• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ВАҲДАТ-ПОЯНДАИ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

Тоҷикистон яке аз кишварҳои қадимтарини мутамаддини олам мебошад, ки аз замонҳои қадим то кунун дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд дорад ва маълуму машҳур аст. Ин сарзамини ниёгон таърихи ҳазорсолаҳо дорад, ки дар он халқи тоҷик чандин сохти давлату давлатдориро аз сар гузаронида, таҷрибаи бойро аз бар кардааст. Бо амри таърих давлатҳои сершумори хурду калон паси якдигар аз арсаи таърихӣ рафтаанд, ҳар кадоми онҳо нақши бузург ва мероси бое боқӣ гузоштаанд. Аммо халқи тоҷик ҳамчун вориси қонунии аҷдоди худ ба ҳаргуна фишору зуроварӣ ва хавфу хатар тоб оварда, худро аз нестшавӣ нигоҳ дошта, ватани худро муҳофизат карда тавонистанд.

21-сол  муқаддам, яъне рӯзи 27 июни соли 1997, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин Сайд Абдуллоҳи Нурӣ дар ш. Москва ба имзо расида буд, ҷамъбасти мулоқотҳо ва баҳсу мунозираҳои зиёд барои ба ҳадафи ниҳоӣ- сулҳу ваҳдат ноил шудан буд. Ҳамзамон созишномаи мазкур барои фаъолияти якҷояи ҳар ду ҷониб роҳ кушод ва механизми амалисозандаи он Комиссияи оштиии миллй дар муддати беш аз ду ним сол вазифаҳои муҳимро анҷом дод.

Ноил гардидан ба идеалҳои олии истиқлолият, худшиносӣ, ваҳдати миллй ва барпо намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ аз замонҳои хело қадим боз умеду орзӯи халқи тоҷик мебошад.

Ба ин максади олй расидан, тоҷикон аз ибтидои пайдоиши худ то имрӯз, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ ба бисёр монеаҳо, душвориҳо нигоҳ накарда, муборизаи каҳрамонона бурда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақцирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоӣиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу суббот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди вахдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯйи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субат ва ваҳдати миллй ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.

Истилоҳи «Ваҳдат» дар баъзе вожаҳо ба монанди «Ғиёсуллуғот», «Мунтахабуллуғот», «Чароғи ҳидоят», фарҳанги Амиду, фарҳанги форсӣ, фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ ва «Ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон» асли зодбумаш арабӣ буда, аз лафзи «воҳид»-«аҳад» рӯидааст, ки ба маъноии «як будан», «ягона будан», «ягонагӣ» ва «якто» омадааст.

Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат аст ва чун адувон миллатро ба вартаи нестӣ ва ё вобастагӣ кашиданй мешаванд, мекӯшанд, ки сараввал ваҳдати ин мардумро аз байн баранд. Бо ҳамин ғаразҳои нопок миёни тоҷикон низ оташи ихтилофоти ваҳдатшикан барафрӯхта шуд, вале ин миллати тоҷвар, ки бо шебу фарози таърих бисёр бархӯрд кардаву аз банди басо макру ҳияли кинаваронаш раҳида буд, дар марҳилаи навини такдирсози хеш ба рагми ҳама монеаву талошҳо устуворона истодагарй намуда, ваҳдаташро чун гавҳарӣ поку ноб ҳифз намуд ва ин буд, ки ба рӯзгорони саодатбор тарабафзо бирасид.

Ваҳдати миллй асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин олмили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд. Халқи тоҷик даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро

фаромӯш накардааст. Аз ин хотир, ҳамаи мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва ватани озоду соҳибихтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем.

С.У.Ахиева

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj