• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонун

Дар ҳама давру замон асоси пешрафти  ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд.

 

Натиҷаи таҳлили маъхазҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки омили аслии рушди сохтори сиёсию ҷамъиятии империяҳои бузургтарин дунёи қадим аз қабили Юнон, Бобул, Рим, Ҳахоманишиҳо, Кушониён, Сосониён ва ғайра эҷоди хирадмандонаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қонунномаҳо ва амали намудани ислоҳотҳои ҳуқуқии мақсаднок мебошад. Дар ин самт нақши афроди алоҳида аз қабили Хаммурапӣ (1792-1750 пм), Зардушт (асрҳои XVII-XVI пм), Куруши Кабир (солҳои ҳукмронӣ 550-530 пм), Конфутсий (551-479 пм), Суқрот (469-399 пм), Афлотун (427-347 пм), Канишкаи Кабир (солҳои ҳукмронӣ 78-123), Ардашери Бобакон (солҳои ҳукмронӣ 224-272), Исмоили Сомонӣ (солҳои ҳукмронӣ 892-907) ва ғайраҳо хело назаррас аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати таҳия ва амали сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Ин заруриятро хушбахтона  давлат ва ҳукумати навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 дарк намуда паи амали намудани он шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муаян намуд. Нуқтаи асоситарини тадбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият мебошад.

Алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро муаян намудан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа сириштан дарк шавад. Ин нуктаро Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 хело хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».

Ҳарчанд қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи марказӣ ё худ бунёдии рушди давлат бошад ҳам, дар баробари ин татбиқи бечунучарои қонунҳо дар ҷомеа аҳамияти калон дорад. Ин масъала ба сатҳи тафаккури ҳар фарди ҷомеа зич алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд. Аз ин ҷост, ки сарвари давлат ошкоро мегӯянд: «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад».  Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад. Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон (106-64 пм): «Агар хоҳи озод бошӣ пас ғуломи қонун бош». Ё худ дар ин маврид зарбулмасали халқҳои англис вуҷуд дорад, ки чунин мегӯянд: «барои он, ки пеши қозӣ нарави пушти сари қонун роҳ бирав».

Агар бар хилофи гуфтаҳои боло шавад осудагию амонӣ  дар зиндагӣ ва амнияти давлатдорӣ дар гумон аст. Афроде, ки новобаста аз фарқиятҳои ҷинсию нажодӣ ва иҷтимоӣ орӣ аз фаҳмишу шуури ҳуқуқист барои осудагии ҷомеа доим хатарноканд. Файласуфи Юнони қадим Арасту (384-322 пм) ба маврид мегӯяд, ки «инсоне, ки бо иҷтимоъ такомул пайдо карда бошад, аз ҳама ҷонварон беҳтар аст ва агар бидуни қонун ва адолат зиндагӣ кунад хатарноктарин ҷонвар аст». Аз ин лиҳоз донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳа набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст.  Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванде мебошад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он нишонаи маданият ва нерӯи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд. Чунки дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, зеро  ки ба мафҳумҳои ҳаққу ботил амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳҳои чапу нодуруст худро боз медорад. Аз ин дидгоҳ ҳар як нафар узви ҷомеа агар бихоҳад, ки дар зиндагӣ боэътибор бошад, бояд ки дар баробари санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: « Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиромнамояд.      
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем.

Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайри имкон мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда аз ҷумла қайд менамоянд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш тадбиқ намудани он ба миён омадааст ».

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Хулосаи муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкори маслаку мафкура, шаккокӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалин дараҷа пайдо мекунад. Дар баробари ин ҷалб гардидани кулли муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бунёдҳои хайрия ба ҳалли ин масъала шароити мусоид фароҳам меоранд. Аз санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар боаи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22-и августи соли 1997 хусусияти универсалӣ дорад. Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда рӯи кор омадааст, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон барои тақвият бахшидани ин чорабиниҳо соли 2002 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи милли таълим» ва соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия» тасдиқ ва қабул гардид, ки дар самти боло бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии мардум аз аҳамият холӣ нест.

Яке аз натиҷаҳои назарраси ислоҳотҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар он аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ якчанд идораҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шуда, инчунин дар доираи сохторҳои дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дигаргуниҳои хело зиёд бо шумули ташкили воҳидҳои нави корӣ ташкил карда шуд. Махсусан ба низоми судии Тоҷикистон бештар диққат дода шуд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон ва устувору пойбарҷо мондани адолати судӣ аз 23-и июни соли 2007 таҳти № 271 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » баромад, ки аз аҳамияти баланди ҳуқуқӣ бархурдор аст.

Дар фарҷом бояд хотирнишон намуд, ки барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа дар баробари чораҳои зикр гардида инчунин имрӯз муассиса ва идораҳои дахлдорро зарур аст, ки бевосита миёни мардум хело зиёд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз бӯҳрони маънавию ҳуқуқӣ раҳоӣ бахшем.       

Давлатшоҳ Маҳмудов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj