• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Дар раванди ҷаҳонишавии замони муосир ҳодисаву воқеаҳо зуд тағйир меёбанд ва пешгӯӣ намудани равандҳои нави ҷаҳони муосир душвор мегардад. Ин хусусият ба рушди технология, пайдоиши воситаҳои нави иттилоърасонӣ, зуҳури гурӯҳҳои нави даҳшатафкан ва ба таври чашмгир тағйир ёфтани мавқеи давлатҳои абарқудрат, инчунин пайдоиши қутбҳои нави ҷаҳонӣ ва тақсими нави ҷаҳони муосир бастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар, доман паҳн кардани ифротгароӣ бо тамоми зуҳуроташ, ташаннуҷи вазъи сиёсии

давлати ҳамҷавори Афғонистон, пешгирии нақшаҳои касифи нируҳои фурсатталаб ва мазҳабгаро барои бесуботии вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ, бархурди манфиатҳои геополитикии қудратҳои бузург, амсоли Русия, Амрико ва Чин, роҳандозии набардҳои расонаӣ барои тақсими ресурсҳои иқтисодии минтақа, махсусан захираҳои обӣ, ба таври маснуӣ зуҳур намудани «терроризми обӣ» сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳӯшмандии сиёсӣ, зиракии идеологӣ ва ҳамбастагии иқтисодиву ҳамрайъии ақидавӣ водор медорад. Дар минтақа  беш аз 60 миллион нафар аҳолӣ  истиқомат  дорад ва он аз лиҳози  захираҳои  табиӣ  бой аст. Шояд  минтақаи мазкур  аз маконе  маҳсуб шавад, ки ҳанӯз сарватҳои  табииаш  дастнахӯрда ҳастанд. Ҳамчунин минтақа яке аз   мавзеъҳои  дорои захираҳои  зиёди  об ба ҳисоб меравад. Эҳтимоли баланди шиддат гирифтани низоъҳои нав дар ин замина ҳанӯз аз байн нарафтаанд, чаро ки тақсими захираҳои обӣ дар қарни ХХ1 ба масъалаи умдаи башарият табдил меёбад ва тибқи таҳлилҳои олимон дар ҷаҳон дар 50 соли охир 507 муноқиша маҳз бо сабаби дастрасӣ ба об рух дода, 21-тои онҳо ба задухӯрдҳои рӯйирости ҳарбӣ оварда расонидаанд.

 

Бо дарки ҳамин омилҳо дар муносибатҳои сиёсии давлатҳои минтақа «ҷаҳиши бузург» ба вуҷуд омад, ки амсолашро дар гарм шудани муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври чашмгир ва беназир мушоҳида менамоем.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон равобити ду кишвари ҳамҷавор ва дӯстро воқеан ба савияи  сифатан нав ворид намуд. Бо ин сафар дар  муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид. Президентҳои ду кишвар бо имзои асноди расмӣ ба ҳамкориҳои минбаъда роҳ кушоданд, вале муҳимаш он аст, ки пеш аз ҳама «дипломатияи мардумӣ» бештар коргир ва дар амри роҳандозии ҳамкориҳои тарафайн аз ҳама фаъол шуд. Фаъолияти «дипломатияи мардумӣ»- ро дар ифтитоҳи  нуқтаҳои сарҳадӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи дӯстона бо иштироки намояндагони расмӣ  ва инчунин сокинони минтақаҳои сарҳадии ду давлат мушоҳида кардан мумкин буд. Пазироии самимона, ибрози ҳамраъйӣ аз гармии муносибот, ҳамоиши дастгирии сиёсати созандаи раисони ҷумҳури ҳарду давлат ҷиҳати роҳандозии муносиботи ҳасана ба ин далолат менамояд.

Дар Осиёи Марказӣ дӯстии ҳеҷ миллате ба монанди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек сидқан барқарор набудааст. Ин ду халқро шароити табиии ҳамзистӣ ба ҳам қарин намудааст. Мардуми  тоҷик ва ӯзбек  аз қадимулайём  дар ҳамбастагӣ умр ба сар бурда, дар дарозои таърих шебу фарози таърихро бо ҳам дидаанд. Онҳо ба мисли гӯшту нохун ба ҳам тавъаманд, урфу одат, расму ойин ва анъанаҳои ба ҳам шабеҳи таърихӣ онҳоро наздиктар менамояд.

Бо дарки ҳамин матлаб бо азму ирода ва матонату шуҷоати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар як муддати кӯтоҳ робитаҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд. Санадҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ду соли охир додугирифти мол миёни ду кишвари ҳамсоя 182 дарсад зиёд шудааст. Агар дар соли 2015 додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон наздики 15 миллион доллар буд, дар соли гузашта ин рақам ба беш аз 126 миллион доллар расид. Таҳлилгарон мегӯянд, ки муносибати хуби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон барои мардуми одии ду кишвар фоидаовар хоҳад буд. Агар фоидаи равобити  Тоҷикистону Чин ба доираи маҳдуди тоҷирон анҷом шавад, аз равобити хуби Душанбеву Тошканд пеш аз ҳама мардуми одӣ суд мебардоранд ва маблағи  ҳангуфт ба даст хоҳад омад. Инчунин дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардидани 16 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 620,0 млн. доллари амрикоӣ барои густариши минбаъдаи соҳибкорон фоли нек аст.

Изҳороти муштараки президентҳои ду кишвар, ки аз 18 банд иборат аст, итминони сокинони ду кишвари ҳамҷавор ва дӯстро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар ҳамаи соҳаҳо бештар менамояд. Мутобиқи бандҳои 7 ва 8 тарафҳо ҷиҳати эҷоди шароити муносиб дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, табодули сафарҳои пажӯҳишгарон, мутахассисон, кадрҳои профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, инчунин мубодилаи маълумот оид ба эътирофи мутақобилаи санадҳо доир ба тахассус-квалификатсия ва унвонҳои илмӣ ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин тарафҳо минбаъд низ барои фаъолияти марказҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ду давлат бо мақсади ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанг ва расму анъанаҳо шароити мусоидро фароҳам оварда,ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони як давлат, ки дар қаламрави давлати дигар қарор доранд, чораандешӣ хоҳанд кард. Ин маънои онро дорад, ки дар равобити илмиву донишгоҳӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тарбияи мутахассисон, сафари пажӯҳишгарон ба марказҳои илмиву таълимии ҳамдигар низ дигаргунии куллӣ ба вуҷуд меояд.

Нуктаи дигари муҳими изҳороти муштарак ин аст, ки президентҳои ду кишвар масъалаҳои такмили омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, тавсеаи шабакаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмӣ, мусоидат дар тарҷумаи осори классикон ва муаллифони муосири ду кишварро пайваста мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор медиҳанд. Яъне, шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд озодона ба забони модарии худ таҳсил намоянд, адабиёти таълимӣ ва бадеиро дастрас намоянд, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмиро мутолиа кунанд. Ин тадбир барои рушди забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ва забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Кушодани саҳифаи тоҷикӣ дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон нахусткӯшиш дар амалӣ кардани ин банди изҳороти муштарак аст.

Ба мувофиқа расидани президентҳои ду кишвар барои истифодаи муштараки захираҳои обии минтақа гоми ҷиддӣ ва «ҷаҳиши бузург» дар муносиботи тарафайн мебошад. Ин масъалаи муҳими на танҳо минтақавӣ, балки глобалӣ аст, зеро дар ҳоли ҳозир ҳавзаи зиёда аз 260 дарёи ҷаҳон байни ду ва ё зиёда давлатҳо тақсим шудаанд, ки дар ҳолати набудани мувофиқаҳои аниқ ва ё ниҳодҳои мустақил тағйир додани ҳавзаҳо метавонанд ба мушкилоти ҷиддӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ боис шавад. Геологи машҳури шӯравӣ А. П. Карпинский гуфта буд, ки дар замин аз об дида, сарвати табиии қимате вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад. Зеро он асоси зиндагӣ аст. Мутобиқи таҳлили коршиносон дар замони ҳозира қариб 700 миллион сокини сайёра аз 43 кишвари дунё аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Соли 2025 беш аз 3 миллиард одам бо ин мушкилот дучор хоҳад шуд. Инсоният бояд дарк намояд, ки захираҳои обӣ тамомшаванда нестанд. Онро бояд самаранок масраф созем. Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки аз истифодаи оби бесифат назар дар ҷангҳо бештар одамон вафот мекунанд. Ҳарчанд дар сайёраи мо об фаровон аст, вале тахминан ҳамагӣ 1%-и он барои истифода дастрас аст. Дар давоми 50 сол дар дарёҳои бузургтарини сайёра камшавии об ба назар мерасад. Ба ин тағйирёбии иқлим ва афзудани аҳолии кураи замин сабаб гаштааст. Ба андешаи мо, пайдо намудани ҳусни ният ва ҳамраъйӣ дар ин самт намунаи беҳтарини ҳалли масоили истифодаи бомсамари захираҳои обӣ мебошад, ки бояд сармашқи кори роҳбарони дигар давлатҳои ҷаҳон, бахусус манотиқи дорои низои захираҳои обӣ гардад.

Хабари тозаи нишотовар дар арафаи таҷлили иди ҷаҳонии Наврӯз ин аст, ки тибқи дастури Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шурӯъ аз 16- уми марти соли равон сокинони Тоҷикистон ҳақ доранд тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба Ӯзбекистон сафар намоянд. Ин аз содиқ будани сарвари кишвари ҳамҷавори мо муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба монанди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳди худ, як будани гуфтор бо кор ва дил бо забонаш башорат медиҳад.

Адабиёт дарси инсоншиносист, аз ин рӯ, густариши робитаҳои адабӣ пеш аз ҳама инсонҳоро ба ҳам қарин менамояд, дӯстиро таҳким мебахшад, ҳамдилиро афзун мегардонад. Равобити адабии тоҷику ӯзбек реша дар умқи таърих дорад, маҳз бо таъсири адабиёти пурғановати тоҷик адабиёти ӯзбек рӯи кор омад, шакл гирифт, рушд намуд ва дар ҷаҳон шуҳратёр гардид. Аз ҷониби дигар, дӯстии шоири шаҳири тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ бо поягузори адабиёти классикии узбек Алишери Навоӣ ҳамбастагии ду миллатро таҳкими нав бахшид. Навоӣ бо забони шевои тоҷикӣ бо тахаллуси Фонӣ шеър сурудааст, Ҷомӣ низ баъзан ба ӯзбекӣ ашъори муламмаъ мегуфт ва шеърҳои шогирди вафодори худ Навоиро чун дурру гуҳар месуфт. Алишери Навоӣ дар асарҳои  «Маҷолисуннафоис»  ва «Осори баргузида» - и  худ аз устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ ба некӣ ёд мекунад.

Агар бо таъсири адабиёти тоҷикӣ адабиёти классикии ӯзбекӣ ташаккул ёфта рушд карда бошад, пас дар як давраи муайяни таърихӣ нақши давлатдории империяи муғулҳои кабир, ки онро Бобур дар Ҳиндустон таъсис дода буд, барои густариши забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон беҳад калон аст. Бобур ба адабиёти тоҷикии форсӣ рағбати беандоза дошт. Хидмати бедареғе, ки дудмони Сомониён барои ташаккулу рушди  ин забон ва тамаддун намуд,  бидуни шак, Бобур онро идома дод. Ӯ дар «Бобурнома» менависад, ки дар назди адабиёти  бузурги тоҷикии форсӣ сари таъзим фуруд меорад ва аз ҳамин сабаб забони расмии давлатдорӣ, муоширати хонаводагӣ, дафтардорӣ ва санаднигории худро расман тоҷикӣ эълон кард. Номбурда баъди нокомӣ дар набард муддате дар кӯҳистони Мастчоҳ  қарор мегирад ва дар «Бобурнома» оид ба урфу анъана ва самимияту меҳмоннавозии мастчоҳиён бо муҳаббат сухан кардааст. Солҳои 1526-1858 дар замони ҳукмронии сулолаи Бобуриён дар Ҳиндустон забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ рушди чашмгир кард, бузургтарин қомусҳо, тазкираҳо, асарҳои таърихӣ ва рисолаҳо ба забони тоҷикӣ дар ҳавзаи адабии ҳинд маҳз дар ҳамин давра ба вуҷуд омаданд. Масалан, дар замони ҳукмронии Дорушшукӯҳ беш аз панҷоҳ рисолаи мусиқӣ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Аз ин бармеояд, ки густариши робитаҳои адабӣ таконбахши муносиботи ин ду халқ дар дарозои таърих будааст.

Равобити судманди дуҷониба дар замони Шӯравӣ бозтоби густурда ёфт. Устод Садриддин Айнӣ дар як вақт поягузори адабиёти навини ӯзбек маҳсуб мегардад. Садриддин Айнӣ  повести “Ҷаллодони Бухоро” ва баъзе асарҳои таърихии худ, амсоли «Таърихи инқилоби Бухоро»- ро аввал ба узбекӣ ва пасон ба тоҷикӣ иншо намудааст. «Таърихи инқилоби Бухоро» дар Маскав бо сарсухани раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии халқии Бухоро Назир Тӯрақулов нашр гардид. Аввалин пажӯҳиш дар бораи равобити адабиёти классикии тоҷик ва ӯзбек дар мисоли Ҷомӣ ва Навоӣ низ ба қалами устод Айнӣ мутааллиқ аст. Байни Айнӣ ва адиби шаҳири узбек Ғафур Ғулом робитаи адабии дӯстона пойдор буд. Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов ба ҳайси раисони иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои худ ғояҳои дӯстиву рафоқатро сидқан тараннум мекарданд. Сафарҳои устод Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи сулҳ ва якдилии халқҳои Осиё ва Африқо  ба хориҷа маҳз тавассути Тошканд сурат мегирифт, адибони ӯзбек ӯро аз фурудгоҳи Тошканд гусел менамуданд ва баъди анҷоми сафар пешвоз мегирифтанд. Устод Турсунзода бо хонадони адибони бузурги ӯзбек Зулфия, Ғафур Ғулом ва Шароф Рашидов робитаи бародарона дошт. Духтари Ғафур Ғулом Алмосхон  бо садоқат устод Айнӣ ва Турсунзодаро узви хонадони худ меномад. Вазифаи рӯшанфикрон аст, ки ҳамин таърихи воқеиро ба мардум пешниҳод намоянд. Агар таърихи воқеиро ба мардум пешниҳод намоем, ҳеҷ гоҳ дар байни ин ду халқ ҳамдигарнофаҳмӣ нахоҳад шуд.

Дар замони истиқлол равобити фарҳангии тарафайн ҳамвора бегазанд будааст. Имрӯз низ байни хунёгарони шаҳири ду кишвар Ҷӯрабек Мурод ва Шералӣ Ҷӯраев, Баҳодур Неъматов ва Фаррух Зокиров, ансамблҳои «Гулшан»- и Тоҷикистон ва «Ялла»- и Ӯзбекистон ҳамкориҳои неку самарабахш мавҷуданд.

Аз ин хулоса мебарояд, ки воқеан ин  ду миллат то ҷое   анъаноти   муштарак  ва  ҳамбаста  доранд, ки равобити дӯстонаи Ҷомиву Навоӣ сарҳалқаи заррини дӯстии ду халқро маншаъ мебахшад.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи нав дар равобити тарафайн оғоз шуд, ки он пеш аз ҳама барои рафтуомади бемамониати сокинони ду кишвар, афзоиши табодули молу савдо, рушди сайёҳӣ, густариши муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёрмандӣ мекунад.

Аз натиҷаи мулоқоти гарму самимии сарони ду мамлакат натиҷа бардоштан мумкин аст, ки эҳёи муҷаддади робитаҳои тарафайн на танҳо барои ду кишвар, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯйдоди фараҳбахш буд. Ҳамоиши сарони кишварҳои минтақа дар Қазоқистон идомаи чунин сиёсати созанда маҳсуб мегардад, ки меҳвари аслияш густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум мебошад.

Аз ҷониби дигар, ба ҳам гиреҳ хӯрдани “дипломатияи сиёсӣ”ва “дипломатияи мардумӣ” собит кард, ки дар сурати ҳамраъй будани роҳбарон бо мардум соири масоили мушкили ҳалталаб ба таври чашмгир ҳал хоҳад шуд. Ин ҳам барои сиёсати ҷаҳони муосир таҷрибаи нодир аст, ки минбаъд мавриди истифода қарор додани он ба нафъи башарият хизмат хоҳад кард.

Иқдоми Президентҳои ду кишвар дар роҳи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ, расидан ба зиндагонии шоистаи сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беназир аст, ҳамто надорад, боиси дастгириву таҳсин аст ва бояд ҳамагон онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек амсоли партави хуршеди тобон аст, ки ҳеҷ абри тирае пеши онро гирифта наметавонад.

Дӯстӣ мафҳуми муқаддас аст, он  завол надорад, фанонопазир аст, шояд дар марҳилае камранг гардад, вале бо пайдо шудани давраи муносиб дубора таҳкиму тақвият меёбад ва дӯстӣ ба мардум бахту саодат меорад, аз самараи он коми башарият ширин мешавад, зиндагонӣ пурфараҳ ва ҳаёт осуда мегардад, аз ин рӯ, эҳёи муҷаддади робитаҳои дӯстонаи байни ду миллат  кори инсонҳои бузургу бошараф ва оқилу ғамхор аст. Пояндагии дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек бояд шиори ҳамешагии сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бошад.

 

Саидмуроди Хоҷазод

доктори илмҳои филологӣ,

профессор

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj