• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

МОҲИЯТИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки мавқеи ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Педагоги барҷаста Ж.Ж.Руссо таъкид мекунад, ки «Тарбияи одам ҳамзамон бо таваллудаш оғоз меёбад». Ақидаи одоб, тарбия аз хурдӣ тамоми педагогикаи мардум ва саросари адабиёти классикию муосири моро фаро гирифтааст. Саъдии бузургвор таъкид мекунад, ки:

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунанд,

Дар бузургӣ фалаҳ аз ӯ бархост.

Албатта, волоияти илму дониш ва адаб омӯхтан  аз ҳувияту арзиш{ои маънавии  халқи мо бармеояд, ки ба мактабу маориф ва илму дониш робита дорад. Арзиш мафҳуми фалсафӣ, сотсиологӣ, адабӣ ва педагогӣ буда, дар луғатномаҳо ба маъноҳои баҳо, қимат, қиматбаҳо, қадр меояд. Зери мафҳуми арзишҳо рукнҳои махсуси мукарраргардидаи иҷтимоии ҷомеаро дар назар дошт, ки дар шаклҳои мусбату нек зоҳир мегарданд. Ғайр аз ин арзиш ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бо ҳодиса ва воқеаҳои ҷамъиятӣ тобишҳои гуногун дода, онҳоро маъқул медонад, ё рад мекунад ва дар ин маъно яке аз меъёрҳои зиндагии инсон дар ҳаёт ба шумор меравад.

Муҳимтарин меъёри арзишҳои умумибашарӣ ин аст, ки аксарияти халқҳои (миллатҳои) рӯи замин онҳоро ҳамчун меъёри зиндагӣ  меписанданд. Арзишҳо аз рӯи аҳамият ва миқёс ба  арзишҳои миллӣ  ва арзишҳои умумибашарӣ тақсим мешаванд.

Арзишҳои миллӣ хоси халқҳо ва миллатҳои алоҳидаанд, ки дар тарзи зиндагӣ, анъана, расму оин ва муносибатҳои онҳо нисбат ба воқеият ифода меёбанд. Арзишҳои умумибашарӣ мутааллиқ ба тамоми башарият буда, хазинаи бузургеро мемонанд, ки аз сарватҳои маънавии кули миллатҳо гирд оварда шудааст.

Ҳам философҳо ва ҳам педагогҳо дар байни арзишҳои умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва бузургии онро ҷои аввал мегузоранд, ки ин табиист. Инсон, ки худ меъмор ва офаридагари арзишҳост, ҳатман бояд ин мақомро ишғол намояд. Меҳр ба замин, меҳнату меҳнатдӯстӣ, нисбатан устувории оила, майлу рағбат ба дониш, посдории сулҳу оштӣ, зебоиписандӣ, санъат, меҳмондорию меҳмоннавозӣ – ҳама арзишҳои миллати тоҷиканд.

Яке аз падида{ои бузурги замони истиқлолият - ба даст овардани истиқлолияти забонӣ ва дар мақоми забони давлатӣ қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин давра муҳимтарин рукни пойдории миллат забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фар{ангӣ мақому мартабаи махсус пайдо кард. Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки дар кишвари мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогирии он бо пешниҳоди Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷум{урии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар замони истиқлолият арзишҳои маънавӣ ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.

Барои пос доштани ин арзишҳо бояд пеш аз ҳама xавононро дар рӯҳияи ватандeстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба нерeи ақлонии худ тарбия намуда, онҳоро ҳарчи бештар ба донишандeзӣ раҳнамоӣ созем. Дар ин замина, мо бояд шахсияти соҳибилму озодандешеро тарбия намоем, ки ба қобилият ва истеъдоди худ бовар дошта, пайваста дар талоши ҳимояи таърихи гузаштаву муосир, анъанот ва арзиш{ои миллӣ бошад.

Иматова Л.М. мудири кафедраи педагогикаи

умумии ДДОТ ба номи С.Айнb,

д.и.п.,

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj