• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таҷлили Рӯзи пойтахт дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Дар чорабинии бошукӯҳи маърифатӣ-фарҳангӣ, ки имрӯз, 21-уми апрел, ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, дастовардҳои тамоми факултаҳо ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Китобҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо, ихтирооти омӯзгорону донишҷӯён, диплому ҷомҳо ва дигар ҷоизаҳои арзишманд,

ки тӯли чанд соли охир ба даст омада буданд, диққати тамошобинонро ҷалб карданд. Зардӯзию кашидадӯзӣ, матоъҳои атласу адрас ва либосҳои зебои миллӣ, ки маҳсули дасти муҳассилини факултаи технология ва иқтисодиёт ҳастанд, ба намоиш ҳусни тоза зам намуданд.

 

 

Муовини ректор оид ба корҳои таълим Саъдӣ Қосимӣ аз номи раёсати донишгоҳ ҳамагонро ба муносибати Рӯзи пойтахт шодбош гуфта, хоҳони он шуд, ки сарзамини биҳиштосои мо-Тоҷикистон ва шаҳри дилорою шукуфои Душанбе ҷовидон макони сулҳу осоиштагӣ ва амнияту субот бошад.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад донишҷӯён дар васфи Ватан ва шаҳри Душанбе шеърҳо қироат намуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj