• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дастовардҳо назаррасанд

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ дар соли 2017 дастовардҳои назаррас дошт. Бо тасмими Ректори донишгоҳ академик Салимӣ Н.Ю. пеш аз ҳама иқтидори илмии донишгоҳ афзун гардонида шуд. Чунончӣ, алҳол, дар 58 кафедраи донишгоҳ (48 кафедраи тахассусӣ ва 10 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 690 нафар омӯзгор аз ҷумла, 1 нафар академики АИ ҶТ, 1 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АТТ, 57 нафар доктори илм, 160 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз ин шумора 448 нафар омӯзгори тасвибӣ ва боқимонда муаллимони ҳамкор ва соатбайъ мебошанд. Аз ин шумора 47 нафарро докторҳои илм (8,2%), 160 нафарро номзадҳои илм (28,1%) - дар маҷмӯъ 207 нафарро (36,3%) устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

 

Бояд таъкид намуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ шумораи донишҷӯён ба 18095 нафар (7798 дар шуъбаи рӯзона 10297 дар шуъбаи ѓоибона, 252 нафар дар шуъбаи магистратура)  мерасад.

Дар ҷодаҳои дигар низ донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, иқтисодиву хоҷагидорӣ ноил гардид, аз ҷумла, такмили Барномаи идоракунии электронии донишгоҳ дар шакли ба роҳ мондани ташкили журнали электронӣ бо интегратсияи изи даст барои дарёфти вуруд ба синфхонаҳо ва нуқтаҳои қабули имтиҳонӣ, таҳия ва танзими Бонки саволномаҳо ва тестҳои инфиродӣ, ташкили кабинетҳои инфиродии донишҷӯ ва омӯзгор, ба барномаи идоракунӣ пайваст намудани фаъолияти шуъбаҳои шартномавӣ ва музди меҳнати раёсати муҳосибот, фаъолияти шуъбаи кадрҳо, ҳисоби соатҳои таълимии кафедраҳо, омода намудани саволномаҳои тестӣ ва ба идоракунии раванди таълим мутобиқ сохтани онҳо, ташкили онлайн-табло ҷиҳати таъмини шаффофияти раванди қабули имтиҳонҳо, ба барномаи идоракунӣ пайваст намудани сомона ва китобхонаи электронӣ, мониторинг ва таҳлили сифати дарсҳои кушод ва лексионӣ, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати маориф ва илм таҳия намудани мавод ҷиҳати ворид намудан ба сомонаи таҳсилоти фосилавии ягона, ба роҳ мондани назорати раванди таълим ва муайян намудани мониторинги сатҳу сифати таҳсилот тавассути камераҳои назоратӣ аз зумраи иқдомҳои тозаи роҳбарияти донишгоҳ маҳсуб мегарданд.

Дар самти чопи дастурҳои методӣ низ иқдоми ҷиддӣ сурат гирифт. Мутобиқи ҳисоботи солонаи донишгоҳ соли сипаришуда барои 848 номгӯи фанни таълимии зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва магистр маҷмӯаҳои таълимию методӣ таҳия карда шуда, намунаҳои беҳтарини онҳо тавассути матбааи донишгоҳ ба нашр расонида шуданд ва ҳамзамон 117 дастури таълимӣ-методӣ нашр гардид.      Аз ин миқдор, теъдоди китобҳои дарсӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ, ки дар соли 2017 бо қарори Шӯрои илмию методии донишгоҳ ба нашр расиданд,  156 номгӯйро ташкил медиҳанд: аз ҷумла: 39 китоби дарсӣ ва 117 дастуру воситаҳои таълимӣ.         Ҳамчунин аз ҷониби устодони кафедраву факултетҳои Донишгоҳ 26 монография ва 1400 мақола ва фишурдаҳои илмӣ омода шуда, ба нашр расид. Дар ин давра 38 конференсияи илмӣ-амалӣ, 14 семинари илмӣ-омӯзишӣ ва 9 мизи мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ баргузор шуданд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, татбиқи технологияи низоми кредитии таҳсилот, ташкили бонки саволномаҳои тестӣ ва мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи бонки нави саволномаҳо бо шаклҳои гуногун аз рӯи 530 фанни таълимӣ шаклҳои тестҳои пӯшида, мувофиқоварӣ, кушода ва барқароркунии пайдарпайӣ таҳия шуданд.

Дифои рисолаҳои илмӣ бо фаъолияти шӯроҳои махсуси ҳимоя дар пайвастагии бевосита қарор дорад ва ҳоло дар донишгоҳ 2 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия доир ба самтҳои илмҳои филологӣ ва географӣ, 2 Шӯрои диссертатсионии КОА ҶТ оид ба филология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли сипаришуда аз ҳисоби омӯзгорон ва аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ 14 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуданд.

Фаъолияти маҷаллаи навтаъсиси “Муҳаққиқ» дар  соли ҷорӣ таҳким ёфта,  идораи маҷалла  дар барои беҳтар шудани сифати нашри шумораҳои он як қатор тадбирҳо андешида ва аз оѓози сол талаботро барои чопи мақолаҳо ҷиддитар намуд. Дар ин сол чопи мақолаҳо ба қолиби стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, талабот ба қабули онҳо ҷиддитар шуд. Дар шароити нав барои чопи мақолаҳо дар баробари ҳайати таҳририя масъулияти деканатҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони илмии донишҷуён бештар гардид ва танҳо ба сурати райъи дастаҷамъона мақолаҳо барои чоп пазируфта шуданд. Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» низ тибқи шартнома бо Шохиси иқтибосории илмии Русия (РИНЦ) ва ба пойгоҳи додаҳои (база данных) сомонаи ин шохиси байналхалқӣ ворид карда шуд.

Тавре аз ҳисоботи ҷамъбастии донишгоҳ бармеояд, дастгирии моддии кормандон самти дигари кори донишгоҳ мебошад. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ илова ба зиёд гардидани маоши буҷети давлатӣ дар соли 2015 аз ҳисоби маблаѓҳои махсуси донишгоҳ 30 % , дар соли 2016 10% ва дар соли 2017 боз 10% музди маоши омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ зиёд карда шуд. Роҳбарияти донишгоҳ ният дорад, ки аз моҳи сентябри соли 2018 боз музди маоши омӯзгорони донишгоҳро  мувофиқи имконот зиёд намояд. Дар ин самт  муассисаи мазкур дар байни донишгоҳҳои дигари мамлакат яке аз ҷойҳои аввалинро ишѓол менамояд. Чунин ѓамхорӣ барои сидқан фаъолият намудани ҳайати омӯзгорони донишгоҳ, ҷаҳди онҳо бобати дарёфти усулҳои фаъоли таълим, таълифи китоб, дастур ва воситаҳои нави таълим мусоидат хоҳад кард.

Аз дастовардҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар соли 2017 чунин натиҷа бардоштан мумкин аст, ки аллакай заминаи нави рушди донишгоҳ гузошта шуда аст ва он дар риштаҳои гуногун – таълифи китобу дастурҳои таълимӣ, ворид гардидан ба низоми нави таҳсилоти фосилавӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, татбиқи технологияи низоми кредитии таҳсилот, ташкили бонки саволномаҳои тестӣ, ба роҳ мондани назорати раванди таълим ва муайян намудани мониторинги сатҳу сифати таҳсилот тавассути камераҳои назоратӣ дар байни донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ мавқеи сазоворро ишѓол менамояд.

Умед аст, ки соли 2018 барои коллективи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ соли пурмасъулият, бобарор ва пешрафт хоҳад буд, зеро барои амалӣ гардидани ин иқдоми нек тамоми заминаҳо мавҷуданд ва дастгириҳои пайвастаи иқдомҳои тозаи кормандон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ, ҳамёриву ҳамрайъии дуҷониба имкон хоҳад дод, ки яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии мамлакат - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ҷодаи таълим, илм, донишандӯзӣ, навоварӣ ва тарбияи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ беназир бошад.

Саидмуроди Хоҷазод

мудири кафедраи забони

тоҷикии ДДОТ

ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru