• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Решапайванд

Беш аз панҷ аср муқаддам ду шахсияти шинохтаи илму фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дӯстии ду халқи бародарро дар ашъорашон васф намуда буданд ва ин дӯстӣ то ба имрӯз идома дорад. Тоҷикистон бо Ӯзбекистон беш аз 1161 км сарҳад дорад ва ин ду миллат дар ҳамсоягии якдигар зиндагии осоишта доранд. Расму оини ин ду халқ як буда, дар минтақаҳои ҳамсарҳад ва дигар манотиқ онҳо бо якдигар хешу табори наздиканд.

Ин ду халқи бародар решапайванди якдигар мебошанд, ки инро шоири маҳбуби тоҷик Муҳаммад Ғоиб  дар шеъри «Суруди дӯстӣ»-аш чунин баён намудааст:

Ҷаҳон донад, ки мо ҳамсоя ҳастем,

Ба ҳар шодиву ғам якҷоя ҳастем.

Ба зери боми даврон ворисонанд,

Ба ин даргоҳи ҳастӣ поя ҳастем.

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

Раҳи тақдири мо ҳамранг  бошад,

Сари мо сахттар аз санг бошад.

Фақат созе, ки номаш ошноист,

Ба тори қалб ҳамоҳанг бошад.

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

Зи Ҷомиву Навоӣ панд дорем,

Ба номи рафтагон савганд дорем.

Зи боғи пурумеди зиндагонӣ

Ҳазорон решаи пайванд дорем.

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, аз 22 октябри соли 1992 муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардида бошад ҳам, аслан дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи тӯлонӣ дорад. Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ дар охири қарни бист, мутаассифона муносибатҳои байни ду халқи дӯсту бародарро ба таври назаррас густариш надод. Дар байни ду давлати ҳамсоя раводид ҷорӣ карда шуд, ки  ин рафтуомади хешу таборон ва дӯстону бародаронро хеле мушкил намуд.

Дар ин давра тамоми 16 гузаргоҳи байнидавлатӣ, ки роҳҳои рафтуомади дӯстон, хешу таборон буданд, маҳкам карда шуданд.

Хушбахтона, инак, сарварони оқилу донои ҳар ду кишвари ҳамсоя ба хулосае омаданд, ки бояд анъанаҳои хешутаборӣ ва ҳамсоягӣ пос дошта шавад; халқҳои ҳар ду кишвари дӯсту бародар дар ҳар вақти барояшон мувофиқ бе мамониат ба дидорбинии дӯстону бародарон раванду пояҳои дӯстиву хешутаборӣ, боз ҳам мустаҳкамтар гардад. Тоҷикон гуфтаанд, ки «Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ». Ва боз: «Хона нахару ҳамсоя хар». Бе дӯстиву рафоқат ва рафтуомади доимӣ ҳамсоягии хуб намешавад. Хушбахтона, ба шарофати сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвари ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев яхи 26-сола об шуд. Ин ду абармарди соҳаи сиёсат зикр карданд, ки ин ду халқи ҳамсоя дар ҳама давру замон дӯсту бародар ва ҳамфикри якдигаранд, китф ба китфи ҳам ниҳода кору зиндагӣ мекунанд ва бояд ин дӯстӣ, хешутаборӣ ва ҳамсоягӣ ба манфиати ҳар ду халқу миллат идома дода шавад. Чунин муносибати неки сарварони донову оқили ду миллат буд, ки 9.03.2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ашриф овард ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон дар сатҳи баланд пазироӣ карда шуд.

То ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардани муҳтарам Шавкат Мирзиёев наздики 10 гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ кушода шуданд, ки ҷараёни кушодашавии онҳо аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Ҳамагон мардуми дӯсту бародари ин ду давлатро медидем, ки чӣ қадар ашки шодӣ мерехтанд, бо муҳаббати хоса доир ба  ин рӯйдоди таърихӣ сухан мегуфтанд. Бародар ба истиқболи бародар, хоҳар ба истиқболи хоҳар, модар ба истиқболи духтару духтар ба истиқболи модар баромада буданду якдигарро ба оғӯш кашида, ашки шодӣ мерехтанд. Пиру барно дар таҳти мусиқӣ мерақсиданду шодӣ мекарданд. Ҳамаи ин хурсандиҳо аз решапайванд будани ин ду миллати куҳанбунёд гувоҳӣ медод.

…Рӯзи 9.03.2018 мардуми пойтахт ба истиқболи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев баромаданд. Ба боронгарии зиёд нигоҳ накарда, дар ду тарафи роҳ меҳмони олиқадрро самимона истиқбол намуданд. Аз  ин истиқболгирии пурмеҳру муҳаббат ва ашки шодии мардум аён буд, ки мо муштоқи дидори ҳамдигарем. Дар он рӯз, ки аз пагоҳии барвақт ҳавои пойтахт боронӣ буд, пас аз ба пойтахт ташриф овардани муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳавои пойтахт офтобӣ шуд.Табиат як маротибаи дигар нишон дод, ки дили мардуми тоҷик ва сарвари муаззами он поку софу беолоиш буда, интизори меҳмони олиқадр ва давом додани дӯстию бародарию ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсату иқтисод мебошанд.

Дар натиҷаи ин сафари давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 27 созишнома доир ба ҳамкориҳои мутақобилан  судманд ба имзо расонида шуданд, ки ҳама ба манфиати халқу миллати ду давлати ҳамсоя мебошад. Муҳлати рафтуомади бераводид то 30 рӯз дароз карда шуд. Дар ин сафар роҳи оҳани қитъаи «Ғалаба-Амузанг» кушода шуд, ки ин ба кашонидани борҳои саноатию кишоварзӣ ва некуаҳволии беш аз 3,5 миллион аҳолии ҷануби Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев қайд намуд, ки кишвараш дар сохтмони иншооти гидроэнергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар сохтмони НБО-и Роғун иштирок ва саҳмгузорӣ менамояд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва толошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амнияти минтақавиро низ дастгирӣ гардиданд. Байни соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 созишнома ба маблағи 120 миллион доллар ба имзо расонида шуд, ки ин баҳри боло рафтани некуаҳволии ҳар ду халқу миллат мусоидат менамояд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ сохта шуданд ва дар мувофиқа вақтҳои наздик иртиботи автомобилӣ байни шаҳрҳои ду кишвар низ ба роҳ монда хоҳад шуд,ки ин барои ҳамлу нақли мавод ва мусофирон шароити мусоид фароҳам меорад.

Шоири маъруфи ӯзбек  Ғафур Ғулом оид ба дӯстии ин ду миллат гуфтааст:

Ҳамдаму ҳамхуну ҷон-                                       тоҷику ӯзбек,

Лоиқу таърифу шон-                                 тоҷику ӯзбек.

Гул ба гулу ранг-ранг                                  гулшани дунё,

Ғунчаи хандони он-                                              тоҷику ӯзбек.

Бигзор,  дӯстию бародарии тоҷикону ӯзбекон ҳамеша пояндаву устувор бошад.

Н. Олимов,

мудири кафедраи

фанҳои умумитехникӣ

ва мошиншиносӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru