• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Як рӯзи хотирмон

Тавре, ки маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми исолаи худ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳӯнарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Садорати факултети таърих бо мақсади тадбиқи ин иқдоми наҷибонаи сарвари кишвар тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби донишҷӯёну устодон ба мавзеҳои таърихии Тоҷикистон сайёҳати таърихи ташкил намоянд.

Рӯзҳои 24-25-уми феврал як гурӯҳ донишҷӯён

аз ҳисоби курсҳои 1 – ум бо сарварии омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Давлатшо бо мақсади боздид аз мавзеҳои таърихии минтақаи Кулоб ба ин сарзамини бостони сафар намуданд. Зимни сафар ҳайати мазкур аз ёдгориҳои таърихии мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, осорхонаи мутафакири шарқу ғарб,  харобаҳои ғелот, мақбараи Хоҷа Исҳоқӣ Хатлони, осорхонаи таърихи ш.Кулоб,  қалъаи Ҳулбук ва осорхонаи он боздид намуданд. Ҷараёни сафар нишон дод, ки ш. Кулоб ва ноҳияҳои атрофии он яке аз қадимтарин мавзеҳои таърихии Тоҷикистони азиз ба шумор рафта осори аксарияти давраҳои мухталифи таърихи дар онҷо маҳфуз аст. Донишҷӯён аз натиҷаи сафар барои худ як ҷаҳон ғизои маънави гирифтаанд, ки он барои рушди донишҳои таърихи мусоидат менамояд.

 

донишҷӯи курси 1-уми

факултети таърих                                                                                                              Амирова Фотима

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj