• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад …

Одобу ахлоқ яке аз рукнҳои ташаккули инсони комил аст ва он дар муҳити оила, боғча, мактаб, донишгоҳ, хуллас, ҷомеа инкишоф меёбад. Фарде, ки ин зинаҳоро тай намудааст, метавонад бо ду роҳ равад: яке – бо роҳи дуруст дар натиҷаи тарбияи накӯ, дигаре – бо роҳи нодуруст, дар натиҷаи риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ.

Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки: «Аз мост, ки бар мост». Саодати рӯзгори инсон дар натиҷаи зиндагии бобарор, меҳнати ҳалол ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба даст меояд. Вақте ки фарзанди инсон дар рӯҳияи фазилатҳои неки инсонӣ тарбия меёбад, ӯ тарзе рафтор мекунад, ки бар зарари аъзоёни ҷомеа набошад. Ӯ мекӯшад, ки дар мактаб бо баҳои хубу аъло хонад, таҳсилашро дар ягон муассисаи олии таълимӣ идома диҳад, соҳибтахассус гардад, ба ҷамъият нафърасон бошад. Агар фарзанд дар оилаи бомаърифат тарбия наёфта бошад, аз ӯ инсони солим ташаккул додан ғайриимкон аст. Оилаҳое низ вуҷуд доранд, ки волидайн маълумоти олӣ надоранд, аммо фарзандони хубро тарбия карда ба воя расонидаанд. Ин ҳам дар натиҷаи ахлоқи хуб ва одоби писандидаи сарварони оила даст додааст, пас, метавон гуфт, ки саодати рӯзгори инсон самараи одобу ахлоқи шоистаи ӯст. Пас, аҳли ҷомеа, аз ҷумла моро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоем.

Пӯшида нест, ки меваи ширинтарини ҳаёти инсон фарзанд аст. Муроди зиндагии мо низ ӯст. Ҳамин ки оиладор шудем, мехоҳем зуд соҳиби фарзанд гардем, то зиндагиамон рангу ҷилои тоза гирад. Бо пайдоиши фарзанди нахустин шод мешавему мекӯшем, то тамоми ҳастиамонро ба ӯ бахшем. Аз одитарин бозичаҳои кӯдакона то ба компютеру дигар лавозимот ӯро таъмин менамоем, мехӯронем, мепӯшонем ва бо ҳамин гумон мекунем, ки ҳамаи корро барои ӯ кардем. Бехабар аз он ки аз ганҷи беҳтарин – ахлоқ ва рафтори ҳамида ӯро бархурдор нанамудем. Ин ишора ба он аст, ки мо масъулияти худро дар назди ӯ пурра дарк накардаем.

Масъулият чист? Чунонки аз шарҳи луғат бармеояд, маънои он ҷавобгарӣ, масъул будан барои коре аст[1]. Пас, мо барои ҳар як амали фарзандамон дар назди ӯ ва ҷамъият ҷавобгарем.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза на ҳар падару модар барои фарзанди худ шароити хуби таҳсилро фароҳам оварда метавонад. Албатта, ин ташвишовар аст, аммо ҷанбаи тарбияи ӯ аз ин ҳам ташвишовартар аст. Инро ба инобат гирифта, сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон эҳтиёҷи таҳияи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар назди фарзандон»-ро лозим донист ва лоиҳаи ин қонунро ба муҳокимаи волидайн, мақомотҳои давлатӣ, зиёиён, хоса ҷамъият, гузошт. Тайи чанд моҳ он аз ҷониби мардум дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ва тавассути ВАО мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мардум нуқтаи назари худро доир ба ҳар як банди он баён намуд, ки хулосааш як чиз буд: падару модар, мақомотҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар тарбияи фарзандон дар оила ва ҷамъият масъулияти баробар дошта бошанд.

Дар байни мардум чунин нуқтаи назар низ вуҷуд дошт (шояд ҳоло ҳам бошад), ки тарбияи кӯдак ба зиммаи муаллимон аст ва қонун инро ҳам пешбинӣ намояд, ки масъулияти мактаб ва муассисаҳои таълимӣ дар ин раванд кам нагардад, аммо ин тоифа фикр намекунад, ки дар фосилаи вақте, ки фарзандашон дар мактаб таҳсил менамояд, ҳар як муаллими дарсгӯ барои офияти фарзанди онҳо ҷавобгар аст. Устодон, бар замми он ки илм меомӯзанд, тарбия ҳам мекунанд. Барои ба роҳи бад нарафтани хонандагон онҳоро ба чорабиниҳои илмиву адабӣ, олимпиадаҳо, озмунҳои гуногун ҷалб менамоянд. Аммо чунон ки қарсак аз ду даст мебарояд, барои пурқувват намудани ин ҷанба дастгирии  волидайн зарур аст. Мутаассифона, дар хона на ҳар падару модар ба фаъолияти таълимии фарзандашон, хусусан духтарон, эътибор медиҳанд. Ифодаи номатлуби «хондагиҳо чӣ шуданд?»-ро шиори худ карда, нисбат ба тарбияи онҳо бетарафӣ зоҳир менамоянд. Аз ҷониби дигар, аксари мардҳо «тарбияи фарзанд вазифаи модар аст» гуфта, аз иштирок дар ин раванд мегурезанд ва ҳар нокомие, ки дар хонавода рӯй медиҳад, ба гардани зан бор менамоянд.  Дар зиндагӣ ҳолатҳое  мешавад, ки зан-модар на ҳама чизро ба писари болиғаш гуфта метавонад, шарм медорад ва ин вазифаи ҷонии падар аст. Падар дар баробари модар бояд фарзандашро дар рӯҳияи мардонагӣ, далерӣ, инсонияти олӣ тарбия намояд, дар дили ӯ фазилатҳои беҳтарини инсониро ҷой кунад. Бикӯшад, то фарзандаш ба ҷойи таҳсил бори вазнини зиндагиро ба дӯши худ нагирад. Мутаассифона, шароити зисти баъзе оилаҳо вазнин аст ва фарзандон маҷбур ҳастанд, ки ба синну соли кӯчаки худ нигоҳ накарда, корҳои вазнинро иҷро кунанд, то маишати волидайн ва аъзои оилаашонро таъмин намоянд.

Чизи дигаре, ки боиси нигаронист, дар ҳаёти мактаб иштирок накардани аксари падару модарон мебошад. Волидайн дар маҷлисҳои падару модарон, чорабиниҳои мухталифе, ки фарзанди онҳо дар он саҳм мегирад, иштирок намекунанд. Ҳатто баъзеи онҳо санаи таваллуди фарзанд, дар кадом синф таҳсил кардани ӯро намедонанд. Аммо дар ноомади кор ҳамеша мактаб ва устодонро гунаҳкор мекунанд.

Волидайн барои ташаккули шавқу завқи фарзандонашон мусоидат намуда, аз рӯйи имкон бояд шароит муҳайё намоянд. Айни ҳол дар хонаҳои аксари мардум намунаи дастраси техникаҳои муосир, аз қабили компютер, телефонҳои мобилӣ, мавҷуд аст. Падару модар роҳҳои самаранок истифода намудани онҳо ва мавқеи кор фармуда шуданашонро бояд ба фарзандонашон фаҳмонанд, то ӯ аз ин воситаҳо бошуурона фоида барад. Маҳз надонистани манфиат ва зарари ин воситаҳо фарзандони мо ба тарафи зиёни он бештар майл доранд. Масалан, бозиҳои компютерие, ки  бачагон дар марказҳои интернетӣ аз саҳар то бегоҳ бо он машғуланд, ғайр аз вайрон кардани тафаккури онҳо ягон манфиате ба бор намеорад, зеро мазмуни онҳоро дуздӣ, авбошӣ, одамкушӣ, терроризм фаро мегирад. Ба ҷойи ин дар дили кӯдак шавқу ҳавасро нисбат ба асарҳои бадеӣ, нисбат ба чизҳое, ки ҳисси зебоипарастии ӯро бедор мекунад ва умуман омилҳоеро, ки аз некиву некӯкорӣ сарчашма мегирад, ташаккул диҳем, беҳтар аст. Ҳаракат кунем, ки фарзандамон бекор намонад ва вақти фориғ аз дарс низ ба ягон машғулияти муфид машғул шавад.

Дӯсти беғарази ҳар як инсон падару модари ӯст. Аз ин рӯ назорати ҷиддии тарбия ва таълим, вазъи саломатии фарзанд, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нисбат ба ӯ, муҳайё намудани шароити хониш ва, аз ҳама муҳим, дӯст доштан, қобилият ва эҳсоси ӯро дарк намудан вазифаи инсонӣ ва ҷонии ҳар як падару модар аст. Фарзанд низ дар навбати худ бояд дар мадди аввал суханони волидайнро гӯш кунад, онҳоро ҳурмату эҳтиром намояд, дар муносибат ба онҳо ҳамеша меҳрубон бошад ва дар симои онҳо дӯсти беғиромро дида тавонад. Ҳамзамон чунин муносибати накӯро аз устодони худ дареғ надорад.

Тарбияи фарзанд аз рӯзи аввали дар батни модар пайдо шудани тифл шурӯъ гардида, то ба камол расидани ӯ идома меёбад. Агар дар ин фосила мо лаҳзае ба иштибоҳ роҳ диҳем, тамоми умр азоб хоҳем кашид. Дар назди фарзанд ва ҷамъият эътибори худро аз даст хоҳем дод. Мо бояд фаромӯш накунем, ки гузаштагонамон сарояндаи одобу ахлоқи ҳамида ва мазамматкунандаи рафтори бади инсонҳо буданд. Аз ҷумла, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барҳақ фармуда:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.

Ҳар он кас ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шодмон зияду ғам нахӯрад.

Фирдавсии бузург ҷовидона будани некӣ ва бебақо будани бадиро дар сар то сари «Шоҳнома»-и безаволаш таъкид карда мегӯяд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Намонад ҳаме неку бад пойдо,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Ё бузургмарде фармуда:

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бирав, бар сар бинеҳ, ҳар ҷо ки хоҳӣ.

Ба ин минвол осори нотакрори бузургонамон сар то по панду андарз ва ҳикмати рӯзгор аст. Яке аз сабабҳои ҷовидона ва намиранда будани эҷодиёти эшон маҳз инъикоси ҳамин масъалаи доғ – одобу ахлоқи писандида ва тарбияи инсони комил будааст. Дар ин бобат соатҳо мулоҳиза рондан мумкин аст, аммо бо овардани намунае аз осори бузурги устодони каломи бадеъ иктифо мекунем, ки он хулосаи андешаҳои мо хоҳад буд. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Ҷомеъулҳикоёт» овардааст:

«Овардаанд, ки Абузурҷмеҳрро савол карданд, ки мардумонро чӣ беҳтар аст?

Гуфт: – Хиради модарзод.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт: – Фарҳанги (илми) омӯхтанӣ, ки адаби вайро рост кунад.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт:  – Хостае, ки ҳамаи айбҳоро пӯшад.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт: – Ҳилм (нармдилӣ) ва мадоро, ки ҳилм мардумро биёрояд.

Гуфтанд: – Агар набувад?

Гуфт: – Марг беҳ аз зиндагонӣ, то роҳат ёбад аз худ ва халқ аз вай».

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj