• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажўҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Забон муҳимтарин моя, омли бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст, ба ин хотир, ҳифз ва рушди пайвастаи он як самти муҳими фаъолияти давлат аст. Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳим қабул гардида, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Натиҷаи ҳамин сайъу талошҳо буд, ки имрўз забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм, муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон бадал шудааст. Бо ин забон даҳҳо номгўи матбуоти чопӣ интишор мегардад, барномаҳои зиёди радио ва телевизионӣ таҳия гардида, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва омўзишии зиёд  чоп мешавад. Бо фаъолияти Комиссияи Олии Атестатсионии Тоҷикистон забони рисолаҳои илмӣ низ тоҷикӣ хоҳад буд ва ин маънои онро дорад, ки минбаъд забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ақидаи иддае аз пажўҳишгаронеро, ки гўё ин забон ба сифати забони илм ниёзҳои ҷомеаро бароварда наметавонад, ботил месозад.

Забон шиносномаи миллат аст ва аз байн рафтани он маънои нобудии миллатро низ хоҳад дошт. Миллати тоҷик баъди салтанати Сомониён беш аз ҳазор сол давлатдор набуд, вале забон дошт ва ҳифзи ин омили муҳим имкон дод, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих зинда монад, рушд намояд ва дар натиҷаи ба вуҷуд омадани шароити мусоиди таърихӣ дубора эҳё шавад.

Тарғиби адабиёти пурғановати тоҷик, осори ниёгони мо, анъанаҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ маҳз бо воситаи забон сурат мегирад, ба ин хотир, ҳизфи забон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа низ мебошад.

Дар замони муосир забон афкори миллиро ташаккул медиҳад ва аз ҷониби дигар, василаи таъсиррасон ба афкори ҷомеа аст. Ғасби фазои расонаӣ, роҳандозии набардҳои равониву лафзӣ, тарғиби идеологияи ғайр тавассути забон сурат мегирад ва бесабаб нест, ки расонаҳои хориҷӣ барномаҳои тарғиботии худро ба забони тоҷикӣ таҳия намуда, ба рўҳияи мардум таъсир мерасонанд. Дар ин росто, бо ташаббуси Сардори давлат пеш аз ҳама фазои расонаии мамлакат бо барномаҳои тарғибкунандаи забон, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ мукаммал гардонда шуд. Арзи ҳастӣ намудани шабакаҳои нави радио ва телевизионӣ, агар аз як тараф, барои рушд ва тақвияти забони миллӣ  мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар, барои дар рўҳияи солим ташаккул додани афкори миллӣ нақш мебозанд.

Забон василаи сохтани ҳувияти миллист, шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад ва бад ин васила худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст. Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди худшиносии Президент буд, ки бо тасмими ў соли 2008 Соли бузурдошти забони тоҷикӣ эълон гардид. Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ эҳсоси худшиносии ҷомеаро бамаротиб боло бурд ва марҳилаи тозаеро дар рушди забони тоҷикӣ фароҳам овард.

Саидмуроди Хоҷазод,

доктори илмҳои филология

профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj