• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ ШОҲКИТОБҲОИ ӮСТ

Маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди  рушду камолоти инсонӣ, пешрафти ҷомеа ва стратегии давлат эълон шудааст, зеро пешрафти он манфиатбахши ҷомеа буда, соҳаҳои дигари ҳаётию мадании мамлакатро  вусъату самара мебахшад.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати омӯзгор эҳтироми зиёд дошта, эҳтирому эътиқоди худро дар яке аз суханрониҳояшон ба таври зерин баён намудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон-фарзандони худ медиҳад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад».

 

Танҳо бо фаъолият ва заҳматҳои муаллим таълиму тарбияи насли навраси созандаву ватандӯст ва тафаккури миллидошта амалӣ мешавад. Зеро омӯзгор фардест, ки масъулияти раҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ ба роҳи росту ҳадафмандонаро ба дӯш дорад ва бо ин хислатҳои некаш моро  ба роҳи ростиву адолат роҳнамоӣ ва ҷаҳони маънавиамонро рӯшан менамояд.

Омӯзгор тарғибгару тарбиятгари ахлоқи ҳамида, рафтори шоиста, некию некбинӣ, хоксорию фурӯтанӣ, покию покизагӣ, шарму ҳаё, дӯстию рафоқат, иззату эҳтиром, гиромидори арзишҳои миллӣ, худогоҳию ватандӯстӣ ва дӯстдори табиат мебошад. Омӯзгор фардест, ки ҳамеша ташаккул меёбад ва ташаккулёбиро дар ниҳоди шогирдон тарбия менамояд.

Бояд гуфт, ки беш аз ҳама омӯзгор барои ҷалби шогирдон ба китобу китобхонӣ имконияти бештаре дора д. Омӯзгор  ҳар соату ҳар рӯз бо китоб сару кор мегирад, китобҳои зиёде  мехонад  ва ба дилу шуури шахс чӣ навъ таъсир расондани китобро хуб медонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳад.

Донишомӯзӣ, ватандӯстӣ,  худогоҳӣ,  худшиносӣ ва дигар сифатҳои ахлоқию маънавӣ маҳз тавассути хондани китоб сурат мегирад. Бинобар он, омӯзгор бояд ҳама роҳу воситаҳоро истифода барад, то ки шогирдон ҳар чӣ бештар ба китоб рӯ оранд, бо шавқу завқ ба китобхонӣ пардозанд.  Тарғиби  аҳамияту моҳияти китоб, ва ба сӯи он ҳидоят намудани мардум амалест неку пурсавоб.  Дар робита бо ин Сардори давлат таъкид намудааст: «Сарчашмаи илму дониши дунё китоб аст,  Китоб бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири зиндагӣ роҳнамои шумо бошад. Ҳар фарде, ки илм талаб кунад, оқилу хирадманд, ҳалиму меҳрубон мешавад ва ақлаш равшану амалаш пешрав мегардад, дар вуҷудаш меҳру вафо ва некиву накӯкорӣ падид меояд, ки ҳамаи ин арзишҳои фарҳангиву ахлоқиро бо сабру таҳаммул метавон ба даст овард». Махсусан, Сарварии давлат аз ҷавонон даъват ба амал меорад, ки донишу маърифат омӯзанд ва дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд.

Китобҳое, ки ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд, хазинаи беинтиҳои худшиносии миллӣ ва ватану ватандорианд. Дар ин китобҳо таърих ба забон меояд ва моро тарбия мекунад. Дар ин радиф, мебояд имрӯз  сифати таълими  педагогикаи ниёгон ва фарҳанги  хонаводагии миллӣ,  махсусан дар донишгоҳҳои олии омӯзгорӣ баланд бардошта шавад.

Соли 2006, ки мо бузурдошти тамаддуни ориёиро чашн гирифтем, ду китоби Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ин асарҳо натиҷаи омӯзиш, таҳлил ва ҷамъбасти тадқи­қот­ҳоест, ки дар Ғарбу Шарқ доир ба таърихи тоҷикон дар гузаштаи дур анҷом додаанд. Президенти мамлакатамон бо ин ду асари худ собит намуданд, ки ҳамчун кафил дар ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии тоҷикон ва сокинони он устуворанд. Махусусан дар шароити имрӯзаи афзудани хатарҳои ҷаҳонгароӣ (глобалӣ) шудани ҷаҳон ҳифзи арзишҳои маънавӣ  басо муҳим ва зарур аст. Дар ин шароит халқи бедор ва ҳушёр ҳақ дорад, ки таърихи гузашта ва имрӯзаи худро омӯзад, донад.

Барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субботи пойдор  баланд бардоштани эҳсоси дарки  худшиносии миллӣ зарур аст, ки дар робита бо ин шоҳкитобҳо барномаи амалӣ намудани онҳо боз ҳам мукаммалтар тарҳрезӣ ва  роҳандозӣ гардад. Аз ҷумла:

1. Шиносоӣ бо асарҳои сарвари давлатамон дар муассиса­ҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ  бо истифода аз расмҳо,  саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, наворҳои видеоӣ ва дар шакли суҳбат сурат бигирад.

2. Инчунин, дар синфҳои болоӣ ташкили мубоҳисаҳо, викторинаҳо, мизи мудаввару олимпиадаҳои фаннӣ, навиштани  реферат, хабару мақола истифода карда шавад.

3. Дар донишгоҳ ва донишкадаҳо курсу семинарҳои махсус, корҳои курсию  санҷишӣ, мизҳои мудаввару конферен­сияҳои илмӣ, мубоҳисаҳои илмӣ, мутолиаи мустақилона ташкил карда шавад.

4. Махсусан  мазмуни барномаҳои таълимии семинар, курсу бозомӯзӣ ва худомӯзии мураббиёну муаллимон, омӯзгорону устодҳо, сар­ва­рони мактабҳо, донишкадаю донишгоҳҳо  аз мазмуну мундариҷаи ин  асарҳо ғанӣ гардонида шаванд.

5. Дар робита бо самтҳои алоҳида асарҳои сарвари давлатамон чун мавзӯъҳои илмию тадқиқотӣ ва рисолаҳои илмӣ  барои аспирантон, унвонҷӯён, магистр ва докторантон мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд.

Вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор аз он иборат аст, ки  тавассути ин шоҳасарҳо, ки шиносномаи миллат ва пайвандгари наслҳои имрӯзаву фардо мебошанд, насли навраси соҳибкасб, созандаву ватандӯст ва тафаккури миллидоштаро  тарбия ва ба камол расонанд.

Л.Иматова –мудири кафедраи педагогикаи умумӣ, д.и.п., профессор, ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj