• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҶАВОНОН ВА АРТИШИ МИЛЛӢ.

«Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бо нангу номус мебошад».[1]

Муҳимтарин рисолати мо ҷавонон ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва таъмини амнияту субот дар кишвар аст. Мо ифтихорманди онем, ки имрӯз бо дарки масъулияти ватандорӣ ҷавонони мо аз уҳдаи нигоҳубини сарҳадоти давлатӣ бо сари баланд баромада истодаанд ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд. Сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро тибқи қонунгузорӣ нафароне пурра месозанд, ки асосан аз сини 18 сола то 27 сола мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки муҳофизони аслии Ватан танҳо ҷавононанд. Ин ифтихор, шарафи бузург ва рисолати ҷавонмардии мост. Артиши миллиро бе ҷавонон тассавур кардан имкон надорад. Имрӯз ҷавонони мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шабонарӯз оромии кишвар ва зиндагии осудаҳолонаи сокинонро аз хатарҳои замон эмин нигоҳ дошта истодаанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ пеш аз ҳама мазмуни ҳимояи номус, шаъну шараф, волидайн, наздикон ва ҳамватанонро дорад.

Артиши миллӣ мактаби ҷавонмардӣ ва тарбияи далерону ҷасурони Ватан аст. Маҳз ҳангоми хизмат дар сафи Артиши миллӣ мо моҳияти ватандориро эҳсос намуда, муқаддас будани онро дарк мекунем. Бо хизмати худ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мо хуб дарк мекунем, ки бозӣ ва сайругашти кӯдакон, хандаи ширини онҳо, хоби ороми онҳо ва волидайну наздикону ҳамватанони мо аз бедорхобии мо вобаста аст. Бори аввал мо имкон пайдо мекунем, ки ба модари худ мисли ӯ хизмат кунем. Чун дар тифли модари мо хоб намекунад, ки мо бихобем. Ҳангоми хизмат мо намехобем, то модарамон орому осуда ва бе ташвиш бихобад. Ба ҳамин хотир хизмати модар – Ватан мегӯянд. Мазмуни аслии ин чунин аст, ки ҳар як ҷавони кишвар вазифадор аст хизмати модари худро то ҳадде, ки имкон дорад ба ҷо биёрад, яъне ба модар – Ватан хизмати арзанда намояд.

Таърих далели раднашаванда ва боэътимод аст, ки миллати мо барои ҳимояи сарзамини худ пайваста ҷонфидоӣ ва ҷасорату матонату қаҳрамонӣ намудааст. Корнамоиҳои Шерак, Спитамен, Муқанаъ ва Темурмалик нишони воқеии ватандӯстӣ ва сабақи ҳаётӣ барои мо ҷавонон мебошад. Қаҳрамониҳои бемонанди фарзандони шоистаи миллат ва ҷонфидоию ҷонбозиҳои онҳо барои ҳимояи Ватан ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи олӣ ва меҳварии ватанхоҳӣ, озодихоҳӣ ва меҳанпарастии миллати мо мебошад. Дар ин давра миллати мо – ҳам ҷавонписарону ҳам ҷавондухтарон, ҳам модарону падарон ва ҳатто кӯдакон натанҳо дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок намуданд, балки тамоми дороии худро барои ҳимояи Ватан бахшиданд. Шабу рӯз заҳмат кашида, ба ҷанговарони майдони ҷанг маводи ғизоӣ ва либосу дигар лавозимоти зарурӣ омода мекарданд. Ин сабақ ва намунаи ибрат барои мо ҷавонон мебошад.

Мо бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳимояи Ватан ягона вазифа ва масъулияти пурифтихор аст, ки танҳо ба мо ҷавонон эътимод ва бовар кардаанд ва бояд тарзе амал намоем, ки ҳамватанон бо мо ва хизмату корнамоии мо дар ин роҳ ифтихорманд бошанд.

Мардуми шарифи кишвар дар симои сарбозон фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.

Имрӯз шароити бисёр мураккаб ва печидаи сиёсию ҳарбии ҷаҳон ҳушдор медиҳад, ки мо ҷавонон ҳарчи бештар дар андешаи ҳифзи давлатдории худ бошем. Моро зарур аст, ки новобаста аз самти фаъолият соҳиби малакаи зарурии омодабошии ҷангӣ бошем. Хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зарурати аввалиндараҷа ва ҳаётӣ донем. Кишвари мо дар минтақаи ҳасоси сиёсиву ҳарбӣ ва транзитӣ ҷойгир буда, ҳар лаҳза имкони бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои сиёсиву созмону ташкилотҳо мавҷуд аст. Ин омил тақозои он аст, ки мо тамоми умр худро сарбози Ватан донем ва ҳамеша пайи ҳифзаш омода бошем. Хизмати ҳарбӣ кори ҷавонмарону далерон аст.

Қувватов Сайдулло – мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон

 


[1] Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj