• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ширкати фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар Ниммарафон

Шумораи зиёди омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳисси баланди миллию ватандорӣ дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки имрӯз, 21-уми апрел, ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Чуноне иттилоъ доданд, имсол ба ин мусобиқот дар қатори давандаҳои машҳури Тоҷикистон инчунин варзишгарон аз 15 кишвари олам даъват карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта,  ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил карда шудааст. Бо дарназардошти ин дар қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шудааст, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, ба варзишгароне, ки имсол дар ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро соҳиб мегарданд, мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад: барои ҷои 1-ум –  31150 сомонӣ, ҷои дуюм- 26700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22250 сомонӣ, ҷои чорум – 17800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16020 сомонӣ  ва ҷои шашум – 13350 сомонӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj