• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ифротгароӣ аз нуқтаи назари дин ва қонун

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мефармоянд: «Ба қадри ду неъмат қабл аз заволаш бирасед: саломатӣ ва осудагӣ»

( фароғат) , оромии хотири инсон ва амнияти ҷомеаро дар назар доранд. Яъне , аз байн рафтани амният, заволи  давлат ва осудагии ҷамъият аст.

Бо вуҷуди он, бо арзи афсӯси зиёд дар шароити муосир бархе аз манотиқи заминро одамон, ки аслан соҳибони ин заминан ба мабдаи истибдоду истисмор табдил додаанд. Ҳамон одаме, ки Худованд онро дар сурати зебо офарид (сураи «Тин») ва кули ҷумла дигар махлуқотро ба хотири зиндагии шоистаи ӯ офарид.  Аммо тинати инсонҳо доим яксон набудаасст. Баъзан афроде миёни ҷомеаҳо ворид мешаванд, ки дар хӯю атвор аҳримнзодаеро мемонанд. Ҳамин аст, ки  ҷаҳони имрӯзаро  ваҳшати терроризму экстрамизм (ифродгароӣ) фаро гирифтааст. Дар даҳсолаҳои охир , ҳодисаҳои ифротгароӣ ва терроризм точанд доман паҳн карда истодааст ва ин омили манфии дунёи имрӯза махсусан ҷавононро ба доми гумроҳии худ кашида истодааст. Бояд қайд намуд, ки чунин гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз боварҳои динию эътиқодии мардум нақшаю барномаҳои аслан зидди инсонии худро миёни ҷомеаҳо ташвиқ мекунанд. Аз ин лиҳоз бархе аз нафарони аз дину мазҳаб ва дигар муқаддасот ноогоҳу камогоҳ фирефтаи чунин тарғиботи дурӯғин мешаванд.

Агар ин зуҳуротро аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо диҳем, кирдори бо қонун маъншуда ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар амале, ки  бо қонун манъ шудааст, зиддиҳуқуқист ва метавонад ба ҷомеа таҳдид  ба миён оварад, амнияти мардуми осоиштаро халалдор созад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва  ҷазодиҳии вайронкунандагони меъёрҳои қонуни маъншуда бар дӯши ҳомиёни қонун аст.

Аз ҷумла : КДАМ, ВКД, ПРОКУРАТУРА, Суд ва ғайра

Аслан ҳангоми ба масъалаи мазкур рӯ овардан , шахсро ҳамеша  суоле думболагир мешавад.

Чаро инсонҳое дар ҷомеа вомехӯранд, ки сулҳу оромӣ ва ҳаёти хушбахтонаро қадр накарда, ҳамеша рӯ ба амалҳои чапгароӣ меоранд? Ба ин суол посухҳо зиёданд , зеро сабабу омилҳои ин зуҳурот низ ягона нестанд. Пеш аз ҳама тавре, ки дар боло ишора намудем  манфиатҷӯёни худхоҳ  мафкура ва қувваи ҷисмонии одамони зудбовару хурофотӣ ва каммаълумотро истифода бурда , мехоҳанд тири ҳадафи нопоки худро ба нишон расонанд. Рӯ овардани  ҷавонони имрӯза ба гурӯҳҳои  ифротӣ  дар тамоми  рӯи дунё  сабабу омилҳои худро дорад.  Бархеи онҳо  аз сабаби касодии вазъи иқтисодӣ ва қисми дигар аз гумроҳӣ ба ин  дом меафтанд. Қисми дигар  аз сабаби хурофотӣ буданашон ба ин гирдоб ғарқ мешаванд. Барои таблиғотчиёни гуруҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама аз паси худ бурдани ҳамин нафарони хурофотӣ осон аст. Чунки инсонро мафкураи ӯ идора менамояд ва ҳар ҷое , ки мафкураи моро кассе  ба худ тобеъ менамояд, мо низ тобеи он мешавем.

Калимаи « Экстримзм» аз вожаи лотинии «еjtхmus» гирифта шуда , ба маънои « охирин »  яъне он чизе, ки аз чаҳорчӯба ё меъёри муайяншуда берун мебарояд, фаҳмида мешавад. Дар китоби нави «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба тариқи зер ин вожжа маънидод шудааст:

ЭКСТРЕМИЗМ лот.اکسترمیزم  пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан дар сиёсат), ифротталабӣ.

 

Дар қонунгузорӣ бошад, мафҳуми экстримзм чунин омадааст: «Изҳори фаъолитяи ифротии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он , ангезонидани нажодпарастӣ , миллатгароӣ , бадбинии ичтимоӣ  ва мазҳабӣ маънидод карда шудааст.

Аз мафҳуми дар боло овардашуда субъектони терроризм ва екстремизимро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил менамоянд . Субъектони номбурда бо мақсадҳои « аслии» танҳо ба худи  онҳо маълум, ҳатто дар зери пардаи Ислом ва бо бадном кардани ин дини пок амалҳои ваҳшиёнаи худро содир менамоянд, ки  ҳар як инсони комил бояд дарк намояд, ки  ифротгароӣ ва терроризм мазҳаб, дин ва миллат надорад. Он кассе, ки бадбахтии моро мехоҳад аз мо нест! На аз Исломи мо на  аз ҷомеаи башарии мо, на аз ҷаҳони мо.

Онҳо ашхосе мебошанд, ки амният безор ҳастанду осмони беғубори сайёраи моро  тираву тор дидан мехоҳанд. Ҳар як шахс ва гурӯҳе, ки амалу ҳаракаташ  ба ҷамъият хатар дорад, ҳатман бояд дар назди  қонун ва суд ҷавобгар бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари созмонҳои ҳомии сулҳ , ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ бо проблемаҳои мубориза, бо терроризм ва экстримизм борҳо рӯ ба рӯ шуда дар ин самт қонунгузории худро баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани мувофиқ гардонид.

8- декабри соли 2003 аз ҷониби МО ҶТ Қонуни ҶТ « Дар бораи мубориза бар зидди Экстримизи» қабул карда шуд. Дар баробар ин моҳи декабри соли 2005 Ҳукумати ҶТ барномаи ҷумҳуриявиро « Оид ба мубориза бар зидди терроризм» ва дигар зуҳуроти экстримистӣ ( Ифротгароӣ) барои солҳои 2006 – 2012 тасдиқ намуд.

Дар баробар ин  Кодекси ҷиноятии ҶТ кирдорҳои  муайяне , ки хусусияти экстримистию террористӣ доранд, бо таҳдиди тадбиқи ҷазо манъ кардааст.

 

Ҳамаи чораҳои пешгирие, ки дар мамлакати мо баҳри пойдории амнияти мо гузаронида мешавад моро аз хатари ҳар гуна каҷравию ифрат эмин медорад. Зеро осудагӣ  беҳтар аст аз даҳшати ҷанг.

Барои пешгирии омилҳои экстримистӣ дар ҷомеа чунин чораҳо андешидан мумкин аст:

Бо хонандагони мактабҳои  таҳсилоти умумӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шавад.

Ҳангоми истифода бурдани воситаҳои  интернет  аз ҷониби наврасон  назорати волидайн  қатъӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки аз сайтҳои муфид истифода баранд.

Аз ҷониби  маъмурияти шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни шаҳрвандон маҷлисҳо барпо намудан  ва тарбия намудани  чавонон дар рӯҳияи Худшиносии миллӣ ва сулҳофарӣ.

Манъ намудани  фурӯши фиттаҳои филмҳои хусусияти зӯроварӣ ва ғайриахлоқидошта.

Паст намудани сатҳи  бекорӣ  аз ҳисоби бунёди  иншоотҳои гуногун.

Маҳмудов Давлатшоҳ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj