• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Забон ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ

Дар давраи Истиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ бакуллӣ дигар шуд. Бо дарки хусусияти муттаҳидгардонӣ ваваҳдатсозии забон Сардори давлат онро ҳамчун як рукниустувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки он аз иқтидор ва нерӯю тавоноии забони тоҷикӣсарчашма мегирад. Афзуда бар ин, Пешвои миллат дар таълифоти илмиюпажуҳишиашон муҳимтарин масоили таърихи тоҷиконродар ҳамбастагӣ бо масъалаи забон баррасӣ мекунанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳими милатсоз ва давлат-созро пайваста таъкид месозанд. Эшон ба саҳми сулолаифарҳангпарвари Сомониён дар интишор ва расмияти сиёсиюфарҳангӣ пайдо кардани забони форсии тоҷикӣ ишора менамоянд ва тулӯи оламшумули забони тоҷикиро дар фазоиҷуғрофиёи таърихии он ба талошу фаъолияти ин давлат, яъне Сомониён ва сарварони соҳибхираду маърифатпарвари ониртиботи ногусастанӣ медиҳанд.

Ин шинохту бардошти Пешвои миллат, аз нақш ва таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ мӯҷиби эҳёи мақому манзалати баланди забон дар давраи Истиқлол гардид. Бо ибтикори бевоситаи эшон Қонуни такмилшудаи забон, Барномаи давлатии рушди забон қабул гардид, Кумитаи забон ваистилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт, соли 2008 соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва ҳамасола рӯзи 5-октябртаҷлил намудани Рӯзи забон ба расмият даромад, ки ҳамиин тадбирҳо дар маҷмӯъ дар кишвари мо барои рушд варивоҷи ҳаматарафаи забони тоҷикӣ фазои муносиби сиёсиву маъмурӣ ва фарҳангию маънавиро фароҳам сохт. Сарваридавлат, имрӯз, шахсан, пушту паноҳи забони тоҷикӣ ҳастанд,онро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувории давлат, ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, киин, пеш аз ҳама, барои мо зиёиён ва равшанфикрони ҷумҳурӣбоиси ифтихор ва сарафрозию пайравист.

Нуктаи дигар ин аст, ки забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати Истиқлолият ва ғамхории бевоситаи Пешвои миллатаз хонавода ва муҳовараю муошироти маҳдуд берун омад вақудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиюсиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба ҷилва овард. Маҳз ба василаисуханрониҳои фасеҳи Пешвои миллат доираи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфиятҳои он дар ифодаимуҳимтарин ва нозуктарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва

маънавӣ ба кор даромаданд. Устоди зиндаёд МуҳаммадҷонШакурӣ ба забондонӣ ва ишқу алоқаи Сарвари давлатамонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтироми бепоён арҷгузорӣнамуда, дар яке аз навиштаҳояшон таъкид карда буданд, киҶаноби Олӣ бевосита дар бораи забони модарӣ ва азиз доштани он суханҳое гуфтанд, ки банда дар ин умри дарозам азҳеҷ як Сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Агар Сарвари кишвар нисбат ба забон ва фарҳанг бо чунин ҳақшиносӣ сиёсат пеш бигирад, шак нест, ки аз ҳалли душвортарин масъалаҳоирушди ҷомеаи нави тоҷикон умед метавон кард.Ба нашр расидани асари бунёдии Пешвои миллатитоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат- ҳастиимиллат» далели дигари дар кишвари мо, дар меҳвари сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому мартабаи баландва муҳим доштани забони тоҷикӣ аст. Бояд гуфт, ки ҷомеаиТоҷикистон ва махсусан муҳаққиқону алоқамандони забонитоҷикӣ кайҳо боз ба чунин як асари бунёдию фарогир даршинохти дақиқу илмии масири рушди таърихии забон ниёздоштанд, ки он, хушбахтона, бо нашри китоби мазкур бароварда гардид. Ба назари ман муҳимтарин ҷиҳати иҷтимоӣ ва

илмию фарҳангии китоби «Забони миллат - ҳастии миллат»дар дидгоҳҳо ва равишҳои пажӯҳишии он аст, ки, бешубҳа,аз воқеияти илми имрӯза, аз ниёзҳои маънавию маърифатии ҷомеаи мо сарчашма мегирад, ки аҳдоф ва дидгоҳҳо дармуқаддимаи китоб дар чаҳор бахш ба таври фишурда ишорашудааст. Ин ҷо таъкид мешавад, ки истилоҳи забони тоҷикӣифодакунандаи мафҳуми забони давлатии мост ва аз нигоҳитаърихӣ ин истилоҳ ҳамрадифи вожаҳои форсӣ, дарӣ ва форсии дарист .     Нуктаи аввале, ки муаллиф зикр менамояд, баинтихобу истифодаи дидгоҳҳои таърихӣ дар шинохти забони тоҷикӣ ишорат дорад. Далели дигари интихоби дидгоҳитаърихӣ ва таърихӣ – хронологӣ ин бобҳои якум ва чорумупанҷуми китоб аст, ки дар онҳо омилҳо ва заминаҳои тулӯъунумӯи забони форсии тоҷикӣ аз давраи қадим то замони салтанати Салҷуқиёну Ғуриён ва Хоразмшоҳиён матраҳ мегардад. Муаллиф сарнавишти таърихии забонро аз давраҳои сукунати қавмҳои ориёӣ дар минтақа баррасӣ намуда, ба хулосаемеояд, ки «Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаихеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯёрӯӣ бо чандин забонҳоитавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавонои бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз давронибостон то имрӯз мебошад.» . Дар фасли алоҳида давраҳоитаърихӣ ва даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, бо дарназардошти пажӯҳишҳои дар ин замина анҷомшуда, дар ховаршиносии Ғарбу Шарқ ва забоншиносии тоҷикӣ таҷдиди назар шудааст, ки он муҳаққиқони таърихи забонро ба самтипажӯҳишҳои тоза ҳидоят менамояд.

Консепсияи шинохти таърихии забони тоҷикӣ дар асарибунёдии мазкур аз оғоз то ба охир пайгирӣ мешавад, ки он барои таъкиди бо далели ҷанбаҳои маърифатӣ ва худшиносиюхудогоҳӣ доштани масъала мусоидат намудааст. Бояд гуфт,ки дар асарҳои таърихии сарвари давлат ба таври муфассаломили хештаншиносии таърихии халқи тоҷик будани забонитоҷикӣ таъкид гардидааст. Каронаҳои Ҷайҳуну Сайҳун эътироф гардидани хостгоҳи забони форсии тоҷикӣ далели дигарисаҳми бевосита доштани мардумони Хуросону Мовароуннаҳр,махсусан тоҷикони имрӯза дар боландагиву густариши забонитоҷикӣ аст. Чунон ки дар китоби мазкур омадааст: «Ин ганҷинаинодир тақсимнопазир ва сарвати миллии ҳамаи халқҳоест, кионро парварда ташаккулу такомул доданд ва дар тӯли таърихипурҳаводис онро эмину пойдор нигоҳ дошта, имрӯз ҳам бо онгуфтугӯ мекунанд» . Консепсияи дигаре, ки дидгоҳи дуюмродар таълифи китоби мазкур муайян мекунад, ин ҷанбаи маърифатии забони миллӣ, яъне забони тоҷикӣ мебошад. Таъкидмешавад, ки «огоҳии бештари ҳамватанони азиз аз таърихизабони модарии хеш» на танҳо меҳру муҳаббат ва эҳтиромимардумро ба забон меафзояд, балки унсурҳо ва заминаҳоимаънавии худшиносии миллиро меафзояд. Ба ҳамин хотирдар китоби мавриди назар ба се марҳилаи асосии инкишофизабон ишора мешавад ва онҳо дар заминаи маводи таърихӣаз сангнавиштаю бозёфтҳои хаттии бостоншиносӣ сар карда,

то осори мактуби асримиёнагӣ баррасӣ мегарданд. Ин шеваитаҳқиқ ҷанбаҳои дигари масъалаи забонро ба миён мегузорад, ки онҳо, пеш аз ҳама, ба пайдоиш ва ташаккули тоҷиконҳамчун як қавми ориёӣ иртибот мегирад. Бо ишора ба сарнавишти пурфоҷиаи тоҷикон ҳамчун миллати дорои таърихи қадим дар китоби мазкур омадааст:

«Шояд ягон миллати дунё мисли миллати тоҷик борҳо бавартаи фано гирифтор гардида, боз дар лаҳзаҳои вопасиниҷон бохтан аз нав мадор гирифта эҳё нашудааст, аз дунболиҳар шикасту инқирози чашмрас борҳо шикастапораҳояшровасл намуда, боз ба зинаи тозаи камолот нарасидааст.»

Махсусан, дар давраҳои ба сарзамини таърихии қавмҳоиориёитабор лашкар кашидани аҷнабиҳо масъалаи буданунабудани ниёкони мо ба миён меомад, ки забону фарҳангҳамчун пуштвонаи маънавӣ халқро аз нобудӣ, миллатро азвартаи ҳалокат раҳо ва рисолати таърихию сиёсии хешроадо менамуданд. Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин қабилмасъалаҳо дар китоб саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва

«забони тоҷикӣ» дар фасли алоҳида мавриди пажӯҳиш қарормегирад. Гузашта аз ин, пояҳои илмӣ ва паҳлӯҳои назариюконсептуалии тоҷикшиносӣ ҳамчун як самти мустақилиҷомеашиносӣ дар давраи истиқлол асоснок карда шудааст.

Зикр мегардад, ки пажӯҳишҳои солҳои охири донишмандони тоҷик дар заминаи омӯзиши масъалаи «тоҷик» ва «забонитоҷикӣ» аз нигоҳи таърихшиносию забоншиносӣ ин шохаиилми ҷомеашиносӣ ва ховаршиносии муосирро хеле ғановатбахшид. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита махсус таъкид менамоянд, ки«бояд таҳқиқу пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногуни тоҷикшиносӣбеш аз пеш тақвият ёбад, зеро дар баробари аҳамияти илмӣ ваамалӣ ин масъала бештар хусусияти сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣва фарҳангӣ пайдо мекунад.» Воқеан, устувору қавӣ сохтани пояҳои давлатдории навини тоҷикон дар замони муосиртавассути омӯзиши маҷмӯии унсурҳое, ки ба номи давлат,миллат, сарзамин, ҳуввияти миллӣ, забон ва фарҳанги миллӣтааллуқ доранд, аҳамияти муҳими илмӣ касб мекунанд.

Масъалаи ваҳдатсозӣ ва ваҳдатофаринии забони тоҷикӣ, кион дар таърихи мавҷудияташ ин рисолати муҳими таърихиюсиёсиро борҳо бар дӯш гирифта иҷро кардааст, масъалаи дигари бунёдист, ки дар китоб ҳам аз дидгоҳи таърихӣ ва ҳамаз дидгоҳи сиёсию фарҳангӣ баррасӣ мешавад. Дар ин маврид аз таҷрибаи қавмҳои ориёӣ дар давраи қадим ва ақвомиэронитабор дар асрҳои баъдӣ мисолҳои ҷолиб ва далелҳоимуътамад оварда мешавад.

Масъалаи дигаре, ки дидгоҳи сеюмро дар таълифи китоби мазкур мушаххас менамояд ин ҷанбаи фарҳангӣ ватарғиботӣ доштани он мебошад. Ин масъалаҳо қариб дарҳама бобу фаслҳои китоб ба хотири равшанӣ андохтан баравандҳои муосири омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ, пайдоишу ташаккули таърихии халқи тоҷик ва сарнавишти таърихии вожаи «тоҷик» ба мушоҳида мерасад.

Дар оғози китоб ин матлаб махсус зикр мешавад: «Ҳадафиасосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо,огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо сарфи назар аз номулоиматӣва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан вамуқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш бахарҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷои тавононро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.»

Бояд гуфт, ки баррасиҳои дар атрофи вожаи «тоҷик»,«хостгоҳи забони тоҷикӣ», давраи пайдоиши забони тоҷикӣ,густариши забони тоҷикӣ ва ғайра суратгирифта аҳдофи даркитоб зикргардидаро бароварда месозанд. Аз дидгоҳи мазкурдар китоб як андоза сарнавишти таърихии миллати тоҷик дарконтексти забон баррасӣ мегардад, ки он аз як ҷиҳат идомаимантиқии китобҳои таърихии Президенти кишвар муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон будани китоби «Забони миллат – ҳастиимиллат» - ро собит месозад. Ба маводи таърих ё саҳифаҳоипурфоҷиаю пурнишоти он ишора кардани муаллиф бештарба хотири нишон додани мақому мартабаи миллатсозӣ вамиллатофаринии забон мебошад. Забони тоҷикӣ сарфи назар аз нуфузу фазои ҷуғрофиёии тасаллуташ тавассути осоригаронбаҳои мактуб шукӯҳу азаммат ва мақому рисолати таърихии хешро абадан сабт намудааст. Ин андешаро метавондар ҳар бобу фасли китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»дарку эҳсос намуд.

Ба таври хулоса метавон таъкид кард, ки дар таълифи китоби номбурда нақшу мақоми миллатсозӣ, фарҳангофаринӣ,инсонгароӣ ва созандагию ваҳдатофаринии забони тоҷикӣҳамчун консепсияи фарогири илмӣ интихоб ва аз оғоз тоанҷоми он риоят шудааст, ки он арзиши илмӣ, маърифатӣ,таърихӣ ва фарҳангии китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - ро ба маротиб наафзудааст. Нуктаи муҳиме, ки дар ин

китоби бунёдии Сарвари давлат ва матни суханрониҳояшондар ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ таъкид мешавад, ин аст, кизабон дар баробари таъриху фарҳанг ва маънавият омилибунёдиест, ки ҳувияти миллиро устувор месозад ва мақомимиллатро дар ҷаҳон баланд мебардорад.

Шамсиддин Солеҳов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj