• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Терроризм - зуҳуроти номатлуб

Бо ташаббуси садорати факултаи таърих ва кафедраи таърихи халқи тоҷик 16-уми март мизи мудаввар дар мавзӯи «Терроризм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоии ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факулта А.Муродзода оғоз бахшида, терроризмро ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва ҷинояткории муташаккил ба муқобили ҳаёти осуда ва амнияти ҷомеа маънидод намуд.

Донишҷӯёни факулта дар мавзӯъҳои «Ифротгароӣ ва терроризм», «Терроризм чист ва террорист кист?», «Таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба терроризм ва сифатҳои хоси содир намудани он», «Сабабҳои ба вуҷуд омадани терроризм ва роҳҳои пешгирии он» маърӯза намуданд.

Аз муҳтавои мавзӯъҳо маълум гардид, ки дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл гирифта, бештари онҳо ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудаанд. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ ва бо ҳам алоқаманди террористӣ афзуда, дар фаъолияти худ воситаҳои гуногуни техникӣ ва яроқҳои марговарро истифода мебаранд.

Чорабинӣ бо саволу ҷавоби байни иштирокчиён ва М.Фозилова, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, ҷамъбаст гардид.

Дилафрӯз Муқимова, хабарнигори ҷамоатӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj