• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ХУДШИНОСИИ   МИЛЛӢ

Агар даст ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ зананд, зеро ҳеҷ андеша ва ё ташаккули бевоситаи шахсият дар заминаи хушкухолӣ мукаммал  ба вуҷуд наомадааст ва нахоҳад омад. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки ояндаи миллату давлати худро дар бархурди фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ  ҳифз намоянд ва онро ба наслҳои оянда комилу солим нигоҳ доранд. Бинобар солим нигоҳ доштани имрӯзу ояндаи давлату миллат танҳо дар он ҳолат барои ҳар яки  мо муйяссар мешавад, ки   аз таъриху фарҳанг ва мероси ниёгонамон огоҳ бошем. Имрӯз, ки раванд ва низоми ҷомеа дар ҳоли таҳаввул ва тағирёбӣ  аст, андешаву нигоҳи ҷавонон низ мувофиқи ҳамин раванд дар шакли тахаюлӣ, вале бо мақсад нигаронида шуда истодааст. Имрӯз, ки аксари қишри ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд, нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа майл ба омӯзиш ва азхудкунии техникаву технология зиёдтар таваҷҷӯҳ ва мароқ зоҳир мекунанд. Вале  нисбати паҳлӯҳои мусбати он бештар ба тарафҳои манфӣ майл доранд, ки ин дар ташаккули камолоти зеҳниву ахлоқӣ ва аз ҳама муҳим дар ташаккули шахсияти онҳо таъсир ва ё зарбаи шадиде мезанад.

 

Яке аз сабабҳои асосие, ки  шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад маҳз ҳамин омилҳо, яъне камсаводиву тангназарӣ ва пайравии кӯркӯрона мебошад. Имрӯз ки тамоми шароиту имкониятҳо барои  ҷавонон аз ҷониби давлат муҳайё  шудааст,  мебояд ҷавононба қадри ин ғамхориҳои давлат бирасанд ва ба омӯзишу нигаҳдории мероси гузашта машғул шаванд то имрӯзро бунёд ва ояндаро дуруст муайян намоянд.

Таъриху маданият ва фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик дорои арзишҳо ва дастовардҳои моддиву маънавие мебошад, ки аксарияти халқу миллат аз ин неъмат бенасибанд.  Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ фитрати маърифат бунёди худ дар ҷаҳон ба дарёфти мақоми  муаззам ноил гардидаанд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад ки аз он огоҳ бошӣ. Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳарчи бештар ташаккул ёбанд.

Имрӯз ҳар якеи моро мебояд арзишҳову асолатҳои  миллиро аз ҳамагуна  манфиатҳои шахсӣ  дида бештар ҳифз намоем, зеро нигоҳ ва ҳифз накардани чунин муқаддасот ва унсурҳои фарҳанг боиси нобудӣ ва аз байнравии худи фарҳанг, ҳаёти осоишта ва ваҳдату сарҷамъии халқу миллат аст. Дар ташаккулёбии миллат ва унсурҳои фарҳанги миллӣ пеш аз ҳама ҳадафи асосӣ инкишофу пешрафт ва ба пояи  миллати ягона расидан аст, зеро ба мақоми миллат ва озодиву ваҳдат расидан, пеш аз ҳама дӯстдории Ватан-модар, миллат ва дигар унсур ва арзишҳои фарҳанги миллӣ хеле заруранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки нисбат ба сарҷамӣ-парокандагӣ, эҳёву бунёд-харобкунӣ, дустӣ-душманӣ осонтар аст ва расидан ба чунин мақомҳо корест басо мушкил, ки пур аз нишебу фароз ва зиддиятҳои дохиливу хориҷист.

Аз ин рӯ, ба ҷавонон, ки як нерӯи  асосӣ ва созандагони имрӯзу фардои  зарур аст, ки худшинос ва худогоҳ бошем, то фирефта ва дунболаи ҳаргуна шахсони тангназар, мутаассибу пойбанди хурофотҳои динӣ буда ва ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайридиниву хусусияти ифротгароидошта фирефта нашавем.  Таърихи ҳамагуна дину ойин ва таълимоти пешиниёни илму адаб ҳама талқингари ростиву адолат ва ҳифзу нигоҳдорандаи Ватан-модар, арзишҳои миллӣ ва инсониятанд. Бо боварии комил метавон гуфт,ки агар шахсе  ба осоригузаштагон ошноӣ дошта бошад, нафақат ғамхорӣ  Ватан-модари худмегардад,  балки ҳимоятгару нигоҳдорандаи  мағому манзалати аҳли башар хоҳад гардид. Аз зумраи чунин шахсон танҳо нафароне маҳсуб мешаванд, ки худшиносу худогоҳ ва аз таъриху фарҳанги гузаштаи худ огоҳ бошанд, зеро пояи асосии ҳар як дину ойин ва мазҳабро бештар ҳамин арзишҳо  ташкил медиҳанд, на чизи дигар.  Бинобар ин зарур аст насли наврасро аз давраи тифлият ва боғчагӣ дар ҳамин рӯҳия ба воя расонид, зеро ташаккули интихоби самти муайян маҳз аз ҳамин даврон сарчашма мегирад. Дар чунин ҳолат онҳо метавонанд ҳама касро  новобаста аз дину мазҳабаш танҳо волотарин арзиш, яъне «инсон» бидонанд ва эҳтиром намоянд.

Аз ин рӯ, ҳар шахсе, ки ба  худшиносӣ иқдом менамояд ва масъулияти инсонии худро дарк мекунад хоҳ нохоҳ рӯ ба шинохти арзишҳои миллӣ низ рӯ хоҳад овард, ки чунин амал муҷиби ибрати дигарон низ хоҳад шуд. Албатта шахсе, ки худшинос аз таъриху фарҳанги гузаштагонаш огоҳ нест, ҳеҷ вақт боимону миллатдӯст ва ҳимоятгари Ватан-модар низ нахоҳад шуд. Бинобар ин падару модарон ва омӯзгорон ва он шахсонеро, ки бевосита ба тарбияи насли наврас  ва ҷомеа машғуланд зарур аст,  масъулияти имониву виҷдонияшонро дуруст дарк намоянд ва  имрӯзу ояндаи фарзандон ва давлату миллатро ҳифз намоянд. Воқеан танҳо  падару модар ва муаллим  мебошанд, ки ин появу сутунҳои давлату миллатро чун меъмор дар ин раванд бунёд мекунанд. Чуноне ки Президенти кишавар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми худ доир ба ин масъала таъкид намуд, ки воқеан ҳам хеле дуруст ва мувофиқ аст, ки омӯзгорон дар раванди таълиму тарбия дар баробари падару модар  ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ доранд ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расидани насли шоистаи даврон масъуланд. Ин суханони Сарвари давлат бори дигар мо омӯзгоронро ҳушдор месозад, ки ин масъулиятро чун қарзи имониву виҷдонӣ анҷом расонем ва ба ин  насли ояндаи давлату миллат ҳамаҷониба  мароқи махсус зоҳир намоем ва ин суханҳои ӯро сармашқи кори худ қарор диҳем ва насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва дарки арзишҳои  милливу динӣ ба воя расонем.

Дар ҳақиқат яке аз омилҳои  асосие, ки сабаби хархашаву низоъҳо  ва нофаҳмӣ дар ҷомеаву оила  мегардад, ин пеш аз ҳама сатҳи пасти савияи ҷаҳонбиниву маърифатнокӣ, бесаводии аксарияти ҷавонон ва  саҳлангории худи оилаҳову макотиби миёна ва то андозае маҳрум мондан аз баъзе фанҳои таълимии доир ба  ахлоқу камолоти оиладорӣ ва ташаккули шахсияту маънавиёти онҳо мебошад. Зеро бунёд ва ташкили  оилаи солим низ аз як рукн ва ё сутуни асоси давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Яке аз омилҳои дигаре, ки имрӯзҳо тамоми ҷомеаро ба ташвиш овардааст, тайёр набудани ҷавонон дар бунёди оила мебошад, ки аз ҷониби Сарвари давлат ин масъала дар паём махсус зикр гардид. Асоси зиндагиро пеш аз ҳама муҳаббат ва эҳтироми зану шавҳар ва оиладорӣ ташкил медиҳанд,  ки аксарияти ҷавонон низ аз ин ҳикмати зиндагӣ то андозае  дуранд  ва ин ҳам метавонад дар ояндаи начандон кӯтоҳ оқибатҳои нохушро ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, дар баробари омӯзиш ва огоҳии ҷавонон аз ин паҳлӯҳои зиндагӣ, падару модар ва мақомотҳои дахлдорро зарур аст ба ҷавонон доир ба ин масъала маслиҳатҳои муфид бидиҳанд.

Абдуллоева Башорат.

Асистенти кафедраи фалсафа

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj