• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Конфронси хотирмон

Кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 17-уми соли 2018 конфронси донишгоҳии омӯзгорон ва донишҷӯёнро доир кард, ки асосан ба 140 - солагии поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида шуд. Онро бо сухани ифтитоҳӣ доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод кушода роҷеъ ба нақши Садриддин Айнӣ дар рушди забони  тоҷикӣ, муборизаҳои ин абармарди миллати тоҷик барои исботи мавҷудияти миллат ва забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, омилҳои пайдоиши «Намунаи адабиёти тоҷик» ва нақши он барои таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, саҳми номбурда баҳри таъсиси мактабҳои усули нав ва талошҳои пайгиронаи Айнӣ ҷиҳати эҳёи муҷаддати анъанаҳои миллӣ ибрози назар кард. Номбурда ҳамчунин аз таассуроти сафари гурӯҳи устодон

ва шогирдони донишгоҳ ба гаҳворашаҳрҳои тоҷикон- Самарқанд ва Бухоро, ки бо дастгирии Ректори донишгоҳ, академик Салимӣ аз 9-ум то 14-уми апрели соли равон сутар гирифт, маълумоти муфассал дод. Мутобиқи гуфтаи ӯ аъзои гурӯҳ дар деҳаи Соктаре бо пайвандони Садриддин Айнӣ мулоқот намуда, аз манзили падарии ӯ, масҷиди деҳа ва мактаби кӯҳна, ки дар «Ёддоштҳо» тасвир шудаанд, дидан карданд. Хоҷазод дар охири сухан зикр кард, ки то кунун дар Соктаре лафзи ширини тоҷикӣ садо медиҳад ва нишонаҳоли асили тамаддуни тоҷикӣ дар ин ҷо то кунун ҳифз гардидааст.

 

«Бозтоби ҳунарҳои мардумӣ дар «Ёддоштҳо» низ мавзӯи меҳварии ҳамоиш буд, ки аз ҷониби муаллими калони кафедра Равшани Ҳамроҳ ироа шуд. Тибқи пажӯҳиши Равшани Ҳамроҳ инъикоси мавзӯи мазкур барои беҳтар шинос гардидани хонандагон бо ҳунарҳои мардумии ниёгони мо дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фоли нек аст.

Нақши Айнӣ дар эҳёи дубораи миллати тоҷик дар маърӯзаи устоди кафедра, номзади илмҳои филология, дотсент Хокироев Ризо бо унвони «Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд…» қироат шуд. Хизматҳои ҷовидани Айнӣ барои ташаккули адабиёти навини тоҷик бо санадҳои тоза гӯшзад гардид.

Суханронии муаллими калон Неъматова Дилафрӯз дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар замони истиқолол» ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бюухшида шуд.

Дар қисмати дуввуми ин ҳамоиш донишҷӯёни соли аввали факултети забон ва адабиёти рус Чилаева Гулчеҳра роҷеъ ба мавзӯи «Об- манбаи ҳаёт», Сафарова Шукрона дар хусуси «Калимаҳои иқтибосӣ дар «Ёддоштҳо» ва донишҷӯи курси якуми факултети психология ва таҳсилоти фарогир Ҳалимзада Шоҳрух дар мавриди «Инъикоси чеҳраҳои таърихӣ дар «Ёддоштҳо»  сухан карданд.  Қироати шеъри Бозор Собир «Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд…» аз ҷониби ассистенти кафедра Нуъмонзода Марям бо хушнудӣ пазируфта шуд. Дар ин ҳамоиш беш аз 100 нафар донишҷӯён ширкат варзида, тассуроти рангин бардоштанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj