• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тундгароӣ ба вартаи марг мебарад

Дар факултаи география дар мавзӯи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ» ҷамъомад баргузор гардид. Дар он раиси гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Мардихудо Давлатов ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳои математикаю физика иштирок доштанд. Дар оғоз М.Давлатов қайд кард, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро бояд ҳамаҷониба

дастгирӣ намуд, зеро рушди ҷомеа аз мо, ҷавонон, вобаста аст.

 

Ҳар як шахси солимақл бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, чунки гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд бо ҳар роҳу усул ҷавононро ба доми худ афкананд. Дар ин росто давлати Сурияро мисол овард, ки яке аз кишварҳои пешрафта буд, ки дар як рӯз аз ҳисоби нафт 80млн доллар даромад ба даст меовард. Аммо гурӯҳҳои бадхоҳ тавонистанд бо ҳар роҳу усул оромии давлатро халалдор созанд. Бархе аз ҷавонони мо ҷиҳод гуфта, ба давлатҳои бегона рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд, аммо фикр намекунанд, ки ҷиҳоди беҳтарин хизмат ба халқу миллати хеш аст.

Мавсуф таъкид кард, ки мо бояд бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории зич дошта бошему барои пешгирии корҳои ношоиста кумак расонем. Маҳз дар натиҷаи бетарафии баъзе афрод дар муассисаҳои таълимии №43, №54 задухӯрд миёни хонандагон рух дод, ки 2 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар паси панҷара нишастанд.

Аъзои дигари гурӯҳи «Авангард» Шодмон Абдуҳаким ва Шодмон Раҳимов дар суханрониҳои худ баён намуданд, ки мусулмонони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ зидди якдигар мубориза намебаранд ва доимо бо ҳам дӯсту бародар боқӣ мемонанд.

Шаҳноза Саидаминова, хабарнигори ҷамоатӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj