• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Ваҳдати миллӣ гаравидани ҷавононро ба ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ифротию тундгаро бозмедорад

Мардуми шарафманд ва фарҳангофари тоҷик чи тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид доштанд ҷиҳати дастёб шудан ба сулҳи саросарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ «аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллақона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».

Аз ин нуқтаи назар шукрона аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсии ҷомеа ва пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофар ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки ба хонаводаи ҳар як фарди баорӯ номуси тоҷикистонӣ амну осоиш, хушбахтиву саодатмандӣ, умед ба фардои зиндагиро оварда, аҳли кишварро барои пешрафту ободии Ватани азизамон фаъолият намудан, ҳидоят кард. Бинобар ин, ҳар як фарзанди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бояд иродатмандона ва содиқона ин дастоварди арзишманду дар ёди таърихии мардум ҷовидона сабтёфта, яъне ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм, ҷони азизи худ ҳифз намояд. Зеро, тибқи таъкиди бевоситаи Президенти кишвар «Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад».

Воқеан, арсаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳассосият, мавҷи нооромӣ, қатлу куштор, ваҳшонияту ҷаҳолат, ихтилофи назарҳо, ҳамдигарбадбинӣ, бо ҳамдигар эътимод надоштан, нобовариро миёни мардуми сайёра, хусусан аҳолии кишварҳои мусулмоннишин, ба хусус, Ироқ, Яман ва Сурия ба вуҷуд овард. Ва абарқудратону сомондиҳандагони ин мавҷи нооромиҳо барои содир кардани қатлу куштор, хароб намудан ҷойҳои муқаддас, аз байн бурдани арзишҳои фарҳангӣ нерӯи қувватбахш ҷавонон, нафароне, ки синни 18 то 35 соларо доранд ва шомил ба беш аз 100 давлатанд, сафарбар намуда истодаанд.  Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони ноогоҳ, гумроҳ, ки хиёнат ба модар, хоки муқаддаси Ватани маҳбуб, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллиро бар худ афзал шуморидаанд аз беиродагӣ ва қонеъ кардани нафси ҳайвонии хеш фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда, ба ин мавҷи нооромиҳо пайваст гардиданд.

Аз ин рӯ, суханронии пурмуҳтаво ва мантиқан асосноки   Президенти кишвар ба ҷавонони солеҳу содиқ, хусусан, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ба хотири таҷлили 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ин як дарси хештаншиносӣ ва оини ватандорӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром доштани муқаддасоти миллӣ, рӯ наовардан ба бегонапарастӣ, муваффақ гаштан аз дастовардҳои ҷомеаи башарӣ, ба вижа техника ва технологияи муосир ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва саҳми бевосита гузоштан дар пешрафт ва рушду нумӯи кишвари азиз ва ба ҷон баробар, қадр кардани  таҷрибаи ҷаҳонишудаи сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ, ки ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамон ба даст омад, нагузошт, ки Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии ҷаҳонӣ бардоранду томияташро нигоҳ дошт, мебошад.

Пеш аз ҳама ҷавонони худогоҳу худшинос, солеҳу содиқ ва ояндасози Тоҷикистони маҳбуб бояд ба чунин паҳлӯҳои масъалаҳои ҳадафнок ва тақдирсоз, ки дар маърузаи Ҷаноби Олӣ нуктаҳои ҷавҳарианд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, баҳри амалӣ кардани онҳо пайваста талош варзанд. Ба хусус:

- ҷиҳати таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ, ки халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид ва барои муттаҳидии ҳамагони мо замина фароҳам овард, пайваста саҳмгузорӣ намоянд;

- барои андешаи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон, инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намудан миёни мардуми кишвар ва ҷомеаи башарӣ нерӯи ҷавонию зеҳнии худро сарф намоянд то он ба ҳайси унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ, ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ густариш пайдо намояд;

- донанд ва эҳтиром гузоранд, ки сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ рушди ҷомеа ва умеду орзӯи мо танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегардад;

- тавассути воқиф шудан аз рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиабор, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш накунанд;

- бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми «шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ» - ро бар худ муҳим шуморанд;

- фаромӯш набояд кунанд, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла, торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад. Зеро, худ шоҳиди ҳол ҳастед, ки имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст;

- ҳамеша ҳушёру зирак будан, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардиданро ба ҳамсолону ҷавонони кишвар ташвиқ намоянд;

- барои муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа, хусусан бо ҳамсолон ҳамкориро вусъат бахшанд;

- барои тақвияти андешаи миллии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои созандагию ихтироъкорӣ, нагаравидани онҳо ба гурӯҳҳои тундагоро ва ифротӣ вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, сиёсатшиносон, муаррихону файласуфон ва дигар муҳаққиқон масъулиятро ба душ гиранд;

- эҳсос кунанд, ки ҷавонони содиқ насли ояндасози давлат ва миллатанд, ояндаи кишвар бо дасти онҳо бунёд хоҳад шуд. Бинобар ин, бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доранд, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оранд, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунанд. Бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд;

- ба меҳнат кардану заҳмат кашидан худро омода намуда, танҳо бо ҳамин роҳ соҳиб шудан ба зиндагии осударо мароми ҳаётии худ қарор диҳанд;

- истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот ҳарчанд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат менамояд, вале аз тарафи дигар маншаи пайвастани ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба созмонҳои ифротӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҷавонон ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоянд, тафааккури хешро рахнаи гароиш ба ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок накунанд, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала машварат намоянд, зеро онҳо беҳтарин маслиҳатгар дар зиндагии ҳар як ҷавони тоҷик мебошанд. Вале фарзанде, ки аз иродаи падару модари худ саркашӣ мекунад, ба маслиҳатҳои муфиди ӯ аҳамият надода, ихтиёран ба ҳар гуна созмонҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад бешак ба сархамиву хиҷолати волидайн меорад ва он фарзанд аз зиндагии худ ҳеҷ гоҳ баракат намеёбад. Ҳамзамон падару модарон бояд аз таҳсили ғайрирасмии фарзандони худ дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар эҳтиёткор бошанд, зеро сарманшаи дигаре, ки ба густариши мафкураи экстремистӣ мусоидат мекунад, маҳз таҳсили ҷавонон дар чунин муассисаҳои таълимӣ мебошад;

- дуруст дарк намоянд, ки аз Ватани аҷдодӣ ношукрӣ кардан гуноҳи азим аст, зеро ватандорӣ як гӯшаи имондорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба қадри Ватан расидан, Тоҷикистони азизро ободу пешрафта ва сарсабзу хуррам гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштан қарзи шаҳрвандӣ, омили муттаҳидӣ, садоқати ватандорӣ ва ойини давлатдорӣ ҳар як ҷавони соҳибиродати тоҷик мебошад;

- забону фарҳанги миллиро пос ва эҳтиром доранд, чунки «агар хоҳанд, ки кишвареро аз байн баранд, аввал забону фарҳанги онро нобуд месозанд».

Ниҳоят, мувофиқ ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем. … бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем».

Ҳамин тавр, ваҳдат барои тоҷикон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони маҳбуб рамзи воқеии сулҳофарӣ, таҳаммулпазирӣ ва қадр кардани асолати инсонӣ мебошад. Ба ин хотир нуктаҳоии ҷавҳарии суханронии Президенти кишвар бахшида ба гиромидошти Рӯзи ваҳдати миллӣ ифодакунандаи як мактаби зиндагӣ, як таҷрибаи рӯзгор аст, ки шахси худогоҳу ҷавони солеҳ ва соҳибватан метавонанд аз онҳо оини ватандорӣ ва содиқ будан ба Ватан, тарҳрезӣ кардани нақшаи фарҳанги сулҳофарию ҳалли низоъ, эҳтиром кардан ва арҷ гузоштан ба арзиш ва суннатҳои мардумӣ, муқаддасоти миллӣ, муваффақ шудан ба орзуву умед, бардошти дарси шуҷоат, мардонагию ҷасорат, роҳҳои таҳким ва ташаккул додани тафаккури созандагӣ, воқеъбинона пайгирӣ кардани аҳдофи ҳама гуна ҳаракату ташкилотҳои ифротӣ ва тундгаро, эҳтиром доштан ва қадр кардани волоияти қонун, волидайн, дуруст ва самаранок истифода бурдани маводи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, зиракии сиёсӣ ва ғайраро омӯзад. Барои фаъолияти минбаъдаи худ онҳоро ҳамчун сарчашма мавриди истифода қарор диҳад.

Б. Самиев, доктори илмҳои фалсафа

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru