• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Танзим - сарчашмаи зиндагии солим

Имрузҳо Тоҷикистон дар масири равандҳои мухталифи иҷтимоӣ – глобалӣ самт гирифта ҳаракат карда истодааст. Ҳама гуна равандҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти рӯзмараи инсоният бетаъсир намонда бо ягон нақши мусбат ва манфии худ ба зиндагии инсоният ворид мегарданд.Ҷомеи ҷаҳонӣ дар гирудори масъалаҳои иқтисодӣ ва маънавӣ қарор дорад. Баъзе аз кишварҳо аз раванди иқтисодӣ  хеле бархурдор буда, дар майлони иқтисодӣ лаҷоми молиявиро ба даст овардаанд,аммо баъзе аз кишварҳои рӯ  ба тараққӣ , бахусус кишварҳои «ҷаҳони сеюм» дар доираи инкишофи иқтисодӣ неруи  тарақкиёти худро оҳиста –оҳиста  аз даст додаанд.

Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ  давлати рӯ ба тараққӣ буда, бунёди  ҳаматарафаи ояндааш  дар дасти худаш қарор гирифтааст. Ҳаёти ҷомеаи худро дар асоси хирад,  маърифат ва захираҳои табииву нерӯҳои инсонӣ рӯз аз рӯз сохта истодааст.

Ин масъалаҳои муҳимро дар замони муосир дар пешрафти давлатамон сарвари давлати тоҷикон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Эмомали Раҳмон ба назар гирифта барои тартибу низом ва инкишофи иқтисодии он Сарқонуни давлати сохибистиқлолро таъсис додааст ,ки минбаъд аз рӯи ин дастури ҳаётӣ роҳӣ тараққиёт ва системаи идоракунию давлатдорӣбунёд шуда, маҷмӯи нормаҳои рафтори инсон   дар назар дошта мешаванд.

Дар давраи пасту баландшавии иқтисодӣ дар кишвари  Тоҷикистон моҳияти «Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти беандоза пайдо кардааст. Бахусус ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур моҳи августи соли 2017 боз ҳам тартиботи маросимдорӣ ва низоми гузаронидани анъанаҳоро бо мақсади сарфакорӣ дар ҳаёт мураттаб гардонд.Қонуни мазкур хусусияти миллӣ дошта ба ҳаёти рузмараи шаҳрвандони кишвари мо дахолат мекунад .

Дар урфият мегуянд :

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,

Ба дахлу харҷи худ кам-кам назар кун.

Қонуни ҷоришуда дар замон муосир танзимкунандаи ҳамаи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва ҳаётии мо гардидааст ва тавонист дар ҳаёти анъанавии мардуми кишвари мо, дар гузаронидани ҷашну маросимҳо тартибу низом,  масъулият, бедорӣ ва ҳадафи муназзами зиндагиро ворид кунад.Барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии кишвари мо қонун оид ба танзим хизмати босазо карда истодааст , чунки имрӯз ҳар фарди дорои тафаккури демократӣ моҳияти фалсафии қонуни танзимкунандаро дарк карда, ба ҷамъият, ба оила, ба обрӯю мавқеи иҷтимоии худ зарар намерасонад.

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ ва сарфакорӣ раҳнамои зиндагии дурусти мо  мебошад. Ҳар шаҳрванди бедордили кишвар бояд мақсаду моҳияти қонуни танзимро бо мақсади танзими сарфакорӣ дар оила, ҷамъият, давлати хеш самаранок истифода барад.

Фалсафи иҷтимоӣ нишон додааст, ки ҳама гуна кишварҳои пешрафта ва соҳибтамаддуни дунё  гарчанде, ки дар асоси низомнокии иқтисодӣ пеш рафта бошанд ҳам, вале сарфакорӣ низ дар ҳаёти онҳо дар ҷойи аввал меистад .Нигоҳ доштани таносуби байни хароҷот ва даромад албатта ба ғанишавии хазинаи оила, чамъият ва давлат мусоидат мекунад.

Фалсафаи амалӣ ин танзимро дар зиндагии инсон бо мафҳумҳои худнигаҳдорӣ ва худмаҳдудгардонӣ нишон додааст, яъне инсон бояд аз сарфиётҳои зиёди беҳуда худро нигоҳ дошта тавонад ва дар баробари ин ҷойи талаботҳои нолозимро дар ҳаёти хеш маҳдуд гардонад.

Аз нигоҳи ахлоқӣ Эпикур файласуфи бузурги Юнони антиқа чунин таъкид кардааст: инсон бояд байни талаботҳои табии –зарурӣ ва табии аммо нозарур интихоби дурустро ба роҳ монад.

Бо гузашти замон риоя ба ин қонун дар кишвари мо нишон дод,ки ҳама аз нигоҳи мантиқӣ қонунро дарк карда, аз «танзим –сарчашмаи зиндагии солим» бархурдор гаштаанд.

Аммо мо ҳоло ҳам аз баёни ахбороти воситаҳои омма шоҳиди он мешавем ,ки баъзе аз шаҳрвандони кишварамон  ҳанӯз ҳам ба риояи ин қонун мусоидат намекунанд, бо чорабиниҳои гуногуни шахсӣ қувваи юридикии қонуни мазкурро поймол карда чи хеле ки, мехоҳанд рафтор менамоянд.Аммо маъсулони идораҳои бахши танзими мамлакат ҳама вақт кӯшиш мекунанд фаҳмондадиҳиро бо чунин ашхос қавитар гардонда  аз исрофи беҳуда шаҳрвандони кишварро ҷилавгирӣ  мекунанд.

Умедворем ҳар фарди соҳибхирад бо риоя аз қонуни танзим танзими  дурустро ба ҳаёти хеш изофа карда, дар риояи сарфакорӣ дар оила пешрафт намуда,  дар мураттабии ҷомеа ва давлат саҳмгузор мемонад.

А.Мирзоева, ассистенти кафедраи фалсафа

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj