• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Поянда бод дӯстии миллатҳои тоҷику ӯзбек

9-ум 10-уми марти соли 2018 дар саҳифаи таърихи халқи тоҷику ӯзбек падидаи хеле хуб бо ҳарфҳои зарҳалӣ инъикос хоҳад ёфт.

Адабиёти классикии ӯзбек тақрибан дар тамоми марҳалаи инкишоф ва такомули таърихӣ бо намояндагони халқҳои тоҷику форс, озарӣ, туркманӣ аз наздик ҳамкорӣ карда омадааст.

Аз ҷумла, мо дар достону афсона, латифаву мутоибаҳое, ки дар давраҳои хеле қадим ва асрҳои миёна ба вуҷуд омадаанд, бисёр ҷиҳатҳои ба ҳам наздик, оҳангҳои муштарак, ҳамрангии ғоя ва ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷикро мебинем.

Ташрифи сарвари давлати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон таъсири тарафайн ба якдигар, такони хубест барои пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодии ин кишварҳо.

Раъно Бобокалонова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

 

 


В истории взаимоотношений Таджикистана и Узбекистана произошло важное историческое событие. Все мы ждали этого момента более 25 лет.

Наши народы, с учетом общей многовековой истории, географического и геополитического расположения и перспектив своего экономического развития, всегда являлись добрыми соседями и уделяли огромное внимание двустороннему взаимовыгодному сотрудничеству. Основными документами этого сотрудничества всегда являлся и является Договор о дружбе и добрососедстве, вечной дружбе между нашими странами.

Сегодня, благодаря  Президентам двух стран – Президенту Республики Таджикистан, лидеру нации, основателю мира и согласия Эмомали Рахмону и Президенту Республики Узбекистан, уважаемому Шавкату Мирзиёеву произошёл коренной перелом в отношениях Душанбе и Ташкента, подписано 27 совместных документов о сотрудничестве в различных областях деятельности, в том числе и в сфере культуры и образования. Главным событием также явилось открытие границ на четырех пограничных пунктах, которое с огромной радостью приняли наши народы.

Для нас встреча Президента  и дорогих гостей из Узбекистана стала большим праздником. В эти дни весь таджикский народ был переполнен чувством радости и теплоты, и с особой гордостью отнесся к происходящим историческим переменам.

Приятно было видеть  очень уважительное отношение между  главами наших стран, которые в общении называли друг друга не просто добрыми друзьями, соседями, а братьями, говорили о том, что наши народы едины.

Хочется привести слова нашего уважаемого Президента, лидера нации, основателя мира и согласия Эмомали Рахмона: «В результате сегодняшнего государственного визита Президента Республики Узбекистан, уважаемого, Шавката Миромоновича в нашу страну, мы достигли исторических решений по комплексу важнейших двусторонних вопросов».

Можно с уверенностью сказать, что результаты этого визита придадут качественно новый импульс взаимоотношений  между нашими государствами и  народами.

 

- Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар санаи 9-ум ва 10-уми март барои ду давлат рӯзи таърихӣ буда, ин давлатҳои ҳамсоя ин рӯзро қариб 30 сол боз интизорӣ кашиданд. Ин барои дӯстии ду давлат, ду миллат хеле муҳим аст.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Фирӯза Тошпӯлатова, мудири кафедраи асосҳои технологияи информатсионӣ

 

 

 

 

- 9 марти соли 2018 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як саҳифаи нав кушода шуд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 1992 барқарор гардида бошанд ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин дорад. Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозад.

Салмоншо Убайдов, декани факултаи технология ва иқтисодиёт

 

 

 

 

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

- Ин хушбахтии ду миллате мебошад, ки баъд аз 27 сол боз бо ҳам дӯстиро барқарор каарданд. Дар барқарор кардани робитаҳои сиёсиву фарҳангӣ байни ду миллати ба ҳам дӯсту бародар Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нақши муҳим бозиданд.

Абдураҳмон Умаров, мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ

 

 

 

 

-Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обию энергетикии Осиёи Марказӣ хеле муассир аст. Зеро 64% захираҳои обии минтақа дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дастгирӣ ёфт. Дар арафаи Наврӯзи фархундапай дар қароргоҳи СММ ба ин ташаббус аз тарафи Тоҷикистон оғози расмӣ бахшида мешавад.

А. Самиев, декани факултаи география

 

 

 

 

- Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев орзуву омоли чандинсолаи ду миллати решапайванд, ки асолати фарҳангию миллии якхела доштаанд, ҷомаи амал пӯшид.

Дар ин росто 8 гузаргоҳи байнисарҳадӣ кушода шуда, халқҳои ду кишвар бо якдигар оғӯши дӯстӣ кушоданд.

Ҳамзамон, дар ин вохӯрии таърихӣ 27 шартномаи байнидавлатӣ баста шуд, ки барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҳар ду кишвар саҳми босазо дорад.

Кушодани роҳҳои оҳани ду кишвар ва роҳи ҳавоӣ низ яке аз ибтикороти роҳбарони ду давлат аст, ки барои рушди кишварҳо манфиатбахш аст.

Ш. Раҳмонов, декани факултаи физика

 

 

 

- Ба андешаи ман густариши равобити байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ногузир аст. Дӯстии ин ду миллат аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад. Рафоқати Ҷомиву Навоӣ, Айниву Ғафур Ғулом, Турсунзодаву Шароф Рашидов ин ду миллатро ба ҳам наздиктар намудааст. Ин ду миллат урфу одат, анъанот, зиндагии ба ҳам шабеҳ доранд.

Аз ин рӯ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро сафари таърихӣ шуморидан мумкин аст.

Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ

 

 

 

 

- Соли 2018 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз солҳои фаромӯшнашаванда дар таҳкими сиёсати байналхалқӣ ба шумор хоҳад рафт. Баъд аз солҳои тӯлонӣ омаду рафти мардумони тоҷику ӯзбек ба кишварҳои ҳамдигар як рухдоди бузурги таърихист. Таърихи садсолаҳо ин ду кишварро чун дӯсту бародар нигоҳ медошт. Ҳатто адабиёт ва забони ин ду кишвар монеаву сарҳад надоштанд. Боиси ифтихор аст, ки ин ду давлати бо ҳам бародар боз аз нав дӯстии худро оғоз бахшиданд.

Баротзода Файзиддин, декани факултаи забони англисӣ

 

 

 

 

 

- Дар рафти музокироти роҳбарони ин ду давлат 27 созишнома ба имзо расид, ки метавонад омили асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоии ин давлатҳо гардида, дар самти стратегияи давлати Ҷчумҳурии Тоҷикистон оид ба аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазое гузорад.

Ҳусейн Бедилов, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

 

 

 

 

 

 

- Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз нодиртарин падидаҳо дар таърихи кишварамон ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои ба истилоҳ сарде, ки солҳои тӯлонӣ мавҷуд буданд, роҳи ҳалли худро ёфтанд.

Сафаралӣ Латипов, декани факултаи математика

 

 

 

 

- Боиси хурсандист, ки дар рӯзҳои саршавии баҳор боз як хурсандӣ ба ҳаёти халқи тоҷику ӯзбек зам шуд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули дӯстӣ байни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуд, ки ин як саҳифаи тозае дар таърихи ду халқи бо ҳам дӯсту бародар аст.

Гуландом Рустамова, мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ

 

 

 

 

- Робитаҳои ду кишвар, яъне Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз қадимулайём мардуми ба якдигар ҳамсоя ва хешутаборанд, боз равнақи тоза ёфт. 9-уми марти соли 2018 сарварони ду кишвар саҳифаи тозае дар ҳаёти миллатҳои тоҷику ӯзбек кушоданд.

Тошқул Намозов, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ

 

 

 

 

 

- Аз ҷиҳати иқтисодӣ муносибат байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ин равобити рафту омади тоҷикон ва ӯзбекон ҷиҳатҳои содироту воридоти молу маҳсулот мебошад. Пас аз бастани созишномаҳо миёни ин ду кишвар ва муомилоти воридотиву содиротӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рушд менамояд.

Умед Рӯзиев, мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ

 

 

 

 

 

- Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар санаи 9-ум ва 10-уми марти соли 2018 барои мардуми тоҷику ӯзбек як ҳодисаи деринтизор ва фараҳбахш буд. Дӯстии бисёрасраи ду миллат нерӯи тоза касб намуд.

Мардумон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Шоҳназар Бердиев, мудири кафедраи фалсафа

 

 

 

- Дар айёми фархунда ва фараҳафзои баҳори дилафрӯз баргузории сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон падидаи нек ва мондагор дар саҳифаи таърихи давлатдории навини тоҷикон ва ӯзбекҳо мебошад.

Дӯстӣ ва ҳамдилии ин ду халқи бародар анъана ва идомаи робитаи наслҳо ва замонҳо буда, пайванди рӯз, имрӯз ва фардои сарнавишти халқҳоро ба хубӣ таҷассум мекунад. Халқҳои тоҷику ӯзбек аз дӯстӣ ва ҳамкории судманд бахт ва иқболи накӯ меёбанд.

А. Муллоев, декани факултаи филологияи тоҷик

 

 

 

 

- Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев Мирамонович дар таърихи навини соҳибистиқлоли мо падидаи бисёр муҳиму арзишманд аст. Чунки дар вохӯрии мазкур масъалаҳои калидие, ки солҳои тӯлонӣ ба як орзуву ормони мардум табдил ёфта буд, роҳи ҳалли худро ёфтанд. Мутмаинем, ки ин робитаҳои дӯстию бародарӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, тақвияту таҳким ёфта, боиси баланд гардидани сатҳи иқтисодию сиёсӣ ва маънавию фарҳангии ин ду кишвар хоҳад шуд.

Зикирзода Ҳобил, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ

 

 

 

 

- Ба имзо расидани санадҳо дар соҳаҳои илм ва мактабҳои олӣ байни ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя барои ҳамкориҳои минбаъда иқдоми хеле хуб аст. Солҳои тӯлонӣ байни мактабҳои олӣ ва дар соҳаи илм ин ду давлат корҳои зиёдеро ба анҷом расонида буданд, аз ҷумла, дар шӯроҳои дифоъ, ки дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ амал мекард, олимони зиёде аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолаҳои номзадиашонро дифоъ кардаанд: Муҳаммад Ашӯров, Шокир Кенҷабоев, Бобосодиқ Латипов, Махлам Нишонов ва дигарон, ки айни ҳол дар пешрафти илми педагогикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳм гузошта истодаанд.

Умедворам, ки баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев олимони тоҷик ва ӯзбек байни ҳам дар соҳаҳои илми педагогика, психология, логопедия ва ғайра ҳамкорӣ ба роҳ монда, барои пешрафти илм ва устувор гардонидани мактабҳои олӣ саҳм мегузоранд.

М. Обидова, декани факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

 


- Тоҷикону ӯзбекон, ки аз қадим дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд, расму оин, анъанаҳои неки дӯстона доранд. Дӯстию ҳамкории адибони тоҷику ӯзбек аз ҳамкории устоду шогирдии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ манша мегирад. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тоҷикони зиёд зиндагӣ мекунанд ва Бухорову Самарқанд ба сифати гаҳвораи илму фарҳанг эътироф шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ба сифати як давлати дорои адабиёт ва фарҳанги бою ғанӣ эътироф гардид.

Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки бо иқдоми сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар сиёсати хориҷии ҳарду давлат такони ҷиддӣ ва тақдирсоз буд.

Кушодашавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон орзуву умеди деринтизори ммардумони ин ду кишвар буд, ки амалӣ гардид ва ин санаи тақдирсоз бо номи сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт хоҳад гашт.

Бо ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инқилоби фикрие, ки оид ба масъалаи таъмини оби нӯшокӣ дар сайёра ба вуҷуд омад, сарвари давлати тоҷиконро дар олам машҳур гардонид.

Холмаҳмад Раҳимӣ, муовини декан оид ба корҳои таълимии факултаи таҳсилоти ибтидоӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj