• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Тазоҳурот- натиҷаи сиёсати муғризонаи режими охундӣ

Тазоҳуроте, ки рӯзи 21-уми майи соли 2018 дар назди Сафорати ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, натиҷаи сиёсатҳои  чолишбарангези режими ҳукмрони ин кишвар мебошад. Мусалам аст, ки сиёсатҳои ҶИЭ дар қиболи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бисёр номуносиб ва дахолатпазирона ба манфиатҳои режими ин кишвар нигаронида шудааст. ҶИЭ ҷиҳати тавсеаи манфиату нуфузи хеш  аз гузинаҳое истифода мекунад, ки кишварҳои минтақаро сахт нигарон ва нороҳат сохтааст. Яке аз чунин гузинаҳо бо роҳи идеологияи динӣ -мазҳабӣ таъсир расонидан ба бошандагони кишварҳои ҳамҷавор махсусан кишварҳои  мусулмоннишини минтақа маҳсуб аст. Чунин сиёсат аз аслҳои идеологияи ин кишвар буда, роҳбарони он дурнамои интиқоли ин инқилобро барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пешбинӣ карда буданд. Ҳамин аст, ки бо мустақар шудани режими охундӣ дар ин кишвар ҳамасола барои расидан ба ин ҳадаф аз дороиҳои  аз пули фурӯши нафт ба даст омада милионҳо доллар сафарбар карда мешавад. Маблағҳои мазкур барои тавсеаи нуфузи режим дар кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ сарозер мешаванд. Натиҷаи ҳамин сиёсатро дар кишварҳое мисли Ироқ, Сурия, Яман, Фаластин ва дар Осиёи Маказӣ дар Тоҷикистону Афғонистон метавон мушоҳида намуд.

Тавсеъаталабӣ ва таъсиргузорӣ дар корҳои дохилии Тоҷикистонро режими охундӣ  ҳанӯз аз охирин мароҳили мавҷудияти Итиҳоди Шуравӣ оғоз намуда, дар марҳилаи расидан ба истиқлолият онро ба сатҳи ниҳоятан баланд ба роҳ монд. Далели ин гуфтаҳо созмон додани ташаккулаи террористӣ экестремистии наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон буд, ки тибқи тасдиқ роҳбарияти ин ташаккула ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри 20 созмон дода шуда буд. Муссаллам аст, ки ҳеҷ ташаккула бидуни сармоягузорӣ ва дастгирии идеологӣ арзи вуҷуд карда наметавонад ва хосса дар замони Шӯравӣ, ки моликият ҳама давлатӣ буд ва сармояҳои дасти мардум ҳама зери назорат қарор дошт. Дар бомдоди Истиқлолияти Тоҷикистон режими охундӣ ташаккулаи террористии ҲНИ-ро сарпарастиву сармоягузорӣ намуданд. Барои мусаллаҳ шудани он сармоягузорӣ намуда, тибқи тасдиқи шоҳидони бевоситаи ҳаводиси он замон гуруҳҳои муайянро барои омузишҳои ҳарбиву экестремистӣ ба пойгоҳҳои низомӣ ва кишвари хеш аз таҷрибаомӯзӣ гузаронида аст. Аз тарафи дигар роҳбарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Эрон панаҳ бурдаанд.

Мутаасифона новобаста аз интизориҳои мардуми Тоҷикистон, режими охундӣ солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ низ аз ҳадафҳои ғаразноки хеш даст набардошт. Барои интиқоли инқилоби исломӣ тавассути ташаккулаи терористии ҲНИ онҳо аз шеваҳои идеологӣ  кор гирифтанд ва ба таблиғи мазҳаби шиъа машғул буданд. Инчунин дар соли 2015 тавассути генерали гумоштаи хеш ба  кудатои низомӣ даст заданд ва бо ин роҳ дар корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намуданд.  Мутассифона то имрӯз ин шеваро идома дода истодаанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз натиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 моҳияти ин гуна инқилобҳоро бо аз даст додани ҷони 150 ҳазор бо хуну пусти хеш эҳсос намудаанд, дигар аз дахолати ин кишвар ба корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷон омадаанд. Мардум бо ин роҳ  аз режими охундӣ  талаб доранд, ки аз тавсеъаталабӣ ва дахолат дар корҳои Тоҷикистон даст бардорад.

Насимҷони Ориф,

коршиноси масоили сиёсӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj