• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ИҒВО ВА ҒАВҒОИ ҶАРАЁНҲОИ ХАТАРЗО

Оромии муҳит ва низоми фаъолияти ҳавзаҳои таълимии динӣ дар ҷомеа муҳимтарин манбаи таъмини амният ва субот дар кишвар маҳсуб меёбанд. Ин нуқтаи калидиро ташкилот ва дастгоҳҳои экстремистӣ барвақт дарк ва ҳис намудаанд. Дастгоҳҳои экстремистӣ барои осебпазир намудани муҳити динӣ ва ноором сохтани фазои иттилоотӣ ҷавонони камхабар аз омӯзаҳои исломӣ ва сабукрафторро мағзшӯйӣ намуда, ба манфиати гурӯҳҳои худ истифода мебаранд.

 

Қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳар яке дорои манфиат ва ҳадафҳои геопалитикии худ ҳастанд. Сарватҳои зеризаминӣ, қувваи кории арзон ва маҳсулоти хоми Осиёи Миёна диққати онҳоро ба худ ҷалб намудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва геопалитикии худ онҳо аз тамоми роҳу усул истифода мебаранд. Ҷараёнҳои такфирӣ ва бемазҳабии иғвоангез маҳз парвардаи ҳамин қудратҳои манфиатхоҳ мебошанд.

Наҳзатҳои иғвоангез ва радикалии динӣ дар охири қарни 20 тақвият ёфта, ба хусус, дар Осиёи Миёна решадавонӣ намуданд. Аз ҷумлаи чунин ҳаракатҳои хушунатбор «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Ҷундуллоҳ – Артиши Худо», «ҲИУ ва Толибон» мебошанд, ки характери қавмӣ ва миллатгаройиро касб намуда, меҳвари тафриқа ва низоъ гаштаанд.

Дар муҳити динӣ ва мазҳабии Осиёи Миёна, пеш аз ҳама, таълимоти характернок ва иғвоангези ҳаракати «Салафия» реша давонда, мафкураи  садҳо ҷавонони қирғизу ӯзбек, қазоқу тоҷик, ӯйғуру озар ва гурҷию чечен, доғистонию тоторро заҳролуд сохтаанд. Салафия ақида ва идеологияи зидиконститутсионӣ ва зиддидавлатии худро дар зери принсипи «Қуръон ва суннат»  ба таври ошкоро таблиғ ва ташвиқ дорад.

Мутаассифона, то имрӯз аз ҳадаф ва мақсадҳои пурзалолати ҳаракатҳои иғвоангез ва тундрави такфирӣ аксар мусалмонони кишвар огоҳ нестанд. Бинобар сабаби халои маънавӣ ва бемаърифатии динии аксар сокинони кишвар, ки худро мусалмон ва пойбасти мазҳабӣ ҳанафӣ мегиранд, лидер, мавлавӣ, воиз ва муфтиҳои фурӯхташудаи ташкилотҳои экстремистӣ худро дар қишрҳои гуногуни ҷомеа пешвои дин ва ғамхори муслимин муаррифӣ намуданд. Дар  ҳоле ки ҷараёнҳои моҳияти экстремистӣ дошта, дар пайи таъсиси «Хилофат» ва хонигариҳои Абӯҷаҳлӣ мебошанд. Аз асри шуми ҳаракат, созмон ва ҳизбу ҷараёнҳои такфирӣ ва террористӣ ҳазорон шаҳрванди Сурия ва Ироқ ба қатл расонида, молу сарвати онҳо аз ҷониби зархаридони бемурувват ба яғмо бурда шуданд.

Ширкати аъзои такфирии «Салафия» - ҳои кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷангҳои зиддидавлатии Сурия ва Ироқ ва даст задании онҳо ба амалҳои террористии инфиҷорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин равияи экстремистӣ дорои дастгоҳҳои пурқуввати таблиғӣ ва маблағгузорӣ аст. Ва мубаллиғони он тавонистаанд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мавқеи таълимоти таҳаммулпазирии Имоми Аъзам (р) – ро дар минтақа танг ва хунсо намуда, идеологияи иғвоангез ва зиддисломии худро ҳамчун таълимоти исломӣ дар миёни аҳолӣ ҷойгузин намоянд. Дар баробари наҳзатҳои такфирӣ бархе аз уламои саршинос ва марказҳои илмӣ ва таҳлилӣ мавқеи худро дар мавриди ҷараёни салафия маълум нанамуданд. Фаъол шудани ҷараёнҳои ифротӣ аз он гувоҳ аст, ки онҳо худро бетараф гузошта, имрӯз мавқеи исломӣ ва динии худро нисбат ба ДИИШ ва ҷараёнҳои таркибии он муйян накардаанд. Лидерҳои ҳаракати иртиҷоӣ ва ифротии «Салафия» наздиктарин афрод ба шахсиятҳои соҳибмансаби динӣ дар кишвар мебошанд, ки ин омил бисёр хатарнок буда, ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар муносибат ба дин латма ворид намудааст. Мардум беҳтарин ташхискунандаи ҳақ аз ботил аст. Салафия ва таълимоти осебпазири он хатари ҷиддӣ ба субот ва амнияти кишвар дорад. Набояд ин нуктаро пинҳон кард. Ҷавононе, ки ба тафаккур ва ақидаи «Салфия» имрӯзҳо гаравиданд, шомили созмонҳои террористии Ан – НУСРА, Ал – ҚОИДА, Толибон ва ДИИШ гаштаанд. Дастгир шудани ҷавонони такфирӣ ва размандагони ифротии «Салафия» ва дигар созмонҳои ҷудоихоҳ дар қаламрави Сурия ва Ироқ аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомотҳои амниятӣ ва қудратии ин кишварҳо моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ҳаракати «Салафия» ва ҳавопаймоҳои он чораҳои ҷиддӣ биандешем. Дар ҳолати ошкор ва решакан насохтани ақидаи ботил ва экстремистии ин ҳаракати иртиҷоӣ ҷавонони беандеша ва камбизоат ба доми тазвир ва тавтиаҳои дурӯғини салафия афтида, дар ояндаи наздик вазъро ноором ва муташанниҷ хоҳанд сохт.

Лозим аст, ки Шӯрои уламо ва Маркази исломӣ мавқеи худро нисбат ба ҷараёнҳои такфирӣ ва иттиҳодияҳои реаксионӣ муайян намоянд ва расман ақида ва идеологияи «Салафия»  ва шарикони мутаассиби тахрибкори онро маҳкум созанд.

Чаро имрӯз баъзе ҷавонон аз ҳифзи идеологияи давлат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ хориҷ гашта, барои идеология ва ғояҳои такфирии созмонҳои экстремистӣ аз баҳри Ватан, забон, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва манфиат ва муқаддасоти исломӣ даст кашида, барои ҳадафҳои террористон ва ДИИШ худро қурбон мекунанд?

Шояд соҳибназарон фикр намоянд, ки тангдастиҳои иқтисодӣ ва нодориҳои молӣ омили гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ аст, аммо аз назари банда, омили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ баҳона намешавад, балки то кунун мардуми мусалмон душманшинос нестанд ва чеҳраи аслии экстремистии «Салафия» ва шарикони онро намешиносанд. Салафияҳои яманӣ, суриягӣ ва мисрии тоҷик бисёр тундрав ва интиҳорӣ ҳастанд. Онҳо аз ҳисоби сармояҳои пули «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракатҳои исломӣ» - и Яман таҳсил намуда, дорои тафаккури сирф ДИИШ – ӣ гаштаанд саодат ва хушбахтии худро дар таъсиси «Даъвати исломӣ» мебинанд.

Ин нуктаро низ бояд ба эътибор гирифт, ки ҳаракатҳои экстремистӣ, аз ҷумла, ҳаракати иртиҷоии тундгарои «Салафия» дорои моҳияти фаромиллию байналхалқӣ, артиш ва гурӯҳҳои худкафон гаштааст. Яке аз ҳадафҳои шуми дигари онҳо ихтилоф ва роҳандозии ҷангҳои мазҳабӣ миёни аҳли тасаннун ва ташайюъ мебошад.

Тавре, ки маълум аст, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти равияи «Салафия» мамнуъ эълон гардид ва ин равия ба рӯйхати иттиҳодияҳои экстремистӣ дохил карда шуд. Ин санад ва омили ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки «Иттиҳодияи экстремистии равияи «Салафия» хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, амнияти озуқаворӣ, амнияти иҷтимоӣ, амнияти сиёсӣ, амнияти иттилоотӣ, амнияти динии кишвар дорад. Равияи экстемистии «Салафия» ягон ҳамбастагии эътиқодӣ ва иртиботи ақидавӣ бо «Салафи солеҳ» надорад.

Мутаассифона, баъзе бехабарон аз улуми динӣ ва исломшиносӣ «Иттиҳодияи экстремистии Салафӣ»- ро «Салафи солеҳ» мепиндоранд. «Салафи солеҳ», ба қавли Паёмбари ислом (с), «Хайрун умматӣ» буда, се қарн, яъне 300 соли аввали зуҳури дини мубини исломро дар бар мегирад. Салафия равияи иртиҷоӣ ва ифротӣ буда, навпайдо аст. «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ҳамчун равияи тундрави такфирӣ, хушунатзо ва бемазҳабии динӣ дар охири асри ХУ11 ва ибтидои асри ХУ111 аз тарафи мустаъмироти хавориҷ барои ангехтани низоъ, эҷоди ихтилоф ва таҳрики ҷангҳои мазҳабӣ дар қаламрави Ҳиндустон таъсис дода шудааст. Аъзо ва пайравони «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ягон мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро намепазиранд ва эътироф намекунанд. Дигар мазҳабҳои аҳли тасаннунро ва ё аҳли ташайюъро мушрик ва бидъат ҳукм намуда, қатли пайравони онҳоро воҷиб ва ҳатмӣ меҳисобанд. Ҳастии мазҳабро дар ислом бидъат ва номашрӯъ гуфта, осори Имоми Аъзам (р), Имом Шофеъӣ, Имом Молик ва Имом Ҳанбалро маҳкум мекунанд. Фиқҳ, яъне ҳуқуқи исломиро бидъат ва номашрӯъ медонанд. Баъзе афрод гумон мекунанд, ки салафиён дар мазҳаби ҳанбалӣ ҳастанд. Ин ақида ва дидгоҳ хато аст. Зеро ҳаргиз Имом Ҳанбал забҳ, сар буридан, хатнаи занон, Ҷиҳоду никоҳ ва оташ задани инсонро иҷозат надодааст. Салафия, дар воқеъ, манбаи хатар ва хушунат буда, дар ҳар минтақа ва мамлакате, ки зуҳур намояд, оромиш ва амнияти ҷомеаро дар зери парчами «Қуръон ва суннат», таъсиси «Давлати исломӣ» ва таблиғи «Ақида» - и осебпазири такфирӣ бунёд намуда, фарҳангу осори миллии мардумро маҳв ва нобуд менамоянд. Кишварро ба майдони ҷангу ҷиҳодҳои шайтонӣ ва тохтутозҳои ДИИШ – ӣ табдил медиҳад. Ин тоифаи такфирӣ ва бемазҳаб равиши намози ҳанафимазҳабонро бидъат ҳукм намуда, дуои дастҷамъӣ, қироати Қуръон баъд аз намоз, зиёрати аҳли қубур, хондани Қуръон бар турбати фавтидагонро ҳаром, ширк ва куфр ҳисобида, маҳкум менамоянд.

Салафия низоми демократӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистонро низоми куфрӣ ҳисобида, барои сарнагун сохтани он дар зери принсипи таблиғи «Ақида», идеологияи ҷангӣ ва такфирӣ кори муғризонаи хешро бо шеваҳои гуногун пеш мебарад.

Воқеаҳои хунини Сурия ва Ироқ пардаи террористии башараи «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» - ро берун кашид. Салафиён амалҳои номашрӯъ ва кирдорҳои ҷинояткоронаи зиддибашарии худро ҷиҳод «Дар роҳи Аллоҳ» муаррифӣ намуданд. Дар ҳамин замина симои воқеӣ ва чеҳраи аслии манфури салафия бори дигар кашф гардид.

Вақти он расидааст, ки донишмандон, мутафаккирон, ҷомеашиносони муҳтарам, масъулини ниҳодҳои динӣ ва исломшиносӣ дар муқобили решадавонии саратони такфирӣ ва ифротии салафия бетараф ва хомӯш наистанд, балки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятӣ ва қудратӣ алайҳи хатари салафия дар сангари мубориза баҳри ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар бошанд.

Нисбат ба мубаллиғон ва миссионерҳои такфирии ДИИШ – ӣ бояд чораҳои ҷиддии ҳуқуқӣ андешида шавад.

Ононе, ки дар таблиғи ақида, андеша, адабиёт ва китоб, диск ва савтҳои электронии «Салафия» ва «Ансоруллоҳ» саҳм мегузоранд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷоии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримуқаллидони ифротӣ уламои исломии суннатии кишвар бояд фаъол бошанд.

Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳабӣ беҳтарин зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ бошад.

Ҳ.Бедилов, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj