• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ваҳдати миллӣ-сипар алайҳи ифротгароӣ

Имсол мардуми Тоҷикистон 20-солагии Ваҳдати миллии худро ҷашн мегиранд. 20 сол боз тоҷикон бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати ороста аз сулҳу субот, дар давлати ягонаи демократию ҳуқуқбунёд, дунявию соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз гардид ва 5 сол идома ёфт. Он мардуми кишварро ба ду сангари муқобил кашид, дӯстони деринаро бо ҳам душман кард ва ҳамсояҳоро ташнаи хуни ҳамдигар гардонд. Кӯдакон ҳар субҳи барвақт халтаҳо зери баѓал сӯи корхонаҳои истеҳсоли нон мешитофтанд, соатҳо интизорӣ мекашиданд. Аз аввалҳои соли 1992 то аввали соли 1994 дар пойтахти Тоҷикистон танҳо 3 корхонаи нонбарорӣ фаъолият мекард. Кормандони корхонаҳои нон шабу рӯз барои мардум нон омода мекарданд. Дар давраи ҷанги бародаркуш буҳрони нон то ҳадде расида буд, ки мардуми манотиқи кишвар ҷав, ҷуворимакка ва ҳатто, сабӯси гандум ва донаи растании ҷорӯбро орд карда, аз он нон тайёр карда мехӯрданд. Дар шаҳрҳо, хусусан, дар пойтахт мардум дар навбати нон ва дар ҳасрати бурдаи нон дар атрофи корхонаи нонпазӣ гоҳе ҷон медоданд. Дар назди корхонаҳо кормандони амният бо аслиҳа меистоданд, то тартибот риоя шавад.

Имрӯз мардуми тоҷик аз он шукрона мекунанд, ки чунин ҳолатҳои мудҳишро паси сар намуданд. Акнун мардуми тоҷик аз норасоии маводи ѓизоӣ, аз ҷумла, нон танқисӣ намекашад. Мо, мардуми тоҷик, сарҷамъона ва бо иттифоқ давлати навҷавони худро ба як давлати биҳиштосо табдил дода, бо роҳбарии Сарвари ѓамхорамон осудаву обод зиндагӣ намуда истодаем.

Маҳз азму иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд. Дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллатамон боис шуд, ки оташи низоъ дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд.

Саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои бо мо дӯсту ҳамсоя барои ба даст овардани ваҳдатамон назаррас аст. Дар Тоҷикистони ҷоноҷони мо рӯзи 27-уми июн ҳамасола ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мо, тоҷикон, бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо муҳофизат намоем.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Президент Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва бо дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мамлакатро бартараф менамоем ва зиндагии босаодати халқи азизамонро бештар таъмин мекунем.

Ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, пеш аз ҳама, парокандашавии миллати тоҷикро пешгирӣ намуданд. Ба шарофати Ваҳдат мардуми тоҷик тавонист, ки дар ҷодаҳои илму техника, фарҳангиву маънавиётпешсаф бошанд.

Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд низ баҳри шукуфоии мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош хоҳад варзид.

С. Ахиева,

Оиша Гулзода

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj