба кишварҳои аврупоӣ, ки наҳзатиҳо дар он ҷо паноҳ ҷуставу фаъолияти ҷинояткоронаи хешро идома медиҳанд.

Фаъолияти ин гурўҳ аз ибтидо рахнагӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, монеае дар роҳи рушди кишвар буд. Аммо ба хотири Ваҳдат ва якпорчагии Ватани азизамон, ба хотири дарки хатоҳояшон баъди Созишномаи сулҳ Ҳукумати кишвар ба ҲНИТ иҷозати фаъолият дод. Аммо ба ҷойи аз гузаштаи нанговари худ сабақ бардоштан, онҳо боз ҳам амалҳои тундгароёна ва ниятҳои нопоки худро идома доданд.

Рўзгори суботу ваҳдат чашми ҳасудонро кўр карда, ки ин ҳама пешрафтҳои моро намебинанд ва дидан намехоҳанд. Имрўзи кишварро ба чанд соли пеш муқоиса кунем, мебинем, ки ба манфиати бадхоҳони мо нест. Ҳамин муждаи неке, ки дар ин рўзҳо ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ рушанӣ овард – бардоштани лимити барқ, ҳамин пайки аз Созмони милали муттаҳид расида – дастгирии боз як ташаббуси башардўстонаи Пешвои миллати мо дар масъалаи об бадхоҳони мо, пеш аз ҳама гурўҳи наҳзатиҳоро ба зону овардааст. Чанд узви гурўҳи ғайриқонуние бо номи ҳизби наҳзати исломӣ дастовардҳои моро дидан намехоҳанд, аз пешрафти кишвари мо, аз амалишавии нақшаҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дилтангӣ доранд, пеши дидагонашонро дуди ҳасаду кина гирифтаасту воқеияти Тоҷикистони азизро дарк намекунанд. Ихтиёр доранд. Аммо магар саҳифаи таърихро метавон фаромўш сохт? Магар ҳамин гурўҳ набуд, ки дар ибтидои истиқлол мардумро ба майдонҳо кашид? Магар ҳаминҳо набуданд, ки ҷомеаи мусулмонии моро ба мусулмони ҳақиқиву ғайримусулмонҳо ҷудо карданд? Магар ҳаминҳо набуданд, ки нони муаллиму духтурро ҳаром ҳукм карданду касе бо онҳо набуд, кофираш хонданд? Ба коми оташи афрўхтаашон ҳазорон ҷавононро кашиданду аммо имрўз ҳатто тарафдорони худро, ки қурбони дасисаҳо гаштанд, ёде намекунанд? Ба ёд ҳам намеоранд, ки хуни ҳазорон ҷавонон бар гарданашон аст.

Фақат кўр ва кар бояд буд, то дастовардҳои сулҳу субот ва осоиши кишварро набиниву нашунавӣ. Ва агар далел хоҳед, марҳамат. Имрўз намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ аз минбарҳои расонаҳои бо ном исломиву дар амал муқобили ислом аз вазъи кунунии мусулмонони кишвар шикоят мекунанд. Гумон мекунанд, ки бо ин таҳрифкориҳояшон воқеияти Тоҷикистонро зери парда мебаранду чун дар ибтидои истиқлол мавҷ-мавҷи маблағҳои ҳангуфт аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон вориди суратҳисобҳояшон мегардад. Муҳимаш он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба ин ҳарзаҳо бовар намекунанд, худ медонанд, дар зери ниқоби суханони зебо чӣ ҳадафҳо ниҳон аст. Барои қиёс чанд далелро меорем, ки бозгўйи воқеияти озодиҳои мазҳабии мост:

  1. Бо ибтикори Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани Қуръони карим ва дастрасии ройгони мардум ба он;
  2. Таҷлил аз бузургдошти шахсиятҳои мазҳабиамон, аз ҷумла Имоми Аъзам;
  3. Фаъолияти озодонаву бонизоми ҳазорон масҷид;
  4. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон;
  5. Ба ҳам омадани мақсаду мароми ҷомеа ва рўҳониёни кишвар дар роҳи расидан ба саодати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои ахлоқиву суннатии миллат;
  6. Ҳамасола зиёд шудани ҳоҷиён аз Тоҷикистон;

Хеле бад аст, ки имрўз гурўҳе зери парчами ислом, дар асл рахнаандозӣ дар ҷомеа ҳадафҳои нопоки худро рўйи кор овардан мехоҳад. Ҳол он ки ислом худ ягона асту ягонагиро тақозо дорад ва боз онро ба гурўҳу ҳизб ҷудо кардан ин зидди ормонҳои исломист. Тақсим намудани исломи воҳидро на гузашта ва на имрузи мо қабул надорад. Дар майдони сиёсии кишваре чун Тоҷикистон барои чунин ҷараёну гурўҳҳои ҷиноятпешаву экстремистӣ ҷой нест, сўйистифода аз ислом ба ягон меъёри исломӣ рост намеояд, чӣ расад ба қонунгузориву қонунмандиҳои кишвари дунявӣ. Магар воқеоти Афғонистони мусибатзада барои ин гурўҳ сабақ намешавад? Дар Афғонистон беш аз 20 аҳзоби сиёсӣ дар унвони худ аз номи ислом ёд мекунанд, аммо ҳеҷ яке аз ин аҳзоб наметавонад оташи ҷанги беш аз 40-соларо хомўш кунад. Баръакс, яке аз сабабҳои идомаи бесобиқаи ин ҷанг маҳз амалкарди гурўҳҳои тундраву экстремистӣ аз номи ислом аст.

Имсол мо 20-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил мекунем. Барои миллати мо санаи 27 июн баробари санаҳои 9 сентябр ва 6 ноябр азизу мукаррам аст, воқеаи пурарзиш аст. Инро гурўҳе мехоҳад ё не, мардуми шарофатманди тоҷик ин санаро ба номи Рўзи Ваҳдати миллӣ арҷ мегузоранд. Ва барои ин ҳақ ҳам доранд. Зеро ин рўйдод моро аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овард, ба сўйи созандагиву бунёдкориҳо роҳнамун сохт. Ва дар сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи наверо оғоз намуд. Мардуми Тоҷикистон заҳмату талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои расидан ба ин рўзи хушбахтӣ хуб медонанд. Ба хусус Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат ҷавононро рўҳбаланд месозад. Ҷавонон, ки такягоҳ ва пешбарандаи аслии сиёсати ваҳдатсозу бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳастанд, дар роҳи таҳкими истиқлолият, ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар собитқадаманд ва ба қадри рўзгори босаодати имрўза мерасанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj