• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Бад магӯву бад маяндеш!

(Посухе ба Муҳаммад Султон)

Мардуми сарбаланди тоҷик пойбанди арзишҳои истиқлолиятхоҳӣ ва таҳкурсии давлатдории миллӣ ҳастанд, ки ин ҳақиқати мутлақ ва баҳсношуданист, вале ба ном таърихнигоре ё навқаламе бо инкори гузаштаи замонӣ ба ин марзу бум дасту панҷаи душманӣ нарм намудааст. Таърихро ҳамон тавре ки ҳаст намепазирад.

Муҳаммади Султон чунон риштаи суханро дар як маводи ғайрикасбӣ, зери унвони «КГБ, ҳоҷатхона ва «позитив»», ҷилва додааст, ки хонандаро ба сароби зеҳнӣ водор намуда, андешаи волои ватанпарастиро зери суол бурдааст. Ин мубаллиғи масири  тахрибкорӣ бо ақидаи нолозим ба сомонаҳои интернетӣ ворид шуда, мавзӯъҳои хонданиро махлут кардааст. Матлабаш маҳсули шиорпардозиҳои хоми ӯст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Муҳаммади Султон дар ҷомеа бо нимколаву нимтайёр мондани корҳояш ном баровардааст. Ҷанбаи дигари  изофанависиҳояш ин фаҳмидаву нафаҳмида сиёҳ кардани дастовардҳои гуногуни фаъолияти афроде мебошад, ки ба он фикру ҳарфҳои ногуфтаву носуфтаро илова менамояд.

 

Худи Муҳаммади Султон кӣ буд. Як шахси шубҳанок ва ноустуворе, ки ҳангоми кор дар мақомоти амният худро танҳо бо майзадагӣ худро муаррифӣ карда буд. Худро идора карда натавониста, ба занони ҳамкасбаш дастдарозӣ мекард. Аз ин рӯ байни занони идора лақабе ҳам касб карда буд, бо номи «Султонманяк». Ҳангоми котиби матбуотӣ буданаш вақти наворбардории махфигоҳи аслиҳа, ки аз ҷониби кормандони фаврӣ ошкор карда шуда буд як пистолетро дуздида, пинҳон мекунад. Вай соли 2004, баъди он ки бо ҷурми майзадагӣ ба нафақа гусел карда шуда буд, дар дохили тролейбуси рақами 2 пистолети дуздидаашро аз кисааш бароварда, мусофирони ин нақлиётро таҳдид мекунад. Аз ронанда талаб мекунад, ки маршрути роҳро тағир дода ӯро ба хонааш барад.  Аз ин қазия кормандони мақомоти корҳои дохилӣ огоҳӣ ёфта, ӯро боздошт мекунанд ва дар барномаи телевизионии «ВКД хабар медиҳад!» ба намоиш мегузоранд. Баъди ин шармандагӣ муддатҳо аз хонааш намебаромад.

Ҳодисаеро, ки вай тасвир намудааст, ин як латифаи маъмулии тамоми кормандони амниятии собиқ ИҶШС буд. Ӯ бошад, барои нишон додани «кордонӣ» ва «муваффақиятҳояш» ба ин латифа ҷанбаи воқеӣ доданӣ шудааст, ки ба истилоҳи мардум аз навиштааш  хара ханда мегирад. Хабарнигор ё котиби матбуотӣ ончунон подарҳаво мардумро гӯл заданӣ мешавад, ки гӯё ба гӯши мардум қиссаҳои  Миршаби  Бухоро мехонда ва тамоми раванди ҷомеа маҳз ба Муҳаммади Султон вобаста бошад. Чӣ матлаби сода ва авомфиребона. Ин аъмол пой ба наългар дароз кардани қурбоқаро мемонад. Ҳарчанд андар ситоиши худ қиссаҳо меофарад, ҷараёни ҷомеа ӯро мисли хасрӯбаҳои нодаркор ба соҳил афкандааст, дигар имкони шино нест, магар, ки пӯсидан дорад.

Р.Раҳимов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj