• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Мардуми тоҷику ӯзбек аз қадимулайём дӯст ва хешу табор буданд ва ҳастанд. Ин иқдоми некро сарварони имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон идома мебахшанд. Ду халқи бо ҳам дӯст ва бародар солҳои охир то ҷое аз ҳамдигар дур буданд, дар орзуи дидани хешу табори худ интизориҳо мекашиданд. Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин дӯстии деринаи халқҳои бо ҳам бародар эҳё гардид. Дар таърихи ду миллат саҳифаҳои нав кушода шуд. Дӯстии тоҷикону ӯзбекон таърихи қадима дорад. Ин дӯстӣ аз асри XV аз муносибати дӯстонаи ду шоири классик Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ оғоз меёбад. Тоҷикон ва ӯзбекҳо ду халқе мебошанд, ки таърихи онҳо бо ҳам аз замонҳои қадим зич алоқаманд мебошад,  урфу одат, ҷашну маросимҳо ва дину мазҳаби ин ду миллат якест. Боиси ифтихор аст, ки сарони давлатҳои Тоҷикистону  Ӯзбекистон баҳри равнақ ёфтани мунисибатҳои дӯстонаи ду кишвар созишномаҳои манфиатборро ба имзо расонданд. Ин иқдомҳо боиси хурсандии халқҳо мебошанд. 9 марти соли 2018 консерти тантанавӣ бо иштироки ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" баргузор шуд. Дар ин консерт Президентони ҳар ду кишвар  иштирок доштанд. Ҳунарнамоии санъаткорони машҳури тоҷику ӯзбек ҳамаро мафтун сохт. Ҳангоми сурудани шеъри устод Мирзо Турсунзода:

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро   гум макун

аз тарафи Ҷӯрабек Мурод Шералӣ  Ҷӯраев ҷавобан суруд:

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби ӯзбеконро    гум макун.

Ин лаҳза хеле муассир буд ва аз он шаҳодат медод, ки дӯстии ду миллат буд, ҳаст ва мемонад. Сано бодо ба ҳамаи онҳое, ки ба дӯстию бародарӣ арҷ мегузоранд.

З. Ғуломҷонов,

ассистенти кафедраи забони русии

умумидонишгоҳӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj