• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ду унсури муҳофизи амният: Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият

Соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин давра  ҳаёти мардуми тоҷик дар хатар буд. Мардум дар ҳолати парокандагӣ қарор доштанд. Шахсе лозим буд, ки мардумро ҷамъ орад ва сулҳу ваҳдатро таъмин намояд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз вакилони мардумӣ якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо сайъю талошҳои пайгирона миллати парешонро сарҷамъ намуданд. Ин суханҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!»

 

Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дилҳои сарди мардуми тоҷик гармӣ бахшид. Як қисми тоҷикон гуреза шуда, дар хоки Афѓонистон қарор доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи радио баромад намуда, ба ҳамватанон бо чунин суханон муроҷиат карданд: «Ҳамватанони азиз! Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як бурда ноне дорем, бо ҳам мехӯрем, пушту паноҳи шумо Ватан аст, шуморо хонаю дар, фарзанд ва хешу таборатон интизор аст».

Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ибтидо гузошт. Заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барабас нарафтанд. Дар чандин вохӯрие, ки бо роҳбарони мухолифин гузашт, сухан дар бораи сулҳ ва ягонагию Ваҳдати миллӣ мерафт. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва роҳбарони ҳарду ҷониб ва намояндаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Д.Меррем ба Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон имзо гузоштанд. Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навин кушода шуд.

Барои мо, мардуми сулҳҷӯ, таърихи гузашта гувоҳ аст, ки арзишҳои ватанпарастию миллӣ дар замони давлатдории Сомониён рушду такомул ёфта буд. Дар як давраи мудҳиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат барномаи мукаммали аз буҳрони иқтисодӣ баровардани Тоҷикистонро тарҳрезӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ изҳор намуда буданд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин суханон дар саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик бо хатти заррин сабт хоҳанд шуд. 18-июли соли 1997 дар шаҳри Душанбе ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфт. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар фазои озод зиндагонӣ доранд ва барои ободии диёри худ камари ҳиммат бастаанд.

М.С.Содиқзода

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj