• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст

Оини меҳмону меҳмондорӣ дар зиндагии аҳли башар, хусусан, дар кишварҳои машриқзамин таърихи бениҳоят қадима дорад. Мавҷудияти ин анъанаҳои хос дар девор нигораҳои Бесутун ва тахти Ҷамшед ба таври тасвироти муассир ва бо як санъати баланди беназир инъикоси худро ёфтааст. Ин расмҳои мунаққаш бозгӯй аз доштани фарҳанги баланд, урфу одати неку ва хислатҳои шоистаи ин қавми тоҷдору озодманиш мебошад.

Қобил ба зикри хос аст, ки ба ҷуз аз ин деворнигораҳо дар дигар осори моддию маънавӣ ва мероси мондагори мутафаккирону шуарову дигар аҳли фазлу ҳунар дар шакли назм, наср ва таърихномаҳо возеҳу равшан дарҷ гардидааст.

Сарфи назар аз ҳуҷумҳои пайвастаи аҷнабиён дар тӯли қарнҳо ба ин сарзамини соҳибтамуддун ин анъанаву урфу одат таввасути мардуми фазлпарвар аз насл ба насл интиқол гардида, давра ба давра ташаккул ёфта, хусусияти комили миллӣ касб кардааст.

Хусусан, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба мо муяссар гардид, ки анъанаву русуми миллиамонро аз диди нав пажуҳиш намуда, барои муаррифии онҳо таҷлилашонро ба таври расмӣдар сатҳи давлатӣ ба роҳ монем. Дар эҳёи ин анъанаҳои миллӣ саҳм ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Яке аз ин анъанаҳои мазкур қабулу гиромидошти меҳмон ва иззату эҳтироми он аст. Ин анъана дар қабули Президети Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар боз ҳам риоя шуд.

Ин сафари Президенти кишвари ҳамҷавор дар таърихи давлатдории навини мо саҳифаи наверо боз кард. Муносибатҳои дӯстона дубораба эҳё шуданд. Шодию хурсандии мардум ҳадду канор надошт, самимияту муносибати бародарони роҳбарони ин ду кишвар ҳамаро ба ваҷд овард. Истиқболи ташаббусҳои ҳамдигар дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, кушодани марзҳое, ки солҳои тулонӣ баста буданду ҳазор ҳасрату надоматро дар қалби мардум мепарвариданд ва имкон надоштанд, ки дар як масофаи начандон тӯлонӣ солҳои зиёд ба дидори ҳамдигар расанд, акнун он ашкҳои талху шӯр ба ашкҳои шодию нишот мубаддал гардиданд.

Самимияти худро Пешвои муаззами мо нисбат ба сарвар ва мардуми кишвари ҳамсоя чунин изҳор намуданд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.

Дар ҳақиқат, робитаҳои дӯстиву хешовандии ин ду миллати мутамаддин реша дар умқи таърих доранд. Нуктаи муҳиме, ки пайваста дар суханрониҳои сарони ин ду кишвар таъкид гардид, робитаҳои адабию эҷодии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ буд. Ин робитаву анъанаи некро Садриддин Айниву Ғафур Ғулом ва боз чанд тани дигар идома бахшиданд. Мутмаинем, ки чунин робитаҳои адабию фарҳангӣ миёни тоҷикону ӯзбекон дар оянда низ устувор хоҳанд монд.

Дар марҳилаҳои таърихии робитаҳои ҳамсоя кишварҳо шояд ба бани башар кам муяссар шуда бошад, ки бо як ташриф ва ҳузури расмӣ зиёда аз 30 Созишномаи муҳим ба тасвиб расида, анқариб тамоми соҳаҳоро дарбар гирифта, муносибатҳои сарди чандинсоларо ба зудӣ барҳам занад, ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, ки барои мардуми ин ду кишвар ба як орзу ормон табдил ёфта буд, роҳ кушояд. Воқеан,ин ҳодиса барои мардуми ҳар ду кишвар таърихист.

Мутмаинем, ки робитаҳои бисёрсамтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар оянда боз ҳам вусъат ёфта, барои расидан ба ҳадафҳои волои ҳамҷаворӣ мусоидат мекунанд.

Ҳобил Зикирзода, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ, дотсент,

Соқӣ Султонзода, мудири кафедраи забони франсавӣ, дотсент

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj