• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Пояндаву безавол

Ҳодисаи фараҳбахши 9-10 марти соли 2018-сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро масрур сохт.

Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш,ки дар фазои олии дӯстона ва созанда байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, масъалаҳои калидии вазъи имрӯзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон , дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ,нақлиёту каммуникатсия, гуманитарию фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ин ду кишвари ба ҳам дӯст ва ҳамсоя умумиятҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангиро дороанд, ки ба принсипҳои устувори дӯстӣ, накуҳамсоягӣ ва эҳтироми тарафайн асос ёфтааст.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар фазои Иттиҳоди Шӯравӣ аз наздиктарин ва ҳамдамтарин ҷумҳуриҳо буданд. Урфу одат, анъанаву таомулҳои муштарак доранд, бо ҳамдигар хешу таборанд.

Аз нав ба ҳам омадани Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар паҳнои минтақаи Осиёи Марказӣ таъмини сулҳу субот, амният ва рушди устувор ба бор меоварад. Акнун Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шарики стратегии ҳамдигар гардиданд, то ҳама мушкилоти минтақаро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намоянд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамраъйии хешро нисбат ба кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақавӣ изҳор намуд, пуштибонии худро нисбат ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об- барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баён кард. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки проблемаи глобалии ҷаҳон миёни ду кишвари ҳамсоя роҳҳои ҳалли худро меёбанд.

Воқеан, тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ,барору нобарориҳо, нокомиву пирӯзиҳо бо ҳам будаанд ва дар ҳама ҳолат дӯстиву бародариро гиромӣ дошта, ҳамдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамкории адабӣ ва дӯстонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ аз самимият, эҳтиром ва муҳаббати як халқ ва ду миллат дарак медиҳад. Дӯстию рафоқат миёни ин ду шахсияти бузург тасхиркунанда ва олӣ будааст. Алишери Навоӣ дар осори безаволи хеш “Хамсат-ул-мутаҳайирин”, “ Маҷолис-ун-нафоис”, “Туҳфат-ул-афкор” аз фазилатҳою бузургии пир ва устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ борҳо ёдовар мешавад. Ӯ хоксорӣ, саховатмандӣ, ҳимматбаландӣ, хайрхоҳӣ, инсондӯстӣ ва хулқи  ҳамидаи устодаш Абдураҳмони Ҷомиро ситоишу ниёиш менамояд. Воқеан, ин ду адиби шаҳир барои насли ояндаи хеш хизматҳои бузург ба сомон дода, дар бунёди кохи муқтадири дӯстии тоҷику ӯзбек нақши беҳамто бозидаанд. Ин анъанаро дар қарни XX устод Садриддин Айнӣ бо адибон Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом идома дода, робитаи дӯстонаи тоҷикон ва ӯзбеконро тақвият бахшиданд. Тоҷикон ва ӯзбекон чун гӯшту нохунанд ва эшонро аз ҳам ҷудо намудан ҳеҷ имкон надорад. Кушода шудани 10 гузаргоҳи сарҳадӣ дар санаи 1 марти соли равон мардуми ташнаи дидорро ба висоли хешу табор, дӯстон ва ҳамсоягон расонид. Мардуми ҳар ду тарафи сарҳад ашки шодӣ мерехтанд ва изҳори миннатдорӣ ба сарони ҳарду давлат менамуданд. Пешвои муаззами миллат дар “Шоми дӯстӣ” бамаврид қайд намуданд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба   мардум рӯзи сахт.

Дӯстии тоҷикону ӯзбекон пояндаву безавол аст.

Шоҳназар Бердиев, мудири кафедраи фалсафа

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj