• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Китоби тозанашр дар факултети математика

Дар факултети математика маҳфили «Математикони ҷавон»
бо роҳбарии дотсени кафедраи методикаи таълими математика М.Маҳкамов амал мекунад. Дар маҳфил донишҷӯёну устодони факултет ва хонандагони баъзе мактабҳои шаҳр иштирок менамоянд ва дар ин маҳфил мисолу масъалаҳои мушкил ва ғайристандартие, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад, ки иштирокчиёнро рӯ ба навоварию эҷодкорӣ меоварад.

Ду нафар донишҷӯёни боистеъдоди курси чоруми ихтисоси математика Авезов Р ва Аминов Н бо роҳбари маҳфил дар ҷодаи омӯзиш ҳамкории зич дошта, якчанд мавзуҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд ва мақолаҳояшон дар маҷаллаҳо ва маводҳои конфференсияҳо нашр шудаанд. Аз мақолаҳои нашршуда ва  мавзуҳои наве, ки дар ин маҳфил таҳлил намудаанд, дастури «Масъалаҳои ғайристандартӣ»  бо тавсияи

Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии  назди Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳал кардани масъалаҳои ғайристандартӣ нишон дода шудааст. Дастур ба донишҷӯёни ихтисосҳои математика, физика, инфоматика, колеҷҳои омӯзгорӣ, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба омӯзгорон барои тайёр намудани хонандагон ба озмунҳои математикӣ тавсия карда шудааст.

 

 

Масъалаҳои ғайристандартӣ – инкишофи тафаккури эљодӣ ва математикии хонандагон ва майлу рағбати онҳоро ба математика афзун менамояд.

Ҳангоми ҳустуҷӯи тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ дар хонандагон шавқи донишандӯзӣ бедор шуда, қобилияти эҷодкории онҳо инкишоф меёбад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj