• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Садриддин Айнӣ  ва рисолати таърихии он

Дар таърихи 13 апрели соли 2018  дар факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ семинари  илмӣ – назариявӣ  бахшида ба 140- солагии зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он 97 нафар донишҷӯён ва 27 нафар устодони факултет иштирок доштанд.

Ба конференсия олим,  доктори илмҳои филология, профессор Айнишиносӣ барҷастаи ҷумҳурӣ А. Мамадаминов  даъват карда шуда буд, ки иштироки ӯ ҷамъомади номбурдаро ҳусну тафовути тоза бахшид.

Инчунин дар  ин семинар муовини ректор оид ба корҳои илмӣ  доктори илмҳои таърих, профессор Н.К. Убайдуллоев иштирок намуда, ба он ифтитоҳ бахшида, меҳмони имрӯзаи ҷамъомад устод А. Мамадаминовро  хайру мақдам гуфта, сипас оид ба мақсаду мароми баргузории семинари мазкур қайд намуд, ки  дар ин рӯзҳо дар тамоми давлатҳои форсзабон бахшида ба 140- солагии  зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ҷамъомадҳо баргузор гашта истодааст.

Устод А.Мамадаминов имрӯз дар бораи тадқиқотҳои ҷолибе, ки  доир ба нақши Садриддин Айнӣ гузаронида шудааст ба таври мухтасар маълумот медиҳад. Инчунин қайд карда шуд, ки беҳуда Пешвои миллат Президенти Чумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ  аз ҷумла «Чеҳраҳои Мондагор» васфи каҳрамониҳои  фарзандони фарзонаи тоҷикро баҳо  надодааст.

Ба наздики дар вохурии худ бо зиёиёни тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид намуданд, ки  фарзандони фарзонаи тоҷик барои пойдории миллат ва давлати тоҷикон  бо душманони он мубориза бурданд ва аз ҷумла  устод Садриддин Айниро падари  миллат номидааст.

Бинобарин ба мо ва шумо ҷавонон лозим аст, ки зиракиро аз даст надода доимо ватандӯсту ватанхоҳ буда, баҳри миллати азизамон хизмат намоем.

Сипас риштаи сухан ба устод Мамдаминов А. дода шуд. Мамадаминов А. қайд намуд, ки  ҳар халқу миллатро  аз рӯи фарзандони фарзонааш мешиносанд. Аз соли 1992 то кунун  дар тамоми нутқи худ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз таърих ва намояндагони он ёд мекунад. Дар асарҳои худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои Мондагор», ки дар он аз аввал то охир дар бораи чеҳраҳое, ки барои халқи тоҷик ҷонбозиҳо кардаанд, сухан меравад.

Таърихнигори рус Павлов низ ба халқи тоҷик ва қаҳрамониҳои фарзандони  он баҳои баланд дода, чунин навиштааст, ки ба халқи тоҷик се зарбаи сахт зада шудааст, агар он ба дигар халқиятҳо зада мешуд, онҳо  мавҷудияти худро пурра аз даст медоданд. Аммо халқи тоҷик  баъди ҳар як зарбаҳо сар бардошта, мавҷудияти худро қавӣ мегардонд. Ин зарбаҳо:

  1. Ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ
  2. Истилои араб
  3. Ҳуҷуми Чингизхонро дар назар дошт.

Садриддин Айнӣ Чингизхонро кафандуздӣ аввал номидааст, қайд намуд  устод. Садридин Айнӣ  бо чӣ қадар азобу уқубат ва таҳдидҳои зиёд асарҳои худро ба забони тоҷикӣ офарида, забон ва миллати мо зинда нигодошт. Бинобарин ин хизматҳои устод Садриддин Айнӣ бе натиҷа намонд ва хизмати ӯ  назди халқу миллат қадр карда шуд. Бинобарин  ба мо  лозим аст, ки аз гузаштагони худ ибрат гирифта, доимо дар ҳифзи  миллату забони хеш бошанд.

Дар хотима декани факултет н.и.т., дотсент Муродзода А. баромад намуда, ба устод Мамадаминов А. аз номи садорати факултет ва  иштирокчиёни ҷамъомади имрӯза изҳори миннатдорӣ намуд, ки хоҳиши  моро ба тахир нагузошта имрӯз бо чунин маърӯзаи пурмӯтавои худ тавонистд, ки тамоми иштирокчиёни семинарро ба ваҷ оварда, симои ҳақиқии устод Садриддин Айниро ба онҳо асоснок намуда кушода дод.  Як ҷаҳон ташаккур ва умед  дорем, ки ин ҳамбастагии мо идома ёфта, дар оянда низ чунин семинарҳои муфидро баҳри донишҷуёну устодони факултет ташкил намоем.

Бо ҳамин семинари илмӣ – назариявӣ кори худро ба анҷом расонд.

 

 

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru