• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ЧУН ДАР ВАТАНИ ХЕШ РОҲАТ БУДЕМ

Бо ибтикори раёсати донишгоҳ як гурӯҳи иборат аз 10 нафар омӯзгор ва донишҷӯ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистони дӯсту ҳамсоя сафар намуда, аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро дидан карданд. Фишурдаи таассуроти чанд нафари онҳо дар зер оварда мешавад:

Саидмурод Хоҷазод, мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ

- Баъди 25 сол бори дигар дидани шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухоро ба мо муяссар шуд. Лаҳзаҳои рангину нотакрор зиёданд. Нигоҳ доштани асолати забони тоҷикӣ, ҳифзи анъанаҳои миллати тоҷик, эҳёи суннатҳои мардумӣ, рушди сайёҳӣ, ривоҷи шаҳрсозӣ, муносибати боадабона, пазироии самимона барои ҳайати мо аҷоиб ва нотакрор буд. Тамошои ноҳияи бостонии Ғиждувон, зодгоҳи поягузори навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, деҳаи Соктаре, мулоқот бо пайвандони Айнӣ воқеан барои ҳамаи мо нишотовар буд.

 

Фикр мекунам, сафари мо ба шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухоро туҳфаи муносиб ба ҷашни 140-солагии устод Садриддин Айнӣ хоҳад гашт.

 

 

 

 

 

Мунаввара Турсунова, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

- Барои ман аз ҳама чизи муассир он аст, ки мардуми Самарқанду Бухоро бо вуҷуди ӯзбекӣ будани забони давлатӣ бо забони тоҷикӣ гап мезананд. Мо аз бисёр ҷойҳои таърихӣ дидан намудем. Аз ҷумла, мадрасаи Шердор, ки бо фармони ҳокими Самарқанд Ялангтуш Баҳодур соли 1619-1636 сохта шудааст, бисёр нақшу нигори аҷиб дошт. Ҳамчунин, аз расадхонаи номдори Улуғбек, ки то ҳол асбобҳо барои назорати ситораҳо маҳфузанд, дидан намудем.

 

 

 

 

 

Зебунисои Одил, донишҷӯи соли 5-уми факултаи забонҳои романӣ -германӣ

- Тавре дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ хонда будам, мадрасаи Мири Араб, мадрасаи Кукалтош, зиндони амир, саҳни Регистон, лаби ҳавзи Девонбегӣ ҳамаи инро бо чашми худ дидам ва тафовут аз тасаввури ман то ҳақиқат хеле калон буд. Баъдан ба деҳаи Соктаре, ба ҳавлии устод Айнӣ рафта бо пайвандони ӯ суҳбат кардем, ки ин мулоқот дар зеҳни ман таъсири амиқ гузошт. Барои наздикони устод ҳам ҳайратовар ва ҳам хурсандибахш буд, ки нафарони ношинос дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ маълумоти муфассал доранд. Бисёр мехостам дар бораи чизҳои намедонистаам бо аберагони устод суҳбат намоям, мутаассифона вақт танг буд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj